Куҷо шуд инсофу адолат?!

Рўзе дарди сахти дандон маро азият дод. Ба назди духтури дандон рафтам. Духтур дандонҳоямро аз назар гузаронда гуфт, ки бояд муолиҷа кунам. Розӣ шудам. Сипас духтур дандони дардмандамро бо асбобҳояш тоза карду «мишак» гузошт. Аз ҷой бархоста, ҳаққи хизматашро пурсидам.

 - 45 сомонӣ, - бе истиҳола ҷавоб дод ў.

 Ба ҳайрат омадам, ки наход як мишакгузорӣ ин қадар арзиш дошта бошад? Агар дар аввали муолиҷа ин қадар маблағ талаб кунад, пас барои «замаска» кардани он чӣ қадар талаб мекарда бошад? Ба дарди дандон нигоҳ накарда, сабаби арзиши баланд доштанашро пурсидам.

-Ҳамин хел муқаррар шудааст, - дар ҷавоб гуфт ў.
Чизе нагуфта баромада рафтам.

Пас аз се рўз боз омадам, то муолиҷаро ба охир расонам. Табиб мишакро гирифта, ба дандони шикофшуда замаска гузошт. Ин даъфа нархи хизмату замаскагузориаш 80 сомонӣ шуд. Ба тааҷҷуб омадам. Наход як амалиёт ҳамин қадар нархгузорӣ шуда бошад? Рост, 80 сомониро бо розигӣ додам, зеро «ба дардам дармон бахшид»,-гўён худро тасаллӣ медодам. Вале…

Тамоми шаб дарди дандон маро ором нагузошт. Ниҳоят ба дардаш тоқат карда натавониста, нисфи шаб ба духтури дандон рафтам.

Духтури навбатдор дандони ба ном ловидашударо аз назар гузарониду ду сўзандору кард. Ҳаққи хизматонаи нав-батӣ 20 сомонӣ шуд. Оҳи чуқуре кашида, пулро бароварда додам.

Ростӣ, барои як дандони беморам ҳамин қадар маблағ сарф карданамро намедонистам. Ба ҳайрат мемонам, ки кӣ ин қадар нархҳои ба ном «болохонадор»-ро муайян мекунад? Бало ба паси пул, бар замми ин муносибати бархе аз табибон хеле сард аст, гўё ба хонаи онҳо рафта, маскан гирифта бошем.

Дар назди утоқи духтури дандон нафарони зиёде дар интизори нав-бат меистанд. Ба ҳолу аҳволи ҳар яке нигариста, ба фикр меравам, ки агар аз ҳар яки инҳо 150 сомонӣ маблағ талаб кунанд, пас дар як рўз аз 10 нафар 1500 сомонӣ ҷамъ мешавад. Ҳол он ки дар як рўз беш аз 60-70 нафар дари дандонпизишконро охурча мекунанд. Ҳамаи ин маблағҳо ба куҷо мерафта бошад? Ҷои раҳму шафқатро магар маблағ гирифта бошад? Зеро ҳодисаи дидаам маро ба ҳайрат овард. Марди куҳансол аз афташ маълум буд, ки нафақахўр аст, бо дарди дандон рафта буд. Шояд маблағаш нокифоя буд, ки духтуру ҳамшира ба ў бо суханони дағалу овози баланд ҳарф мезаданд. Вале мўйсафед ба ҳамаи бемурувватиҳо нигоҳ накарда, «Раҳмат духтурҷон, узр»-гўён баромада рафт.

Рост аст, ки имрўз саломатии мо дар дасти табибони кордону соҳибмаълумот аст. Вале ҳар як табиб бояд аз хотир фаромўш насозад, ки замони ба фаъолият омадан савганди Гиппократро ба хубӣ ёд кардааст. Вазифа ва касби интихобкардаашон ҳамин гуна аст ва ҳар нафаре, ки ба чунин касб машғул мешавад, бояд аз рўи виҷдон ва софдилона корашро иҷро намояд.

Ба Раёсати тандурустии вилоят муроҷиат карда гуфтаниам, ки нархҳои маркази стоматологии вилоятро аз нав дида баромада, нархҳои барои мардум дастрасро гузоранд.

М.ҲАЛИМЗОДА

Add comment


Security code
Refresh