Хатсайр фаъол аст, аммо…

Дар шумораи № 140 аз 21 ноябри соли равон дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти сарлавҳаи «Каб-каб кабўтар» ё рафтори беадолатонаи бархе аз ронандагон» мақола дарҷ гардида буд, ки дар он муаллиф дар бобати бемаданиятиву дағалмуомилагии бархе аз ронандагони нақлиёти мусофиркашон фикр рондааст. Ҳамаи гуфтаҳову эродҳои муаллифи мақола дар бобати маданияту хизматрасонии ронандагони нақлиёти мусофиркашон дурусту бамавқеъ аст.

Банда низ чун ҳамарўза ба ҷойи кор савори нақлиёти мусофиркаш, ки воситаи асосии бисёриҳо ба ҳисоб меравад, равуо дорам, мехоҳам, аз муаммоҳои дигари ин соҳа изҳори назар намоям. Ёд дорам: солҳои пеш аз деҳаи мо мардум ба шаҳр фақат бо автобусҳои «Палос-Панҷшанбе» меомаданд. Бо мурури замон ва пешрафти иқтисодиёт ҷойи автобусҳоро микроавтобусҳо гирифтанд ва он аз бисёр ҷиҳат ба мусофирон мақбул шуд. Масалан, дар як хатсайр 15-20 адад нақлиёт ҳаракат мекунад ва дар муддати кўтоҳ мусофиронро ба макони зарурӣ мерасонад.

Чанд сол аст, микроавтобусҳои хатсайри рақами 52 аз самти шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов ба воситаи микроноҳияҳои 31-32-юм баъзе донишгоҳҳоро убур карда, то маҳаллаҳои 12-8 равуо доранд. Бо сабабҳои номуайян ҳоло хизматрасонии хатсайри номбурда дар сатҳи паст қарор дорад. Бинед, мусофирони ин хатсайр чӣ андеша доранд:

-Дар шаҳраки Палос зиёда аз 5 ҳазор ва дар Ҷамоати деҳоти ба номи Д.Холматов 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Инчунин сокинони маҳаллаи 31 ва қисми маҳаллаи 32-юм ҳамарўза бо микроавтобусҳои ин хатсайр ба ҷойи кору таҳсилашон мерасанд.

Зеро дар самти мазкур ин ягона хатсайр аст. Ҳар саҳар аллакай аз истгоҳи охирон микроавтобусҳои № 52 пур аз мусофирон шуда, мардуми маҳаллаҳои дигар маҷбурем, барои то ҷойи даркорӣ рафтан ба 2-3 нақлиёти дигар нишинем,-гуфт Ҳабиба С., сокини деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти ба номи Д.Холматови ноҳияи Б.Fафуров. Сокини маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд, донишҷўи ДДБҲСТ М.Набиева изҳор дошт:

- Чанд сол аст, ки нақлиёти мусофиркаши ба самти биноҳои таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ мерафта муаммост, бар замми он шумори нақлиёти хатсайри рақами 52, ки аз шаҳраки Палос меояд, кам буда, биёяд ҳам, пур аст. Бо вуҷуди барвақт ба кўча баромадан то соати 8 ба мошин саворшавӣ қариб, ки муаммост. Бинобар ин мо, донишҷўён барои аз дарс дер намондан маҷбур ҳастем, ки бо нақлиёти тамғаи «Дамас» бо роҳкирои арзишаш баландтар ба донишгоҳ ҳозир шавем.

-Воқеан ҳам, бо вуҷуди он ки кишварамон обод шудаву тараққӣ мекунад, камбудиҳо дар баъзе соҳот, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиёти мусофиркаш кам нестанд. На ҳамаи ронандагони нақлиёти мусофиркаш масъулият ҳис мекунанд. Бархе аз ронандагон (манзур ҳамин хатсайр) кай хоҳанд, ба кор мебароянд ва даромади ҳамонрўзаашонро ёбанд, ба қавле «корбуро» мекунанд.

Асосан ҳангоми саҳариву бегоҳӣ (час-пик) ба кор мебароянд, баъди соати 17 аз нақлиётҳои ин хатсайр нишон намемонад. Дар фасли зимистон бошад, вазъият боз ҳам бадтар мешавад. Наход ронандаҳо манфиати хешро гуфта, мардуми бечораро сарсон кунанд? Инсоф куҷост? – гуфт корманди яке аз муассисаҳои давлатӣ Мавлони Самад.

Бо баъзеи ронандагони ин хатсайр дар сўҳбат шуда, дар бораи вазъияти бамиёномада пурсидем. Яке аз онҳо иброз дошт, ки «аз рўи нақша пагоҳирўз дар ҳар 6-8 дақиқа ва баъди соати 9 дар 16-20 дақиқа микроавтобус бояд ба ҳаракат дарояд ва чунин ҳам ҳаст». Аз гуфтаи ронандаҳо бармеояд, ки онҳо мунтазам кор мекунанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки барои чӣ мусофирон онҳоро на ҳама вақт дидаву аз хизматаш истифода мебаранд?

Пешниҳод дорем, ки хуб мешуд, агар нақлиёти мусофиркаши хатсайри № 100, ки миқдораш зиёд асту аз самти «Палос-беморхонаи вилоятӣ, маҳаллаҳои 34-31, 32-33 Панҷшанбе -Чкалов» равуо дорад, нақшаи хатсайрашро каме тағйир дода, аз кўчаи ба номи Раҳим Ҷалил (собиқ Мир) ба боло, яъне «Кохи матбуот» то гардиши давраи биноҳои ДДХ ва ДДБҲСТ рафта, сипас ба поён баргашта, ҳаракаташро идома диҳад ва ё ба кўчаи ба номи Раҳим Ҷалил ворид нагардида, маҳаллаҳои 28-27-умро убур намуда, биноҳои ДДХ, ДДБҲСТ ва назди «Кохи матбуот» ба поён равад.

Ҳадафи асосӣ аз ин пешниҳод танҳо роҳи ҳалли равуои мусофиронро дарёфтан асту бас...

М.ҲАЛИМЗОДА

Add comment


Security code
Refresh