Оё хоҷагиҳо таҷдид мешаванд?

- Иқдоми Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодириро ҳамдиёрони мо хуб пазируфтанд, -гуфт сокини деҳаи Логифи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадмурод Муродов,-чашмдор будем, ки то оғози киштукор таҷдид анҷом меёбаду бо хотири ҷамъ аз паи кор мешавем. Мутаассифона, хаёламон хом баромад.

Як рўз, аввалҳои моҳи феврал буд, роҳбарияти ноҳия ва раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик ба деҳа омада, бо саҳмдорон машварат оростанд. Рости гап, ба таҷдид касе зиддият надошт, ҳама сад дар сад розӣ буданд. Фақат дар назди мутасаддиён масъала гузоштанд, ки аввал заминҳои Логифро дақиқ чен карда, саҳмияҳоро баробар кунанд, чунки на ҳама саҳмҳои воқеиро дар даст доранд.

Роҳбарон розӣ шуданд. Аз байн зиёда аз 2 моҳ гузашту аз оғози таҷдид дарак нест. Мо аллакай ба киштукори баҳорӣ шурўъ кардем, маълум нест, ки дар деҳаи Логиф хоҷагӣ таҷдид мешавад ё не? Ба фикри ман, худи роҳбарон ба ин усули хоҷагидорӣ чандон ҳавасманд нестанд. Хусусан раисони хоҷагиҳо, зеро бечораҳо аз вазифа мемонанд ва он савлату шаҳоматашон барҳам мехўрад.

-Баҳси замин ва саҳм дар ноҳия аз доғтарин масъалаҳои рўз аст,-арз кард сокини деҳаи Палдорак Гулмаҳмад Рўзиев, -рўзе нест, ки касе аз ҳамдиёрони ман бо суду прокурор ба кумитаи заминсозӣ доду даво набаранд. Дар вақташ роҳбарон ба тақсимоти саҳм аҳамияти ҷиддӣ надоданд, акнун ислоҳи он саҳлангориҳо осон нест. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мушкилоти кишоварзонро хуб дарк карданд, яъне таҷдид ногузир аст. Мумкин аст, ки ин ба баҳси замину саҳм хотима гузорад, аз ҳалли ин масъала ҷойи гурез нест. Афсўс, ки бо вуҷуди муқаррар будани анҷоми ин амал ҳанўз таҷдид ҷараёни фарогир надорад. То он ҷое огаҳем, дар ду-се хоҷагии камзамини Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик таҷдид анҷом ёфтаасту халос.

Ба деҳаи мо низ комиссияи ноҳиявӣ омада, бо аҳолӣ сўҳбат гузаронд. Аксарият хоҷагии инфиродӣ шуданро мехоҳанд, вале аз он вохўрӣ ҳам зиёда аз ду моҳ гузашту ҳеч не ки таҷдиди хоҷагиҳо оғоз шавад. Ба фикрам, ин кашолкорӣ бесабаб нест, метарсем, ки чун тақсимоти замини наздиҳавлигӣ бесамар намонад.

Дар деҳаи Палдорак ҳанўзам баъзеҳо аз ин имтиёзи додаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бархурдор нашудаанд. Мутасаддиёни таҷдид фориғболанд, охир пагоҳ-фардо, ки киштукорро сар кардем, ҳалли масъала мушкилтар мешавад.

- Дар деҳаҳои Обурдан, Дашт ва Тагоб таҷдид хуб гузашт. Ман ягон зиддият, нороҳатӣ ва баҳсу мунозираро мушоҳида накардам, -изҳори ақида кард коршиноси ҳуқуқ, омўзгори варзида Раҳмонбой Қозиев. - Бинобар ниҳоят кам будани замини корами саҳмӣ як зумра саҳмдорон бо хоҳиши худ аз ташкили хоҷагии инфиродӣ худдорӣ карданд, чунки бо ду-се сада замин хоҷагии инфиродӣ ташкил кардан манфиатовар нест, чунки хароҷотро пўшонида наметавонад. Ин буд, ки аз 714 нафар саҳмдор 189 хоҷагии инфиродӣ таъсис шуд. Моҳиятан гирем, усули инфиродии коркарди замин афзалтар буда, деҳқон мустақил шуд. Дигар касе ба ў фармонфармоӣ намекунад, ҳар гуна ўҳдадориҳои барзиёдро бар дўш намегирад, худаш андозашро сари вақт мепардозад, хуллас бе ташвишу тараддуди изофӣ мешавад.

Коркарди замин ҳам мушкилӣ надорад, чунки аксарияти онон соҳиби воситаҳои истеҳсолии худианд. Мардум розӣ аст, фақат нигаронӣ аз он доранд, ки то ҳол ба инфиродиён сертификат дода нашудааст ва ин кашолкории масъулин ба раванди таҷдид таъсири манфӣ расониданаш аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин ҳарчӣ зудтар дастрас намудани он ба манфиати кор мебуд. Дар дигар ҷойҳои хоҷагии мазкур таҷдид ҳоло ҳам нисбӣ аст, яъне бо замин ҳисоббаробаркунӣ шудаасту халос, амволи мавҷудаи хоҷагиҳоро баррасӣ накардаанд.

Ин ва чанд сўҳбатҳое, ки бо сокинони ноҳия доштем, моро водор кард, ки пайи дарёфти сабабҳои таҷдид ба комиссияи таҷдиди ноҳиявӣ муроҷиат намоем. -Мо ҳама ҳавасманди ҳарчӣ зудтар ба анҷом додани таҷдид ҳастем, - гуфт вазъиятро шарҳ дода, муовини раиси ноҳия Маҳмадҷобир Ризоев,- дар ин раванд фақат як монеа ҳаст, ин ҳам бошад, набудани мутахассиси кадастри замин дар ноҳия. Бояд аз вилоят мутахассис ояд, вале аз чӣ бошад, ки то имрўз наомадааст. Ба комиссияи таҷдид 1383 ариза ворид шудааст, баробари ворид шудани мутахассисон таҷдид идома хоҳад ёфт.

Абдуллои ФОЗИЛ

Add comment


Security code
Refresh