Об аз куҷо меояд?

Бепарвоии масъулини корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” нисбат ба бошандагони хонаҳои баландошёнаи маҳаллаи 32-юми шаҳри Хучанд то чанд муддат идома меёбад, намедонам? Сокинони маҳаллаи мо ҳангоми бо кори хона машғул гардидан, хосатан занон ҳангоми ҷомашўӣ, дар ҳаросанд, зеро ҳамеша дар андешаи “ана ҳозир обро махкам мекунанд, мана ҳозир об тамом мешавад” ва ба ин монанд шубҳаҳо, ки ба рўйдоди он ҳеч шакку шубҳае нест.

Аҷоибии кори масъулини КВДК “Хуҷандобуканал” дар он аст, ки онҳо кай хоҳанд обро интиқол медиҳанду нахоҳанд боз медоранд. Гоҳе субҳ, гоҳе рўз ва баъзан шом ё дертар ҷумаки обро мехушконанд. Ва чунин амали онҳо, мутаассифона, соли аввал нест.

Чанд сол муқаддам баҳонае доштанд, ки қубурҳо корношоям гардидааст, Шукр, ки се-чор сол пеш ин масъала ҳалли худро ёфт. Алҳол пурсиданием, ки акнун онҳо чиро баҳона мекунанд? Сокинони маҳаллаҳои 32 ва 33-юм аз танқисии об борҳо шикоят бурдаанд.

Дар бобати ҳалли муаммои мавҷуда намояндагони КВДК “Хуҷандобуканал” супориш гирифтанд, магар, ки як - ду моҳ ҷоришавии оби нўшокӣ бефосила шуд, аммо бо гузашти мўҳлати муайян аҳвол боз ҳамон “Аҳмади порина”. Албатта, муаммоҳои соҳаи хоҷагии коммуналӣ зиёданд ва онҳо батадриҷ ҳал шуда истодаанд. Аммо масъалаи оби ошомидании маҳаллаҳои 32 ва 33-юм муаммо боқӣ мемонад.

Бошандагони маҳаллаҳои номбурда ҷонибдоранд, агар интиқоли об чун дар даврони шўравӣ дар асоси ҷадвали муқаррарӣ, яъне соатҳои муайян бошад. Дар ин ҳолат мо, сокинон медонем, ки кадом вақт дар ҷумакҳо об ҷорӣ мегардад ва дар истифодаи босарфаи он тадбир меандешем.

Таҳмина АЛИЕВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh