Мошини ёрии таъҷилӣ лозим

Ҷамоати деҳоти Урметан яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Айнӣ буда, дорои зиёда аз 17 ҳазор аҳолӣ мебошад. Ба туфайли ҳидоятҳои Cардори давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои хизматрасонӣ тағйироти куллӣ ворид шуда, симои шаҳру деҳоти вилоят боз ҳам ободу зебо шуда истодааст. Ноҳияи Айнӣ низ аз ҷумлаи онҳост.

 

Аммо, мутаассифона, камбудию норасоиҳо дар соҳаи хизматрасонии беморхонаи минтақавии рақами 2 зиёданд. Зимни сўҳбат сардухтури беморхонаи Ҷамоати деҳоти Урметан Вакил Халилов дар ин бора чунин ибрози ақида намуд:

-Аз соли 2005 инҷониб набудани мошини ёрии таъҷилӣ дар беморхона ба пизишкон ва аҳолӣ мушкилоти зиёд овард. Масофаи ҳудуди деҳоти ҷамоат то беморхонаи минтақавӣ аз 8 то 24 км, то беморхонаи маркази ноҳия 38 км ва то шаҳри Панҷакент 60 км аст. Вале табибон мувофиқи имконият ба аҳолӣ хизмат расонида, боварӣ доранд, ки раёсати нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд барои ҷудо намудани як адад мошини ёрии таъҷилӣ кўмаки худро дареғ намедорад.

Мусоҳиби дигари мо мудири маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Урметан Салоҳиддин Fафуров чунин иброз намуд:

- Аз сабаби набудани мошини ёрии таъҷилӣ имрўз кўмаки тиббӣ ба аҳолӣ сари вақт расонида намешавад. Ин мушкилоти пешомада рўзи 1-уми феврали соли равон дар шўрои тиббии ноҳия баррасӣ шуда бошад ҳам, натиҷае надод.

Оре, табибон ҳаққанд. Агар ҳар роҳбар ҳангоми адои вазифа мушкилоти пешомадаро сари вақт бартараф кунад, нуран алонур мешуд. Худатон қазоват кунед. Хизматрасонии тиббӣ дар марказҳои шаҳру вилоят ба талаботи тиббӣ ҷавобгў аст. Аммо дар деҳот аҳолӣ ба як мошини ёрии таъҷилӣ мўҳтоҷ аст. Аҷибтар он аст, ки ҳар сол мувофиқи нақша комиссияи Раёсати нигаҳдории тандурустӣ санҷишҳо гузаронад ҳам, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо аз рўи мақоли «Сари кафида зери тоқӣ» рафтор карда, аз паси панҷа менигаранд.

Ҳар сол Ҳукумати ҷумҳурӣ барои боз ҳам беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, шўъбаҳои шаҳру вилоят ва ноҳияҳо маблағ ҷудо мекунад. Ва он бояд барои ҳалли ҳамин гуна мушкилот равона карда шавад. Мо боварии комил дорем, ки барои беҳ гардидани вазъи саломатии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят як адад мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо хоҳад шуд, - мегўянд коллективи беморхонаи минтақавии рақами 2 ва аҳолии деҳоти Урметан.

Мирзо ҚУЛОВ,
рўзноманигор, сокини ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh