Расми нав – мушакпарронӣ

ё шабона оромии мардумро вайрон кардан магар бенизомӣ нест?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 8 июни соли 2007 ба имзо расида буд, баҳри ҳимояи манфиати мардум, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, гирифтани пеши роҳи сарфу харҷи беҳуда, ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Дар зарфи шаш соли амали қонун мўҳтавои расму оинҳо тағйир ёфт, тўю маросимҳо камхарҷу замонавӣ шуданд, вале магар дар ҳама маҳалҳо ба ин қонун риоя мекунанд? Афсўс, ки дар баъзе ҷойҳо расмҳои нав ихтироъ намуда, онро ба ҳукми анъана дароварда истодаанд.

Масалан, дар деҳаи Унҷии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Fафуров як расми нав шабона баъди анҷоми тўй мушак мепарронанд, бо тарақ-туруқ ва дигар садоҳои гўшхарош оромии мардуми деҳа ва гирду атрофро халалдор мекунанд. Нафароне аз тарс бемор шуданд, ки аксарияташон кўдакону калонсолонанд. Чанд нафар бистарӣ шуданд ва барои табобат маблағи калон сарф намуданд.

Вале касе пишаки онҳоро «пишт» намегўяд, ба қавле, туро газад маро чӣ ғам гуфта мегарданд. Гўё масъулини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, нозирони минтақаи ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Fафуров ва дигар фаъолон инро гўё намебинанду намешунаванд. Аз эшон пурсиданием, ки то кай соҳибони тўй мушак парронда одамонро метарсонанд, халали осоиши мардум мешаванд? Магар ин кирдори авбошона нест?!

Ш.МАҲМУДОВА, сокини деҳаи Унҷӣ, ноҳияи Б.Fафуров

Add comment


Security code
Refresh