Таги даратонро рўбед!

Ба наздикӣ дар маҳаллахонае ҷамъомади бошандагонаш барпо гардид. Раиси кумитаи маҳалла баъди он ки дар бораи чанд муаммоҳо ҳарф зад, якбора овозашро андаке баланд карда, ба қавле сўхтаю пухта чунин гуфт:

-Дўстон, охир ин чӣ гап? Як масъаларо чанд бор хотиррасону ба забон овардан мумкуин? Айб нест магар. Дар ҳама ҷо мо худамонро таъриф намуда, шаҳрамон бостонӣ, фалон ҳазорсола гўён ба осмони ҳафтум мебарорем. Лекин баъзан аз кўчаҳои шаҳр гузашта, ангушти ҳайрат мегазем. Гумон мекунем, моҳҳо инҷониб дар баъзе ҳавлиҳо касе зиндагонӣ накарда бошад. Хусусан пагоҳиҳо. Назди дари баъзе ҳавлиҳо норўфтаю об нозада. Дар даруни новачаҳои обгузар хокрўбаю коғазпора, пўчоқи харбузаю тарбуз, пиёзу картошкаҳои пўсида барин чизҳоро партофтаанд. Охир, наход мумкин набошад, ки ҳамаи ин ифлосиҳоро ҷамъ карда, ба ягон сатил андохта, ба ҷои порўбарезӣ бурда, резем, то мошинҳо гирифта баранд?!

Ҳар яки шумо аз ман хубтар медонед, ки тамоми намуди касалиҳо аз ифлосӣ, чиркинӣ пайдо мешавад. Дониста монед, ҳар як ашхоси гузарамон ё ба меҳмонӣ ба хонаю ҳавлии ману шумо омада аз рўи тозагӣ ба чӣ гунагии зисту зиндагонӣ ва маданиятамон баҳо медиҳад. Аз ин ҷиҳат, ба фикри ман, таги дару кўчаҳои гузарамон бояд ҳамеша тозаю озода бошад. Шарт нест, ки дар ҳар иду айём аз ташкилоти болоӣ моро даъват карда, оид ба ин масъала супориш диҳад, ҳашар ташкил кунонад. Охир, тозагӣ ба роҳбарони шаҳру ноҳия не, ба ҳар яки мо даркор. Аз рўи фаҳмиши мо солҳои қаблӣ ин хел набуд.

Мардум зиндагии хоксорона дошт, вале ҳамаҷо тозаю озода, ба қавле шир резад, хўрда мешуд. Имрўз нонрезаю бурдаи он дар даруни хокрўба. Уболу савобро фаромўш кардаем. Ношукрӣ хуб нест, рафиқони азиз.

Дар ҷамъомад пиразане, ки дар қатори аввал менишаст, суханони раиси кумитаи маҳалларо бо сарҷунбонӣ тасдиқ намуд. Баъди он ки ҷамъомад поён ёфту мардум пароканда шуданд, ман ба модари нуронӣ наздик шуда, ба чанд саволам посух гирифтам.

-Модарҷон, медонам, ки хаста шудед, лекин агар малоли хотиратон набошад, аз шумо баъзе чизҳоро фаҳмида гирам.

-Майлаш, писарам. Донам чаро намегуфтаам.

-Раиси кумитаи маҳаллаатон масъалаи аҷоибро бардоштанд. Фикри шумо дар ин хусус чӣ?

-Масъалаи имрўза на танҳо муҳим, балки даркорию зарурӣ буд. Дар шароити ҳозира бисёр даркор. Раисамон беҳуда ин дафъа ин қадар сўхтаю пухта гап зада, дарди дилашро кафондагиш не. Мебахшеду писарам, одамон, албатта, ҳамаашон набошанд ҳам, баъзеашон худашонро ба карию нодонӣ зада, хаёлашон, ки давлат ба таги дари рўфтаашон пул диҳад. Сад маротиба дар ҷамъомад мегўянд, ҳеч не ки аз худашон дониста ҳамин корро иҷро намоянд. Ҳол он ки саг ҷояшро бо думаш рўфта мехобад.

Росташро гўям писарам, дар ин масъала айби мо ҳам ҳаст. Коре, ки аз калонсолон – модаронамон ёд гирифтем, ба фарзандону наберагон ёд намедиҳем. Онҳоро эрка карда мондем. Ҳол он ки ин ҳам вазифа, яъне ба масъулияти мо медарояд.

Раҳматӣ модарам аҷоиб хислат доштанд. Ҳар саҳар аз аҳли хонавода барвақттар хеста, баъди дасту рўй шустану болои ҷойнамоз афтида хестан сатилу ҷорўбро гирифта ба кўча баромада, таги дарро тоза рўфта, шип-шилта об мезаданд. Ин кор қариб ҳар саҳар такрор меёфт.

Мо, ки ҷавон будем, баъзан ҳайрон шуда аз модар асрори ин корро пурсон мешудем:

-Ин қадар, шумо, одами солхўрда, ҳар пагоҳӣ об зада таги дарро мерўбед? Кошкӣ ягон кас миннатдор шуда, раҳмат гўяд. Таги дари баъзеҳоро бинед. Ҳафтаҳо мегузараду ҷорўбу обро намебинад.

-Кори ту, духтарам, ба дигарон набошад. Ҳар кас худашро донистанаш даркор. Раҳматӣ падарам, яъне бобоят, ба мо насиҳат мекарданд, ки агар пагоҳӣ аз хоб хеста дари кўчаро бисмиллоҳ гуфта кушоӣ, ба ҳавлӣ файзу баракат ҳамроҳи фариштаҳо медарояд. Боз як хислати неки саҳархезӣ дар он ки хоҳ мард, хоҳ зан ба ашхоси аз таги дараш гузаштаистода салом гўяд, савоби онрўзаи салом баробари озод намудани як маҳбусе аз маҳбасхона будааст.

Ҳа, духтарам, хоби саҳарӣ сусту лакот, бефайзу бемадор мекунад. Саҳар, ки хестӣ, ба даргоҳи худаш ашк рехта, нола намуда, аз Худованд тинҷию осудагии мулку халқатро талаб.

Беҳуда бузурге:
Аё фарзанди ҷону ҷигари ман,
Ба гўши дил шунав, ин гуфтаи ман,
Саҳаргоҳон чу аз хобат бихезӣ
Ба ёди ў ту ашкатро бирезӣ… нагуфтааст.

Гапро кўтоҳ карда гўям, тозагӣ вазифаи ҳар яки мост, зеро тозагӣ файзу баракат меорад, касофатро аз ҷамъият дур месозад. Дуои падару модарон, насиҳати онҳо барои ободии ҳар яки мо нигоҳ доштани деҳу хонадон аз офатҳои заминию осмонист, - гуфт зани пурдида ва банда зарур донистам, ин панди гаронқадрро ба самъи хонандагон расонам.

Неъмати БОБОҶОН,
раиси бахши истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh