Суруд бояд ифодагари рўҳи айём бошад...

Бо ташаббуси Раиси вилоят Шўрои бадеӣ таъсис дода шуд, аммо фаъолияти он чаро назаррас нест?
Дирўз, ҳини вохўрӣ бо намояндагони аҳли фарҳанги вилоят Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулон, аз ҷумла Шўрои бадеӣ дастуру ҳидоят доданд, то ба суруду оҳангҳои тозаэҷод, мазмуну мундариҷаи онҳо назорати доимиро ба роҳ монанд…

 Санъати волоро писандему парастем!

Оре, ҳоло мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илм нисбат ба тамоми давраҳои мавҷудияти аҳли башар пеш рафта, одамон аз тамоми дастовардҳои инсоният бархурдоранд. Мо, имрўзиён, аз маънавиёт хеле бою сарватмандем. Ба он маъное, ки кулли дастовардҳои то имрўзаи башарият дастраси мост ва аз он баҳраварем: - Намунаҳои олии шеър, ки дили ҷаҳониёнро тасхир кардааст, аз ҷумлаи ашъори Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аттор, Румӣ, Камол, ҳамчунин ашъори Гёте, Пушкин, Есенин, намунаҳои олии санъати меъморӣ, аз ҷумлаи асарҳои Микеланҷело, Рафаэлло, Леонардо да Винчи, асарҳои нодири санъати меъмории Ҳиндустон, санъати мусаввирӣ, аз ҷумлаи асарҳои Монӣ, Беҳзод, санъати мусиқа аз ҷумлаи асарҳои Бетховен, Бах, Чайковский, Мотсарт ва дигарон.

Ба назар чунин менамояд, инсонҳое, ки аз чунин фарҳангу тамаддуни оламгир огоҳанд, имрўз бояд асарҳои беҳтару баландтар офаранд. Ҳам дар ҷодаи санъат, ҳам дар адабиёт, умуман дар тамоми соҳаҳо. Зеро давоми бештар аз ду ҳазор сол шахсиятҳои бузурги олам фарҳанг, санъат, адабиёт, мусиқаро ба дараҷаи олӣ бардоштанд ва ба мо, имрўзиён пешкаш карданд. Ҳамаи ин мўъҷизот бо дастони ҳазрати Инсон, бо тафаккури Инсон офарида шуд. Бо огоҳиву бархурдорӣ аз ин дастовардҳо мо, инсонҳоро лозим аст, ки санъати волотаринро писандему парастем, шеъри баланду нобро интихоб ва иншо кунем.

Санъати баланду воло - яъне суруди хуб, оҳанги ҷаззоб ва сарояндаи соҳибистеъдод қодир аст, ба инсон рўҳу тавони тоза бахшад, инсонро ба олами дигари пур аз мўъҷизот ворид созад, инсонро маънаван комилтар гардонад ва ба тозакорию бунёдкориву созандагӣ ҳидоятгар бошад.

Насли имрўзаи калонсол таҳти таъсири шеъри воло, суруду таронаҳои баландмазмун умр ба сар бурдаанд. Ин нуктаро дар шаби эҷодии худ ҳунарпешаи маъруф Ҷўрабек Набиев низ таъкид карданд, ки - «Ҳамин маънипарастии шунавандагон санъаткоронро ба ҷустуҷўи шеърҳои баланд ҳидоят мекард». Ин ҷо сухан аз мероси оливу арзишманди халқи тоҷик «Шашмақом» намеравад. Мақоми он дар ҷодаи санъати мусиқии ҷаҳонӣ алоҳида асту воло…

На гўшнавоз, на дилангез…

Имрўз баъзан аз забони ҳунарпешагон суруду таронаҳое садо медиҳанд, ки на танҳо гўшнавозу дилангез нестанд, балки орӣ аз мазмун низ ҳастанд.

Нигаред ба ин сатрҳои суруд:
«Гули марҷон, фидои гардани ту,
Диламро бурдану овардани ту,
Ту ки ҷононаи зебоӣ,
Дили ошиқата наранҷон
Гули марҷон, гули марҷон,
Дили булбула маранҷон…»

Оё ин сатрҳо ягон маънӣ ва ё мантиқ доранд?
Магар ин сурудро гўш кардан мумкин аст, дар ҳоле ки сурудҳои ҷўре ба мисоли

«Чаро берангубўӣ, эй дил, эй дил?
Киро дар ҷустуҷўӣ, эй дил, эй дил?
Ба бозори муҳаббат пеши ҷонон,
Аҷаб беобрўӣ, эй дил, эй дил..
Бас аст акнун, ибо кун, эй дил, эй дил,
Дигар тарки хато кун, эй дил,эй дил
Бирав, аз ишқи дилбар даст бардор,
Ва ё тарки хато кун, эй дил, эй дил…» -
ро бо садои рўҳнавози Нуқра Раҳматова шунида бошӣ?…

Ин ҷо на танҳо садои сароянда хуб аст, балки мазмуни матн низ ба шунаванда, ба қавле, дарси ҳаёт дода метавонад. Ин ҷо духтаре қалби худро сарзаниш ва аз роҳи хато боздошта истодааст, то ки бурдбор бошад.

Матн, мазмун ғалат...
Боз сарояндае мехонад:
«Моҳина, Моҳина, ту куҷо будӣ,
Аз назди мо рафтию бо киҳо будӣ?»…

Ба ҳамин монанд сарояндае маъшуқаашро ба он талқин менамояд, ки «дар ин умри ғанимату нотакрор ҳар он чӣ дилаш хоҳад, иҷро намояд, охир ҳаёт ба инсон як маротиба дода мешавад. Ў бошад, тамоми гуноҳҳои маъшуқаашро мебахшад…» Магар чунин ақидаҳо ба роҳи зиндагии сабукборона илқо кардани духтарон ба тафаккуру урфу одатҳои шарқии мо ҷоиз аст?!

Аз ин суруду таронаҳои сатҳӣ ва сабукфикрона бармеояд, ки ё сатҳи маънавиёти мо-сомеон, бахусус ҷавонон хеле паст фаромадааст ва ё сатҳи идроки суруд дар ниҳодамон ба чунин дараҷа аст...

«Тарк кардам ман туро,
Хайр гуфтам бо нигоҳ,
Дар дилам сад шўр буд,
Дарди ишқат зўр буд,
Лек дил,
Мағрур буд, мағрур буд…»

Ин ҷо гуфтанӣ нестем, ки сарояндагони хуб, бахусус сурудҳои эстрадӣ надорем. Ҳаргиз. Аксари овозхонҳои эстрадии вилоят садои хубу ҷаззоб ва нотакрор доранд, ба сурудҳои онҳо, ҳатто дар берун аз кишварамон ҳунармандони ҷамоҳири ҳамсоя пайравӣ мекунанду мехонанд. Вале, онҳо бояд дар интихоби шеър, матни муносиб, ки бояд ҳақиқатан созанда бошанд, бо шоирон, бастакорон ҳамкории зич намоянд. Тавассути суруд шеърҳои шоирон Озод Аминзода, Мавҷуда Ҳакимова, Аминҷон Шукўҳӣ, ки булбулони хушнавои боғи шеъри тоҷик буданд ва даҳҳо дигар шоирони шаҳирамонро зинда дорем, ашъори пурғановати шоирони имрўзро ба оҳанг дарорем.

Суруд бояд ифодагари рўҳи айём бошад, бояд ҳар узви ҷомеаро тарбия кунад, ба сўи зиндагии солим, ба ватандўстӣ, ба инсон будан талқин намояд.

Халқи мо парастор ва мухлиси суруди воло, мусиқии баланд аст. Шаҳодати ин гуфтаҳо чорабиниҳои фарҳангии дар марказ ва шаҳру навоҳии вилоят доир гардида аст, ки бо умеди ғизои рўҳӣ бардоштан ҳазорон-ҳазор мухлиси суруду таронаҳо дар ин чорабиниҳо ҷамъ меоянд. Суруди хубу баланд аст, ки сарояндаашро байни мардум, ҷомеа солҳои дурудароз зинда медорад, дар ҳама давру замон шуниданӣ, писандида аст.

Рафоат МЎЪМИНОВА

Add comment


Security code
Refresh