Хоҳем, ки солим бошем

ё ки оё забҳи чорво дар вилояти Суғд мутамарказ аст?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.04.2013 гуфтаанд, ки «Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро минбаъд низ идома хоҳанд дод.

Дар баробари ин таъкид месозем, ки татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим вазифаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати нигаҳдории тандурустӣ мебошад».

Яке аз тадбирҳои ҳаётан муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мутамарказ гардонидани забҳи чорво дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар хоҳад буд ва, тибқи қарори як ҷаласаи Ҳукумат, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва ташкилотҳои зертобеи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гузашта аз ин раисони ин вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардида буданд, ки дар бобати амалӣ намудани ин қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешанд.

Нависандаи ин сатрҳо дар як мақолаи хеш бо номи «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, ё қайдҳо дар ҳошияи семинар-машварати ҷумҳуриявии кооператорон» навишта будам, ки дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ мувофиқи қарори Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2013, №2 ва қарорҳои дахлдори раисони ин шаҳру ноҳияҳо ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ чунин нуқтаҳои забҳи чорво таъсис дода шудаанд.

Ба хотири ошно шудан бо рафти кори ин нуқтаҳои забҳи чорво ба он ҷо рафтам ва бо масъулинаш ҳамсўҳбат шудам. Қобили қайд аст, ки истаравшаниҳо чунин як муассисаи заруриро, ки дар замони шўравӣ ба аҳолӣ хизмати шоистаро ба ҷо меовард, пойбарҷо нигоҳ дошта, тамоми механизму таҷҳизоташро низ маҳфуз доштаанд ва имрўз он ба дардашон дармон аст.

Гардиш ва забҳи чорвои хурду калон ва тайёр намудани маҳсулоти гўштӣ дар ин ҷо аз ташхисгоҳи байторӣ оғоз гардида, ба нуқтаи нигаҳдории чорво меравад. Нуқтаи дигар шустушўи чорво ва баъдина нуқтаи забҳ мебошад. Дар ҳамин нуқта ҳамчунин коркарди пўсти чорвои забҳшуда сурат гирифта, ҳар самт мизи алоҳидаи худро дорад. Масалан, барои ҷудо кардани дилу ҷигар, равған, гўшт, пўст ва ғайра таҷҳизоти махсус гузошта, ҳар яки онҳо навиштаҷоти алоҳида доранд. Дар нуқтаи дигар маҳсулоти чорвои пўсткандашуда ба таври автоматӣ ба нуқтаи ба қисмҳо ҷудо кардани гўшт меравад. Дар хонаи дигар яхдони калонеро гузоштаанд, ки иқтидори дар як шабонарўз нигаҳдории то 5 тонна маҳсулот мебошад.

Бино ба гуфти сарбайтори шаҳри Истаравшан Комилҷон Юнусов, баробари ба кор сар кардани ин нуқта даҳ нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, нуқта дорои се духтур (бо навбатдории шабонарўзӣ), чор қассоб, мудиру ду коргари техникӣ мебошад. Онҳо аллакай дар рўзҳои аввали ба кор сар кардан аз 17 то 20 адад чорворо ҳамарўза забҳ мекардаанд.

-Имрўз талаботи мардум ба маводи истеъмолӣ, хусусан гўшт, афзоиш ёфта, то ташкил шудани ин нуқта дар шаҳри Истаравшан забҳи чорво аз ҷониби қассобон ё ашхоси дар ин кор таҷриба надошта дар ҳавлиҳои истиқоматиашон сурат мегирифт. Пасмондаҳои чорвои забҳшуда якҷо бо хуну ифлосиҳояшон ба руди марказии шаҳр партофта мешуданд ва он боиси ифлосшавии об ва пайдоиши ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда мешуд,-гуфт Комилҷон Юнусов. Ҳол он ки сокинони деҳоти поёноби «Зар-ринруд», масалан деҳаҳои Яккатолу Ругунду Қалъачаи Араб ва шаҳраки Истаравшан аз ҳамин оби аз руд ҷоришаванда истифода мебаранд. Дар натиҷа, дар байни аҳолӣ афзоиш ёфтани бемориҳои шадиди гузарандаи брутселёз, ҳорӣ, сўхтанӣ мушоҳида мешуд. Ҳоло ин нишондиҳанда баъди мутамарказ гардидани забҳи чорво ба дараҷаҳо кам шудааст.

Нуқтаи забҳи чорвои шаҳри Истарвшан бар замми ҳамаи шароити номбаршуда боз ду адад ҳавзи нигоҳдории хун ва дигар пасмондаҳои чорворо дорост ва онҳо низ мақсаднок истифода мешаванд. Масалан, хуни чорво низ барои паррандаҳо хўрокаи хубу муфид ба ҳисоб мерафтааст ва фабрикаи паррандапарварии шаҳр аз он истифода менамояд.

-Ба хотири ташкил кардани ин нуқта мо пойфишориҳои зиёд кардем. Борҳо ба чандин идора, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мактубҳо навиштем. раиси шаҳри Истаравшан, мўҳтарам Иброҳим Абдуллоев ин бобат моро хуб дастгирӣ карданд ва дар натиҷа, бо ҳимояти роҳбарияти Иттифоқи ҷамъияти матлуботи шаҳр ин кор амалӣ гардид. Ҷамъияти матлуботи шаҳр барои таъмиру таҷдиди бинои кўҳнаи забҳхона зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кард,- афзуд Комилҷон Юнусов.

-Вазифаи ҷонии ҳар яки мо дар баробари солим нигоҳ доштани чорвою паррандаҳо, нигаҳдошти саломатии омма ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аст. Зеро шўъбаи мо номи дигари «Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот»-ро низ дорад,-мегўяд ў. - Ташкил гардидани нуқтаи забҳи чорво боиси аз байн рафтани як қатор бемориҳои гузаранда ва тоза шудани муҳити атрофи шаҳр шуд. Он ҳамчунин барои то як андоза дар ҳадди эътидол қарор гирифтани нархи гўшт дар бозорҳои шаҳр мусоидат кард. Вале моро як чиз ба ташвиш меорад. Дар шаҳри Истаравшан шояд дар як шабонарўз наздик 50 сар мол забҳ карда шавад, вале алҳол аз 10-15 адад афзоиш наёфта истодааст.

Сабабаш дар он аст, ки аксари муваззафони иҷроиши ин қарор барои таъмини иҷроиши он бетарафӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки иҷрои ин қарор на танҳо вазифаи ҷонии муассисаю ташкилотҳои муваззаф, балки ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳар шахсе ки саломатии худашу аҳли оилаву атрофиёнашро мехоҳад, бояд бошад,- гуфт Комилҷон Юнусов.

Дар ҳақиқат, тибқи қарори раиси шаҳри Истаравшан «Дар бораи ташкил намудани нуқтаи забҳи чорво» аз 30 майи соли 2013, №362 беморхонаи марказии шаҳр, раёсати назорати давлатии байторӣ, маркази назорати давлати санитарию эпидемологӣ, шўъбаи корҳои дохилӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, маркази ташхиси байторӣ, ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр вазифадор шудаанд, ки барои амалӣ шудани қарори мазкур чораҳои мушаххас андешида, нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳо, тартиби забҳи чорво ва фурўши он чорасозиҳои ҷавобгарии маъмуриро татбиқ намоянд.

Вале аз рўзи интишори қарор маълум мешавад, ки ба ҷузъ идораи байториву ҷамъияти матлуботи шаҳр барои дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қарорҳои раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо дигар ташкилоту муассисаҳои масъул чораи амалие наандешидаанд.

-Суст татбиқшавии масъалаи мазкур боз як тарафи дигар дорад,-ба сўҳбатамон ҳам-роҳ шуд сармутахассиси маркази ташхиси байтории шаҳр Ҳасан Ҳафизов. - Дар шаҳри Истаравшан ба ҷузъ як бозори марказии фурўши чорво боз се бозори ғайрирасмӣ дар деҳоти атроф мавҷуданд, ки иҷроиши ин қарорро таъмин наменамоянд. Сарварони ҷамоатҳои деҳот низ гўё ба даҳони худ об гирифтаанд. Гузашта аз ин, қассобони шаҳр баъд аз он ки мо забҳи чорворо дар ҳавлиҳои истиқоматиашон манъ кардем, ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои атроф рафта, аз он ҷо мол харида дар худи ҳамон ҷо забҳ карда меовардагӣ шудаанд. Яъне, чунин нуқтаҳои забҳи чорво дар дигар шаҳру ноҳияҳо ё ташкил карда нашудаанд, агар ташкил карда шуда бошанд ҳам, ба номаш вуҷуд доранду кор намекунанд. Ана, акнун қассобони шаҳри мо идао доранд, ки мо чунин нуқтаи забҳи чорворо ба хотири ҳимояи манфиатҳои шахсиамон ташкил кардаем,-бо алам ба гуфтаҳои худ меафзояд Ҳасан Ҳафизов.

- Қарорҳои давлату ҳукумат барои он қабул карда мешаванд, ки онҳо дар ҳама ҷо, яъне дар тамоми субъектҳои ҷумҳурӣ шароити якхелаи татбиқро дошта бошанд. Вале, мутаассифона, қарори мазкур чунин шароити татбиқро дар ҳама ҷо соҳиб нашудааст.

Барои он ки зарурати татбиқи қарори мазкур ба фаҳми ҳар як шаҳрванд рафта расад, ба ҷузъ чораю тадбирҳои маъмурӣ ташвиқу тарғиби он ҳам зарур мебошад,- гуфт дар охир Комилҷон Юнусов. Баҳсу талоши ин ду нафар маро низ ба андеша водор кард. Дар ҳақиқат, иҷрои ҳамагуна қарору тадбирҳои Ҳукумати кишвар барои ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат бояд ҳатмиву зарур бошад. Шояд сари ин масъала муваззафони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят низ андеша намоянд. Зеро чуноне ки гуфтем «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад!».

Ҳусейни НАЗРУЛЛО

Add comment


Security code
Refresh