Ҷавонон чаро ба хизмат намераванд?

Ҳар сол фасли баҳор ва тирамоҳ, айёми даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ташвиши кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак дучанд мешавад. Аввалан, нақшаи сафарбариро бояд таъмин намуд. Дуюм, аксари ҷавонони синни даъватӣ ба хизмат рафтан намехоҳанд ва ҳар гуна сабабу баҳонаҳоро пеш меоранд. Ё қисме дар ин айём роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаву то гузаштани он роҳ мепоянд.

Сабаб чист, ки ҷавонон ба сафи артиш рафта хизмат кардан намехоҳанд. Ҳарчанд дар байни онҳо нафароне ҳастанд, ки бо амри дил ихтиёрӣ ариза навиштаву ба комиссариатҳои ҳарбӣ мераванд. Инро, пеш аз ҳама, бояд аз зинаи мактаби миёна ҷуст. Зеро нақши мактаб дар тайёр намудани муҳофизони ояндаи Ватан бағоят калон аст.

Чун ба солҳои пешин назар афканем (манзур замони шўравӣ), дар синфхонаи ҳарбӣ нав-батдор дар назди тумбочка (ҷевончаи хурди навбатдорӣ) истода, ба омўзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ гузориш (рапорт) медод. Дар ҳар мактаб майдончаи ҳарбӣ буду он ҷо барои сафороӣ, посбонӣ ҷойи муайян ҷудо мешуд. Ҷои махсуси тирандозӣ муҷаҳҳаз гардида, чораҳои бехатарӣ андешида мешуданд. Дар ихтиёри мактаб чанд адад автомати Калаш- ников (АКМ) ва милтиқи кўтоҳмил (ТОЗ-8) буд, ки хонандагон бе-восита бо онҳо шинос шуда, ба қисмҳо ҷудо мекарданд ва боз ҷо ба ҷо менамуданд. Бевосита дар машқгоҳҳо тир кушода, ҳунари тирандозии худро такмил медоданд.

Дар мактаб гўшаи махсусе мавҷуд буд, ки дар он ҷо расми сарбозони дар хизмат буда (собиқ шогирдони мактаб), ифтихорнома ва номаҳои миннатдории ба унвони волидон ирсолшудаи роҳбарияти қисмҳои низомӣ овезон мешуданд. Баъди хатми мактаб дар лагери ҳарбии 7-рўза аз курси махсус хонандагон мегузоштанд. Дар он ҷо, дар хаймаҳо зиндагӣ карда, бо се маҳал хўрок таъмин буданд ва метавон гуфт, ки як дараҷа бо ҳаёти сарбозӣ шинос мешуданд.

Баъди воқеаҳои маълум яроқҳоро аз мактабҳо ҷамъ карданд. Хонандагон имрўз онҳоро танҳо дар расм ё оинаи нилгун (барномаҳои «Артиш» ва «Сарбози Ватан») мебинанд. Хусусан рўзҳои 23 феврал ва 9 май дар мактабҳо хеле хотирмон ҷашн гирифта мешуд. Ҳафтаи ҳарбӣ – ватандўстӣ, баргузории мусобиқаҳои гуногун, вохўрӣ бо иштирокчиёни ҶБВ, афсарон ва сарбозони нав аз хизмат омада ба ҳукми анъана даромада буд. Хонандагони пешқадам бо тўҳфа ва ифтихорномаҳо қадр карда мешуданд.

Он чизҳое, ки дар боло ёдовар шудем, имрўз қариб ягонтояш ба ҷо оварда намешавад. Бозиҳои ҳарбӣ – варзишии «Уқобча» ва «Шафақ» низ кайҳо аз хотир фаромўш шудаанд. Ва мо зўр зада фикр карданӣ мешавем, ки чаро ҷавонон ба сафи артиш рафтан намехоҳанд? Дар баъзе мактабҳо таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба ўҳдаи ғайримутахассисон гузошта шудааст ё омўзгорони ин фан тез-тез иваз мешаванд.

Дар мактабҳо ҳамаи он чизе, ки аз замони Шўравӣ мерос монда буд, ба нестӣ ё ҳолати корношоямӣ расид. Айни ҳол барои омўзгори ин фан дастуру китобча, асбобу воситаҳои аёнӣ, нусхаҳои аслиҳаҳои ҷангӣ, қисмҳои алоҳидаи яроқҳои оташ-фишон, овезаю расмҳои марбут ба мавзўъҳои фанни ОДҲ намерасанд ё мавҷуд нестанд.

Хонандагон ҳангоми дарс бояд дар хусуси силоҳҳои ҷангӣ, навъ ва ҷузъу қисмҳои онҳо, тарзи истифодабарӣ ва техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои он маълумот пайдо кунанд. Барои омўзгори он фан бояд дастурҳо, овезаҳо, таблитса, расмҳо, қадамзанию сафронии сарбозон, ба тарафҳои чапу рост тоб хўрда салом додан чун обу ҳаво зарур аст, то ки машғулиятҳо шавқовар ва пурмазмун гузаранд.

Шиору овеза, суратҳои мошинҳои ҷангӣ (танк, БТР, БМП), навъҳои гуногуни яроқҳо, харитаҳои ҳарбӣ бояд ҳуҷраи фанни ОДҲ-ро зеб диҳанд. Ҳамчунин нусхаҳои машқии яроқу силоҳ, норинҷак (граната), мина, противогаз, респиратор, асбобҳои ченкунии радиатсионӣ, бояд барои хонандагон муҳайё ва дастрас бошад. Воситаҳои оддии техникию озмоишӣ (қутбнамо, харитаҳои топографӣ ва ҷойгиршавии аҳолӣ ва дигар намуди харитаҳо) барои шавқовар ва самарабахш гузаштани мавзўъҳо ёрии калон мерасонанд. Хонанда бояд дар бораи масштаб, координатҳо, азимут, яроқи қатли ом, воситаҳои муҳофизати шахсӣ, силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ, дезинфексия, монеаҳои муҳандисӣ, омилҳои зарбаи таркиши ядроӣ, асбобҳои кашфи радиоактивӣ ва кимиёвӣ ва монанд ба ин омилҳои муқаддаму асосӣ маълумоти кофӣ ва комил дошта бошад.

Чизи дигар ин кам будани миқдори соатҳои омўзишӣ аст. Дар ду соли таҳсил ҳамагӣ 70 соат (35 соат барои синфи Х ва 35 соат барои синфи ХI).

Ҳамчун барномаи таълимии ин фан бозигарӣ низ мехоҳад, то ба талаботи давру замон созгору ҳамоҳанг бошад. Дастуру оинномаҳои ҳарбӣ бояд бо забони соддаву фаҳмо ба миқдори зиёд чоп шудаву дастраси ҳама мактабҳо гарданд. Ба фикри мо, шўъбаҳои маориф, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, қисмҳои низомие, ки ба мактабҳои миёна наздиканд, Вазорати маорифу илм ва Вазорати мудофиа, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ташкилоти Мададгори Мудофиа ва дигар ташкилотҳои дахлдор бояд якҷоя тамоми шароитҳои заруриро дар мактабҳо муҳайё созанд, ба сифати дарсҳои ОДҲ бештар диққат диҳанд. Машғулиятҳоро бояд мутахассисони дар ҳақиқат касбӣ аз ҳисоби афсарони эҳтиётӣ ва хатмкардаҳои кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ гузаронанд.

Он гоҳ масъалаи ба хизмати Модар-Ватан ҷалб намудани ҷавонон як қадар роҳи ҳалли худро меёбад ва шояд дар ояндаи начандон дур фақат чун хотира монда, тамоман аз байн меравад.

Ҳасан АЛИМЗОДА,
сокини ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh