Куртаи сўрохидор

Модари чаҳор фарзанди мактабхон ҳастам. Ҳамарўза фарзандонам шоду масрур ба мактаб меоянду бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол дар синфхонаҳои барҳаво ва муҷаҳҳазшудаи воситаҳои техникиву аёниятҳои гуногун аз устодони соҳибтаҷриба маърифат мегиранд ва дараҷаи донишашонро баланд мебардоранд.

 Бо иқдоми давлату ҳукумат чанд сол қабл байни хонандагону омўзгорон ба роҳ монда шудани либоси ягонаи мактабӣ ҳам волидон ва ҳам омўзгоронро хушнуд сохт. Зеро байни хонандагон нафароне дида мешуданд, ки вобаста ба вазъи молиявиашон либосҳои гароннарх бар тан мекарданду хонандагони шароиташон мушкилро писанд намекарданд.

Таъмин бо либоси ягона имкон дод, ки чунин ҳолатҳо дар байни мактабҳои миёна аз байн рафта, толибилмон тамоми фикру зикрашонро ба раванди таълим равона созанд. Дар ин раванд масъулини ташкилоту ширкатҳои дўзандагӣ вазифадоранд, ки мактабиёнро бо сарулибоси ягонаи ватанӣ таъмин намоянд.

Мутаассифона, аз ин имконияти мусоид бархе аз сехҳои дўзандагӣ ва мутасаддиёни соҳаи маорифи шаҳру навоҳӣ ба худ хулосаи даркорӣ набаровардаанд. Сараввал, либосҳои хушдўхт зеби ҳар толибилм буду алҳол харидорон шикоят аз сифати либос доранд. Ба ҳар ҳол чунин либосҳоро имрўз хонандаи мактабхон бар тан кардаасту на сифати либос, балки сифати донишро дар ҷои аввал мегузорад.

Муроди банда бо навиштани ин нуктаҳо ин аст, ки ба қарибӣ (аниқтараш, охирҳои моҳи декабри соли 2014) яке аз фарзандонам, ки хонандаи синфи ҳаштум аст, ғазаболуд ба хона омад. Чун аҳвол пурсидам, сумкаи мактабиашро кушода, сўям бастаеро ҳаво дод. Дар бастаи селофанӣ куртаи писаронаи бачагона, ки андозаи 30 дошта, моли ширкати «SHARIF & SONS» –и ватанӣ буд, ҷой дошт. Сифати курта хуб, моли хушдўхт, бо тааҷҷуб ва суоломез ба сўяш нигаристам.

- Медонед, модарҷон, имрўз мо ин куртаро барои худ харидем,- ғазаболудона гуфт ў.

Аммо ман боз чизе нафаҳмидам ва хоҳиш кардам, ки батафсил нақл кунад. Аз гуфтааш чунин дарк кардам: аз «боло» чунин супориш шудааст, ки миқдори муайяни ин намуди куртаҳоро ба хонандагони синфҳои якум фурўшанд. Чун дар кумитаи волидайн эътирози сахт баён карданд, барои аз роҳбарият «гап» нашунидан маъмурияти дабистон тасмим гирифт, ки ба ҳар як синф яктогӣ куртаро тақсим намоянд. Ҳамсабақони писарам куртаро ба миқдори 25 сомонӣ харида, ба ҳамдигар ҳаво дода, масхараомезона ба писарам гуфтаанд, ки ту хурдакак ҳастиву танҳо ба ту лоиқ аст.

Фарзандамро тасалло дода, бо умеди он, ки кори шуданӣ шудаасту куртаро ба ягон нафар бачаи камбизоат медиҳем, кушодам. Чӣ мегўед, ки тарафи чапи курта сўрохии калони дуқабата дошта, маълум буд, ки дандони хояндае ба он расидааст.

Дар ғазаб шуда, далели дар даст бударо ба идораи рўзнома супурдам. Боқӣ қазоват аз худи хонандаи закитабъ асту ба салоҳияти масъулин.

Бароат МАНСУРОВА,
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh