Мастчоҳ: Наврўзгоҳ ҳанўз омода нест...
- Details
- Published on Wednesday, 18 February 2015 17:13
Тайёрӣ ба ҷашни бузург дар сатҳи паст?
Соли панҷум аст, ки бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Иди аҷдодии Наврўз дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳамагон огоҳанд, ки чорабинии ҷумҳуриявии иди байналмилалии Наврўз соли 2015 дар вилояти Суғд қайд мешавад.
Ба ин муносибат қарори Раиси вилоят оид ба баргузории иди байналмилалии Наврўз ба тасвиб расидааст ва дар асоси он бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақом ва нақши он дар таърихи халқи тоҷик дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ омодагӣ рафта истодааст. Бо мақсади тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ дар шаҳру навоҳии вилоят озмуни “Наврўзгоҳи беҳтарин” низ эълон гардида буд. Баҳри аз наздик ошно гардидан оид ба омодагиҳо ба иди аҷдодӣ ва озмуни Наврўзгоҳи беҳтарин санаи 10-уми феврали соли равон ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ доштем.
Баробари ба Ҷамоати шаҳраки Бўстон ворид гардидан эҳсос намудем, ки алҳол мардуми ин диёри шўҳратёр ба иди байналмилалии Наврўз омода нестанд, ба қавле, аз Наврўз бар машом чизе намерасид. Нахуст аз Боғи фарҳангии ин макон дидан намудем. Масоҳати боғ 9 гектар буда, он мавзеи солҳо аз ёдрафтаро мемонад, ҳамагӣ як аттраксион доштааст, ки он ҳам, ба қавле, “аз даққи Юнус” меросмонда, ҷойи нишаст надошту дар баробари ин хеле зангзада. Як гўша, аниқтараш 1,5 сотихи онро соҳибкор Ҳафиз Юсуфов аз худ карда будаасту гирду атрофи онро маҳкам намуда, вале деворҳояш афтидаву рўи теппа-теппа хокҳоро алафҳои хушкшуда “зеб” медоданд.
Воқеан, соли гузашта Иди Наврўз дар як гўшаи ин ҷо, ки “Наврўзгоҳ”-аш номиданд, таҷлил шуда будааст ва 22 адад хаймаҳои баъзеашон афтида, аз ин дарак медоданд. Хуб, Наврўзи соли гузашта дар ҳамин ҷо қайд шудааст, аммо барои чӣ то кунун дар ҳамин ҳол истодааст? Дар радифи чанд пурсишҳоямон дар посухи ин саволамон низ раиси Ҷамоати шаҳраки Бўстон Мўсо Зикриёзода хомўширо авло донист. Аз ў оид ба макони баргузории Наврўзи соли 2015 пурсон шудем.
Наврўзи имсола дар варзишгоҳи Коллеҷи кишоварзӣ баргузор мешудааст. Роҳ пеш гирифтем ҷониби варзишгоҳ. Аз рўи нақли раиси Ҷамоати шаҳраки Бўс-тон, дар варзишгоҳ алҳол корҳои таъмир ва омодагӣ “ҷўш” зада истодааст. Дар баробари наздик шудан ба гуфтаҳои раиси Ҷамоати шаҳрак шубҳа кардем.
- Оё дар ҳамин ҷо тантана баргузор мегардад?-пурсидем аз ў.
- Бале, -посух дод вай.
- Устоҳои гуфтагиатон канӣ? (Аз устоҳо ҳам ному нишоне набуд.) Аслан осоре аз таъмиру таъмиргарон дар ин макон дида намешуд. Дар варзишгоҳ гурўҳи донишҷўён ҳамроҳи омўзгор машқ доштанд. Ба пурсишҳои мо оид ба баргузории иди Наврўз дар ин варзишгоҳ омўзгор Алишоҳ Латифӣ, ки то ҳол хабар надоштааст, посух дода натавонист. Сарвари Коллеҷи кишоварзӣ Муллопартоб Муҳаммадов бо даъвати телефонии М. Зикриёзода ба варзишгоҳ ҳозир шуд. Ў низ аз баргузории чорабинӣ дар ин макон огоҳ набудааст.
Варзишгоҳ барои се ҳазор нафар ҷойи нишаст дошт, вале аз 26 нишастгоҳ 10 адади он шикаставу корношоям буданд. Се хонае, ки дар як кунҷ барои либосивазкунии варзишгарон бунёд шудааст, дарҳояш маҳкам. Либоси донишҷўён дар ин ҳавои сарду боронӣ дар рўи курсиҳо бетартибона гузошта шудаанд. Аз пурсишҳои беохири мо М. Муҳаммадов иқрор шуд, ки то ҳол дар ин ҷо бо ин мақсад омодагӣ надидаанд, балки онон ба мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол тайёрӣ дида истодаанд ва тўдаи регу хок ҳам ба ҳамин хотир аст.
Вақти бозгашт раиси ҷамоати шаҳрак макони баргузории иди байналмилалии Наврўзи ноҳиявиро муқаррар карда натавонист, ки он дар куҷо баргузор мешавад.
- Хайр, мо ду ҷойро бо ин мақсад омода карда истодаем, дар куҷое ки шавад,- чунин буд посухи раиси ҷамоат, ки дар ин бобат аллакай қарори дохилиҷамоавӣ низ ба тасвиб расидаасту вале аз омодагӣ дар ин ду макон нишоне набуд.
Вақти бозгашт М. Зикриёзода иброз дошт, ки 1,5 километр роҳ бояд шағалпўш шавад, 1682 ниҳол шинонда шуданд ва дар 7 маҳалла шанбегиҳо баргузор шуда истодаанд...
Макони баргузории Наврўз дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ майдони варзишгоҳ будаасту мутаассифона, дар ин ҷо низ нафареро дарёфт карда натавонистем. Вале нисбат ба Боғи фарҳангӣ ва варзишгоҳи Коллеҷи кишоварзӣ дар ин ҷо вазъият беҳтар аст. Доир ба баргузории Иди байналмилалии Наврўз қарори дохилӣ баррасӣ шудааст, аммо нақша-чорабинӣ дида нашуд. Раиси Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ Амин Бобоҷонов ҳузур надошт, ба пурсишҳои мо котиби ҷамоат Гулнора Қурбонова ҷавоби қаноатбахш дода натавонист.
Қарор оид ба баргузории иди Наврўзи байналмилал дар Ҷамоати шаҳраки Бўстон ҳанўз 20 августи соли 2014 ва дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ 1 октябри соли 2014 ба тасвиб расидааст. Дар қатори чанд чорабиниҳое, ки ба моҳҳои январ, феврал ва март марбут кардаанд, мебоист ба ин муносибат шиору овезаҳо, ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва омодагии макони баргузории иди байналмилалии Наврўз муқаррар мегардид, вале чунин омодагиро надидем.
Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Гулҷаҳон МАХКАМОВА