Ранг бину ҳол пурс

Тўли даҳ соли охир дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ соҳаи маориф хеле рушд кард. Тавассути Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф, маблағгузории мудирияти сохтмони дастгоҳи иҷроияи Президент ва ёрии беподоши як зумра барномаҳои СММ қисмати аъзами биноҳои мактаб таъмиру такмил шуданд.

Дар деҳаҳои Оббурдан, Вайроғат, Арнохун, Рогиф, Самҷон, Худгифи Боло, Ланглиф, Эсизи Боло ва Деҳманора биноҳои нави замонавии ҷавобгў ба талаботи имрўзаи кори таълим ва тарбия сохта, ба истифода дода шуданд. Худмаблағгузорӣ ва кўмаки ройгони волидон низ дар беҳбуди мактабу маорифи ноҳия назаррас аст. Биноҳои мактаб дар деҳаҳои Истошон, Лангар, Муҷдиф, Худгифи Офтоб ва Деҳҳисор асосан бо қувваю хайрияи аҳолӣ, мусоидат ва ёрии МИҲД-и вилоят сохта шуданд. Ин пешрафт, бешак, дар баландшавии сатҳи сифати таълим ва тарбия таъсири босамар дорад.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона, мушкилоти соҳаи маорифи ин ноҳияи баландкўҳро ба пуррагӣ ҳалшуда шуморидан амри маҳол аст. Биноҳои солхўрда, садамавӣ ва мўҳтоҷи таъмиру бозсозӣ ҳанўз бисёранд. Масалан, дар деҳаи Худгифи Соя бинои таълимии МТМУ №7, ки солҳои 80-уми асри гузашта эъмор шудааст, дигар талаботи рўзро қонеъ карда наметавонад. Деворҳо бо мурури замон абгор шудаанд. Тараққу ғовҳо синфхонаҳоро аз боду сармои зимистон ҳифз карда наметавонанд. Хатари дар ҳолатҳои заминларзаи эҳтимолӣ ба осонӣ фурў рафтани бино вуҷуд дорад. Таълимгоҳи мазкур дар ибтидо барои 100 хонанда пешбинӣ шуда буд. Алҳол водор аст, ки талабаро дар синфхонаҳои худ биғунҷонад.

- Дуруст аст, ки 3-4 сол пеш аз ҳисоби Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф дар саҳни мактаб 3 синфхонаи иловагӣ пўшиданд, вале талаботи рўзафзуни таълимро ин такомул ҳам қонеъ карда наметавонад. Чунин вазъи ногувори МТМУ №15, воқеъ дар деҳаи Падаскро «гиребонгир» аст. «Боми бино то ҳаде тунуку бебардошт шудааст, - гилла кард мудири мактаб Муллоэҳсон Ҳасанов,- дар баъзе синфхонаҳо аз роғи тахтаҳои сақф шеовонӣ намуда меистад… Хайр бинои кўҳна-дия, 20 сол зиёд шуд, ки ба фарзандони мардум хизмат мекунад.

Дар ин фосилаи вақт шумораи талабагон 1,5 маротиба зиёд шудааст, мактаб аз зинаи асосӣ ба миёна табдил шуд… Талабот ба таълим ва тарбия бештару ҷиддитар мешавад. Синфхонаҳои мавҷуда дигар моро қонеъ карда наметавонанд. Бинои серғунҷоиши замонавӣ ва таҷҳизоти ба тақозои барномаҳои таълимии нав ҷавобгў лозим. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 симои худро тўли беш аз 25 соли мавҷудияташ хеле коҳонида, ба биноҳои «кўҳнапўш»-и назарногире табдил ёфтааст. Деҳаи Дашти Оббурдан дар шумори маҳалҳои сернуфузи ҷамоати деҳоти ба номи Иван –тоҷик дохил аст ва ин мактаб ҳам ниёз ба такомул дорад.

Хатари садама беш аз ҳама ба бинои МТУ №26, воқеъ дар деҳаи Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангар таҳдид мекунад. Андоваи деворҳо рехтааст. Бинои мазкур соли 2002-ум тавассути маблағҳои Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф, ба номаш, бозсозӣ шуда буд, - гуфтанд маъмурони мактаб ва шоҳидони воқеа. Сохтмончиён дар ивази 17 800 доллари харҷшуда бомро қисман таъмир карданд, похсадеворро андова ва фарши синфхонаҳоро тахтабандӣ намуда, ба дару тирезаҳо сарам - дилам ранг молиданду рафтанд. Фикр накарданд, ки андоваи регдор (соруҷу оҳакро барои худ посира мекарданд, магар ки мавҷудияташ дар лояшон ба назар намерасид) бақо надорад. Зарфи даҳ соли охир андоваҳои рехта бо азобе барқарор карда мешуданд. Имсол ҳеч илоҷашонро ёфта натавонистанд. Похсаи кўҳна лойро дар тани худ роҳ надод… Хулоса, бино мўҳтоҷи бозсозӣ аст.

- Мактаби деҳаи Деҳҳавзи ҳамин ҷамоат, МТУ № 18 солҳои 90-уми асри ХХ бо маблағгузории собиқ колхози ба номи Бобохон Ҳамдамов ва ҳашари аҳолӣ сохта шуда буд, - ёддошт медиҳанд ҳолдонҳо, - бомаш хору хаспўш, фарши синфхонаҳои пасту тангу торикаш то ҳанўз хоктўда боқӣ мондааст. Бино ба талаботи рўз ҷавоб дода наметавонад…

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ соҳаи маориф, ба қавле, ҳанўз ҳам аз орият набаромадааст. Чанде аз мактабҳои дигар, аз ҷумла МТМУ №№ 12, 25, 14 ва 13 ниёзманди синфхонаҳои иловагӣ мебошанд.

Диду водид аз муассисоти соҳаи маорифи ноҳия, мушоҳида ва сўҳбатҳо бо маъмурону омўзгорон як зумра камбудиҳои дигареро ҳам рўнамо карданд, ки бинобар бемасъулиятии мутасаддиён ва мудирони мактабҳо пайдо шудаанд. Биноҳои нав аз чӣ бошад, ки (ҷуз мактаби деҳаи Оббурдан) бо таҷҳизоти зарурӣ бояду шояд таъмин нестанд.

Дар мактабҳои Рогиф, Самҷон ва Лангар ҷуз мизу курсӣ ва тахтаи синф ҷиҳози дигаре ба назар нарасид. «Ҳайронем,- китф бар ҳам мекашанд, мудирони ин таълимгоҳҳо,- маблағгузорону созандагон дар оғози кор таъмини садфоизаи таҷҳизотро кафолат дода буданд, вале…» Бале, ҳамин ки, ба қавле, «маркабашон аз лой гузашт», ваъдаю воизро «ваколатдор» карда, ғайб мезананд. Баъди бо тантанаю миннатдорӣ, ҳангомаю ҷомапўшонӣ ба истифода додани бино норасоиҳоро ба гардани маъмурият бор карда, роҳи мактабро фаромўш мекунанд.

Дар бисёр мактабҳо аз корношоямии компутерҳо шикоят карданд. Пурсуҷў собит кард, ки таҷҳизоти мазкур аксари вақт ба мактабҳо дар ҳолати корхўрдагӣ ва вайронӣ ворид мешудааст. Масалан, дар мактаби Деҳманора аз 15 адад компутери барои бинои нав пешбинишуда ҳангоми санҷиши мутахассисон 3 адад корношоям,12 адади дигар кўҳна баромаданд. Ин биное, ки барои 250 хонанда пешбинӣ шудааст, аз 10 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Мувофиқи лоиҳа, бояд бо таҷҳизоти навтарин ва мукаммал таъмин карда шавад. Мутаассифона, алҳол ба маблағи 89 ҳазор сомонӣ асбобу анҷом оварда шудаасту халос.

Мутасаддиёни таъмини таҷҳизот барои ҳамин компутерҳои кўҳнаашон, ҳатто, мизи корӣ оварданро лозим надонистаанд. Аз ду маҷмўъ лаборатория, ки дар дархости фармоишгарон мавҷуд будааст, дарак нест. Идораи маорифи ноҳия аз ин саҳлангорӣ бохабар аст, вале то кунун (рўзе, ки мо дар мактаб будем) чора надид. Шикоят оид ба кўҳнаворидкуниро як тўда компутерҳои вайронаи аз мактабҳо барои таъмир ҷамъшуда ҳам тасдиқ мекунанд.

“Нақшаи компутеркунонии мактабҳоро кайҳо иҷро кардаем”, гуфтани сарвари идораи маорифи ноҳияро чӣ хел бояд фаҳмид? Ташвишовартар аз ҳама он аст, ки сохтмони мактабҳо манфиатҷуёна ба нақша ворид карда мешавад. Аксари маврид биноҳо дар маҳалле сохта мешаванд, ки бинобар камии аҳолӣ ва хонанда ба биноҳои серғунҷоиш ниёз надоранд. Масалан, дар деҳаҳои Арнохун ва Самҷон, ки шогирдонашон аз 38 нафар зиёд нест. Ин ишора маънои онро надорад, дар маҳалҳои мазкур сохтмон нашавад... Ғами мактабҳои серталаба ва садамавиро ҳам хўрдан лозим. Ё гирем, бинои барои 360 ҷои нишаст пешбинишударо, ки дар деҳаи Сангоби Эсиз сохтан истодаанд. Ин маҳал ду бинои замонавӣ дорад ва тўли 10-15 сол эҳтиёҷоти МТМУ №7-ро қонеъ карда метавонанд. Вале дар деҳаҳои Падаск, Валиғонд, Табушн ва Ҳадишаҳр талабаҳо дар синфхонаҳои тангу торик намеғунҷанд…

Варзиш яке аз ҷанбаҳои муҳими тарбия аст. Мутаассифона, аксари мактабҳо имконияти самаранок роҳандозӣ кардани онро надоранд. Саҳни биноҳо танг, таҷҳизоти варзишӣ «ноёб». Дар баъзе мактабҳо барои бачаҳо, ҳатто, ҷои дурусттар гардиш кардан нест. “Тўби оддии воллейболу футболро аҳён-аҳён мебинем”-, ҳасрат мекунанд шогирдони синфҳои болоии мактабҳои «камбағал». Аксари мудирон дар ин маврид аз идораи молияи ноҳия домангиранд. “Маблағҳои «прочий»-ро (пуле, ки дар дафтари хароҷот барои таъмини мактаб бо васоити корӣ ва хариди таҷҳизот пешбинӣ мешавад) намедиҳанд, мо ҷуз моҳонаи омўзгорон ба пули дигаре дастрасӣ надорем. Ҳол он ки тақозои низомномаи худмаблағгузорӣ дар харҷу дахл мухторем”-, мегўянд бечораҳо…

Мушоҳидаҳо ва бардошти мо аз вазъи мактабҳои ноҳия, ки фишурдаашро манзур намудем, пеш аз ҳама, ифодаи фориғболии беҳадди мутасаддиёни соҳаи маорифанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Сарвари кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кори таълим ва тарбияи насли наврас таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир кардан, паи рушди ин соҳа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурданро дар мавридаш гаштаю баргашта таъкид мекунанд. Магар ин иқдоми созанда ва ҳидояти дурбинона ба Кўҳистони Мастчоҳ дахл надоранд?

Абдуллои ФОЗИЛ

Add comment


Security code
Refresh