Танбалии мусофирон

ё Маърифати баланди мардум боиси камшавии садама хоҳад шуд
Аксар вақт мардум дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба ҷои кор, бозор ё дигар ҷойҳо аз назди мавзеи «Универмаг» гузар мекунанд. Чун ин ҷо яке аз марказҳои шаҳр аст, одамон хеле зиёданд. Баҳри бехатарии онҳо барои аз ин тарафи роҳ ба дигар тараф гузаштан гузаргоҳи зеризаминӣ сохтаанд. Аммо чун мушоҳида мекунем, на ҳама аз он истифода мебаранд.

Гўё собиқ хати рах-рах (зебра – ифодаи пиёдароҳа) кўр шуда бошад ҳам, вале ҷою рисолат ва қоидааш дар тафаккури одамон нақш бастааст. Нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ борҳо ин ҳолатро назорат ва гузаштани одамонро аз ҷои мамнўъ пешгирӣ менамоянд. Ба ин кор аъзои дружинаи ихтиёриро ҳам ҷалб намудаанд. Вале ҳамаи ин нозирон на ҳамеша сари роҳ ҳастанд. Бинобар ин, хилофи қоида убур кардани роҳи сермошин идома дорад. Барои бархе мардум гўё гузаргоҳи зеризаминӣ вуҷуд надорад. Ронандагон асабӣ мешаванд, вале ба ҷуз роҳ додан ба пиёдагардони бедарду бепарво илоҷи дигар надоранд. Агар дар канори кўчаҳо панҷара насб карда шавад ҳам, одамон илоҷи рахна кардани онро меёбанд.

Барои мисол гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Панҷшанбе»-ро овардан мумкин аст. Пас чӣ бояд кард, ки мардуми «ҳушёр» аз гузаргоҳи зеризаминӣ истифода баранд?

Бо вуҷуди бунёди монеаҳои канори роҳ ашхосе кам нестанд, ки ба таҳдиду хоҳишҳои нозирони роҳ ва сигналдиҳиҳои ронандагон эътибор надода, гузаргоҳи бехавфу хатарро сарфи назар карда, бо сад тақалу баҳона аз кўчаи сермошин гузаштанро авло медонанд. Шояд барои солхўрдагон бо зинаҳои нақб фуромадану дубора баромадан машаққатталаб ва малоловар бошад, лекин аҷоиб, ки аксарияти вайронкунандагони қоидаи убури кўча ҷавонону наврасон мебошанд.

Дар истгоҳи «Универмаг» боз як масъалаи дигари вобаста ба нақлиёт вуҷуд дорад: чанде пеш нақлиёти мусофиркашонии хатсайри самти маҳаллаҳои 8-12-умро, ки савори он будам, нозири БДА боздошта, аз ў ҳуҷҷатҳояшро гирифт. То ронанда аз назди нозир омадан микроавтобус 4-5 маротиба аз мусофирон пуру холӣ шуд.

Танҳо 2 нафаре, ки аз истгоҳи «Стадион» савор шуда будем, аз нақлиёт нафаромадему халос. Чун мушоҳида намудем, дар чанд дақиқа тахминан 6-7 нафар ронандагони нақлиётҳои мусофиркашон назди нозирони БДА, ки 2 нақлиёташон дар ду тараф қарор дошт, мерафтанд. Баъди 15-20 дақиқа ронанда аз назди корманди шўъбаи БДА омад. Сабаб он аст, ки ў монанди дигар ронандагон на дар истгоҳ, балки пеш аз он, яъне дар ҷои мамнўъ нақлиёташро нигоҳ доштааст.

Албатта, эроди нозирони БДА дуруст буд, вале кас ҳайрон мешавад, ки онҳо дар ин истгоҳи сермуаммо хеле кам пайдо мешаванд, дар натиҷа, алалхусус, дар фурсати қиём, яъне саҳару бегоҳ «Универмаг» аз ду ҷониби роҳи калон ба маҳшаргоҳ монанд мешавад ва табиист, ки аз сабаби сершумории маршруткаҳо истгоҳ ба сони резин ёзида, то ба ҷойҳои мамнўъ паҳн мешавад. Ба ин кор ронандагону мусофирон аз ноилоҷӣ водор мешаванд; дар сурати таъмини қоидаи қароргирӣ дар истгоҳ лозим меояд, ки танбаҳои дуқатораю сеқатора ба вуҷуд оварда шавад, ки ин хат аз паҳншавии истгоҳ хавфноктар аст. Ин назоратро танҳо як маротиба дидам. Аз фардо ҳолат боз чӣ гунае, ки буд, ҳамон хел боқӣ монд.

Айёми боришоти барфу борон вазъият дигаргун мешавад. Маҳз боришороти барфу борони ҳафтаҳои охир сабаб гашт, ки мардум худро зери паноҳи истгоҳ гиранду нақлиёт низ дар наздикии бинои истгоҳ қарор ёбад. Суоле ба миён меояд: барои ба танзим даровардани нақлиёту мусофирон ҳамарўза барфу борон бориданаш лозим аст магар?!

Бино ба гуфти ронандагон, агар онҳо нақлиёташонро дар ҷои таъиншуда нигоҳ доранд, мусофирон намеоянд. Зеро танбалӣ дар вуҷудашон маскан гирифтаву қадами барзиёде гузоштан барояшон малол меояд.

Ёдам меояд, замоне, ки дар ҳамаи хатсайрҳо автобусҳо мегаштанд, нақ-лиёт ҳатман дар истгоҳ бозистода, одам мегирифту мефаровард. Мардум низ ба он одат карда буданд.

Моро чӣ шуд, ки ба ҷои болотар бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, бахусус, истифодаи роҳу нақлиёт торафт ҷониби вайронкорӣ ва поймолсозии тартиботи ҳамидаи зиндагиамон моил мешавем?!

Абдуҳаким ОЧИЛОВ,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh