Вой аз чунин мусалмонӣ

Ҳафтод соли даврони шўравӣ дар фазо ва муҳити яккаҳизбӣ пушти сар шуд. Пастиву баландиҳои ҷомеа ва шикасту рехти рўзгори мардум дар зарфиятҳои ҳизби коммунист ҷилва мекарданд. ҳама қишрҳои ҷомеа дар симои ин ҳизб пуштибон ва роҳбалади ҳаёти худро медиданд. Аҳолии понздаҳ ҷумҳурии бародар бо садоқату самимият ва сипосгузорӣ кору фаъолият доштанд.

Ҳизби муқтадири коммунистӣ моҳияти зиндагӣ, қадру қимати инсон ва дўст доштани Ватану арҷгузорӣ ба муқаддасотро ба мардум омўзонду талқин кард. Яъне, рисолати мавҷудияти худро то пошхўриаш иҷро намуд.

Ҷумҳуриҳои бародар чун чуҷаҳои нав парончак шуда, дар фазои барояшон чандон номувофиқ бол кушоданд. Мустақилият навбат ба навбат насибашон шуду ба проблемаву монеаҳои сангин рў ба рў шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҳассоси таърихӣ ба кашмакаши ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ гирифтор гардид. Пироҳани навдўхтаи Ватани азизи мо дар гирудорҳо ончунон пора-пора шуд, ки тарроҳон ба дарбеҳ карданаш умед надоштанд.

Дар ҳамин давраи ҳассос бо ҳукми тақдир рисолати таърихии миёншикани бунёди Тоҷикистон ба дўши фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд. Роҳбарону роҳбаладони ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси сиёсӣ хешро аз фазои парешонӣ ба камин заданду тибқи нақшаҳои хоҷагони хориҷӣ боз амалиётро оғоз карданд.

Он қадар қумандонҳову фармондеҳоне чун замбурўғони баъди борон пайдо шуданд, ки аскарони тобеъашон сару калоба гум карданд. Дар ин саҳнаи пурмоҷарои театри сиёсии раҳгум ҳизби наҳзати ислом, ки нақшаи генералиаш солҳои ҳафтодуми асри ХХ тарҳрезӣ гардида буд, ба ҷилва баромад. Коргардонҳои хориҷӣ сенарияҳои нав ба навро ба нимчамуллоҳое, ки саллаву ҷелакро ба мех овехтаву ба сар «панама» ва ба тан «комуфляж» пўшида буданд, пешниҳод мекарданд. Пайрави буқаламун гаштанду дигар мўҳраи тасбеҳ не, донаи тирро мешумориданд. Ба гардани ҷавонони роҳгумзада ҳамели тири Калашниковро меовехтанд ва ҳамроҳи онҳо бо баромадани ҳар тир аз мили камон номи Аллоҳро зикр мекарданд. Ва оқибат аз ин амали нораво аз зикр монданд. Дар ин талотумҳо хоки Тоҷикистони ҷавонро ба хун оғушта кардаву ба худоихурӣ пардохтанд. Банда ин ғазалро дар айёми сиёҳкориҳо рўи коғази сафед овардам:

Ё Раб гуноҳи тафриқа бори кӣ мекунӣ?
Шабҳои ғуссабор нисори кӣ мекунӣ?
Ин тифли ширхораро баъди сари падар,
Дар чанги ғам ниҳодаву зори кӣ мекунӣ?
Эй тоҷико, зи нони худоӣ гулў гирифт,
Тиру камон гирифта шикори кӣ мекунӣ?
Беномусони даҳр пушаймон намешаванд,
Ғавғо ба гўши зангўладори кӣ мекунӣ?
Фарҳоди кўҳкан раҳи гуру лаҳад гирифт,
Ширини раҳнадида нигори кӣ мекунӣ?
Эй дил, ҳамида бош, ки дунё ғанимат аст,
Худро даруни сина фигори кӣ мекунӣ?

Тоҷикро мекуштанду дар лаҳад намонда, ба худоихўрӣ мепардохтанд ва ба лабҳо хок молида, аз пайи амалиёт мешуданд. Ба таъбире:

… Тўдае дар лаҳзаи ҷон канданаш не,
Дар дами бигзоштан бар мадфанаш не,
Бар дари анбори донаш омаданд,
Нонхуракҳо бехабар дар рўзи нонаш омаданд.

Роҳбарони ҳизби наҳзати ислом аз ин шўру талотуми дарҳам барҳамӣ ва фоҷиаи Ватану миллат сабақ нагирифта, фаъолияти ҳизби ба Ислом нодаркорро то кунун идома медиҳанд. Ҳарчанд аз минбарҳо бо далелҳои қотеъ олимони дини Ислом исбот карданд, ки мавҷудияти ҲНИТ ҳеч зарурате надорад, аммо масъулинаш хешро нодидаву ношунида вонамуд мекунанд. «Такрор модари дониш» гуфта, таъкидан аз Қуръони Карим ёдовар мешавам: «Ал явма акмал тулакум динакум». Яъне, Худованд ба Рисолатпаноҳ мегўяд: «мо барои ту дини комил иноят кардем».

Дине, ки таҳриф намешавад ва ҳеч зарурате ба пайвастани ҳизбу ҳаракат надорад. Пас, ба таъбире роҳбаладони дини Ислом чӣ гуна ҷуръат мекунанд, ки дар муқобили фармудаи Худованд дар ҳавои ширк истодагарӣ кунанд? Ҳама шоҳиданд, ки ҳизби наҳзат аз оғози фаъолият то имрўз ҷуз тухми низоъ коридан, кореро анҷом надодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мумфаршкунӣ як тараф, сангеро аз роҳ беҷо накардаанду ноқиле ба нерўгоҳи хурди барқӣ пайваст нанамудаанд. Фақат дар масҷидҳои сохтаи ҳукумат ва соҳибкорон ба ҷои намозгузориву саҷдаи шукрро ба ҷо овардан, нақшаи тафриқаандозиро кашиданд. Рубоии домулло Умеди Роғунӣ ҳушдорест барояшон:

Дар ҳар қадаме барои мо сад дом аст,
Дар дом фитад ҳамон касе, к-ў хом аст.
Ҳизбе, ки миёни мо низоъ андозад,
Дар зери ниқоби наҳзати Ислом аст.

Дар як мулоқоти ҳизбӣ (дар ш. Роғун с.1997) дар шоҳидии ҳамаи тарафдорони Муҳиддин Кабирӣ Домулло Умед рў ба рўяш чунин изҳор карда буд:

«Бародари азиз! Шояд Шумо вазифаи беҳтарин дипломатро иҷро карда тавонед ё вазири намунавии ягон вазорати Тоҷикистон бошед. Аммо, тавре ки аён аст ҳеч ниёзе ба раисии ҲНИТ дар Шумо эҳсос намешавад. Ва дини мубини Исломро ба ягон ҳизбу ҳаракат тавъам накунед».

Аз ин суханони ошкоро 16 сол сипарӣ шуд, аммо ба мўҳтарам Кабирӣ асаре нагузошт. Эроди мазкурро аъзои ягон ҳизби сиёсӣ ё роҳбари ташкилоту идораи давлатӣ не, олими дини Ислом пешниҳод кард. Дар тақвияти ин эроди таърихӣ изҳороти асосноки Мулло Абдураҳим оид ба мавҷудияти ҲНИТ дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар мушаххас баррасӣ шуд. Аз ҳамон рўз, мардум огоҳӣ пайдо карданд, ки шомил ё аъзо будан ба ҳизби исломӣ кори хатост ва пайваста риштаи эътимоду эътиқоди худро аз калобаи ҲНИТ канданд. Изҳороти худдорӣ аз фаъолияташонро, ки аксараш бехабар номнавис шудаанд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ аз ҳама гўшаву канори мамлакат баён доштанд.

Ҷилваи бемаврид дар маҳзари сиёсати ваҳдатофар ба ҷуз бехирадӣ чизи дигаре нест. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари гиромиқадраш сиёҳро аз сафед ва бадро аз нек хуб дарк кардаанд. Дигар аз куфу суфи муллотарошону тангназарони наҳзатӣ наметарсанд. Зеро, ояти шукронаро аз болои ҷонамози садоқату самимият дар рў ба рўи меҳроби худшиносӣ мехонанду сар ба саҷда мегузоранд.

Восеъ нашавад дигар кас аз ҷилваи беш,
Ҳарчанд ба по кунад агар шўриши хеш.
То аз пайи ризқи худ набинӣ ташвиш,
Не салла мадад дораду не қабзаи риш.

Як мисоли дигар, чаро дар Тоҷикистон уламои машҳури дини Ислом Эшони Сорбонхўҷа, Домулло Ҳикматулло, Эшони Абдураҳмонҷон ва амсоли инҳо талоши бунёди ҳизбро дар Ислом накарданд ва дар сар андешаи ин мавзўъро надоштанд? Зеро, шахсиятҳои бузурги дини Ислом аз доираи фармудаи Худованди карим ва аз маҳзари оятҳои каломи шариф лаҳзае ғофил набуданд.

Мардуми мусалмони Тоҷикистон хуб медонанд, ки чӣ гуна намоз гузоранду кай ва дар кадом ҳолат ба даргоҳи Худованд рози дил кушоянд ва нигоҳашон изҳор мекунад, ки:

Сураи «Ал-ҳамд»-ро бе ҳизб медонем,
«Қул ҳуваллоҳу Аҳад» бе ҳизб мехонем,
Сар ба саҷда, Сўи қибла,
Дастҳо болои ҳам бе ҳизб мемонем.

Бе ҳамин ҳизбе, ки ҳизбуллоҳи оҳ аст,
Мо худирову Худоро мешиносем.
Бе қазоват мо қадаррову қазоро мешиносем,
Дарди моро ҳизби ҷоду нест дармон,
Бе даводав ҳам табиби сад даворо мешиносем.

Аз иттилои расонаҳои хабарии дохил ва хориҷи кишвар воқиф шудаем, ки аъзои ҲНИТ ва нимчамуллоҳои навбаромад ба чӣ амалҳои зишти гўшношунид даст задаанд, ки аз рўи таълимоти Ислом ҷуброннашавандаанд. Қатлу куштор, таҷовуз ба номус ва ғайбату бўҳтон зуҳуроти номатлубеанд, ки на Худо мебахшаду на банда.

Чунин қазияҳо дар ҳар мамлакате рух диҳад, дар домони нангу номуси миллат ва фарҳангу маънавиёташ доғи сиёҳеро боқӣ мегузорад, ки пок намудани он дар чанд даҳсола амри муҳол аст. Шукру сипоси беҳад, ки Худованд кариму раҳиму ҳалим аст:

Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.

Агар имрўз мавҷудияти масҷидҳоро дар қаламрави кишвар бо чандин ҳалқаи тасбеҳи муллоҳо шуморем ҳар донаи тасбеҳ ба зикр омада, калимаи шукрро ба гўши мо талқин мекунанд.

Ва агар ташаббусҳои Сарвари муаззами миллат- Эмомалӣ Раҳмонро дар боби фарҳанги исломӣ чӣ дар дохил ё чӣ дар хориҷи кишвар ёдовар шавем, назирашро пайдо намекунем.

Агар ҳамаи инро нодида бигиреду муртакиби гуноҳи хеш бошед, пас то қиёмат ин мисраҳои Нодирпур дар мисоли тавқе ба гарданатон овезон аст:

Пўзиши гуноҳҳоро ғайр аз ин наёрам гуфт:
Вой аз ин мусалмонӣ,
Вой аз ин мусалмонӣ!

Давлат САФАР

Add comment


Security code
Refresh