Масъулиятро кай расад салобати мансаб?!
- Details
- Published on Tuesday, 21 April 2015 10:05
Ва ё тақдири корхонаҳои истеҳсоли консерв ба ҳиммат ва дилсўзии кадом касон вобаста бошад?
Дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарон мақомоту сохторҳо, корхонаву муассисоти мухталиф бобати фаъолияташон пурсон шуд.
Раиси вилоят доир ба пешрафту нишондиҳандаҳои баъзе аз соҳот махсус мароқ зоҳир намуда, аз ҷумла фаъолияти корхонаҳои саноатиро мавриди таҳлил қарор дод. Изҳор гардид, ки аз 345 корхонаи саноатӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2015-ум 186 корхона (53,9 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ истеҳсолро афзун намуданд. Дар ин давра корхонаҳои бозистода 86 воҳид ё 24,9 фоизро ташкил намуда, 73 ё 21,2 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам карданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа фаъолияти корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти консерв мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин бобати рушди соҳа, роҳи ҳалли воқеии муаммоҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин раванд рўзнома тасмим гирифт, ки бобати фаъолияти имрўзаи чунин корхонаҳои азими солҳои пеш шўҳратманд, омилҳои асосии коҳишёбии соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти консерва нуқтаи назари мутахассисони соҳаро бо маводи таҳлилӣ пешниҳод намояд.
Дар сўҳбат сариқтисодчии Идораи хўроквории вилоят Баҳриддин Алиёров гуфт, ки тибқи дурнамои мутахассисони соҳа, бояд 50 миллион қуттии шартӣ истеҳсоли маҳсулоти коркарди меваву сабзавот ба роҳ монда мешуд. Аммо ин нишондод агар дар соли 2013-ум 20 миллиону 109 ҳазор қуттии шартӣ бошад, соли 2014-ум ҳамагӣ 12 миллиону 731 ҳазор қуттии шартиро ташкил карду халос.
Бо мақсади аз вазъияти кунунии баъзе аз коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулот ва коркарди сабзавоту мева огаҳии бештар ёфтан роҳ сўи ин корхонаҳо гирифтем. Сараввал ба бинои маъмурияти Комбинати консерви шаҳри Хуҷанд, ки дар даврони шўравӣ яке аз корхонаҳои пуриқтидору шўҳратманд маҳсуб меёфт, омадем. Вале ҳайҳот, нафаре аз кормандону масъулини ин коргоҳро дарёфта натавонистем, зеро ҳама дарҳои идора баста буданд. Фикр кардем, ки шояд кормандонашонро дар дохили сехи консервбарорӣ дида тавонему бо онҳо ҳамсўҳбат гардем. Тамоми ҳудуди коргоҳро гаштугузор кардем, ғайр аз пос-бон касе ба чашм нарасид.
Бино ба гуфти ў, коргоҳ соли 2000-ум хусусӣ гардонида шуда, соҳибмулк онро ба соҳибкорони маҳаллӣ фурўхтааст, ки онон дар навбати хеш дар ин мавзеъ сехҳои хурди маводи хўрокаву истеҳсолу коркарди ҷиҳози пластика ва ғайраҳоро ба роҳ мондаанд. Коргоҳе, ки иқтидори лоиҳавиаш ба истеҳсоли 48 миллион қуттии шартӣ ва қабулу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то ба 24 ҳазор тонна мутобиқ гардонда шуда, зиёда аз 1200 нафар дар чанд баст фаъолият доштанд, айни замон дар вазъияти хеле хароб қарор дораду аз он Комбинати консерви номдори шаҳри Хуҷанд қариб, ки нишоне намондааст!
Пас аз чанде бо директори корхона Абдурабӣ Сангинов тариқи телефонӣ ҳамсўҳбат шуда, бобати нақшаву талабот, истеҳсол ва фурўши маҳсулот пурсон шудем. Вале бо ҷавоби кўтоҳи «Айни замон мавсими кор нест, гап нест, вақти мавсим биёед»-гўён аз посух гуфтан ба суолҳои мо худдорӣ кард.
Ҳамчунин, нишондиҳандаҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти Корхонаи муштараки «Хуҷанд-Пакижинг», бино ба маълумоти масъулини соҳаи саноати вилоят низ сол то сол кам гардидааст. Масалан, агар аввали соли 2013-ум беш аз 615 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2014-ум 182 ҳазор қуттии шартиро ташкил кард, ки қариб 435 ҳазор қуттии шартӣ кам аст. Чун роҳбарияти коргоҳи мазкур Мунирхон Маъсумов дар сафари корӣ қарор дошт, тариқи телефонӣ бобати коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти корхона ва муаммоҳои ҷойдошта дар ин ҷода пурсон шудем. Мавсуф бобати коҳишёбии истеҳсолот гуфт, ки он асосан аз кам шудани фурўши содиротӣ вобаста мебошад.
-Чанд сол қабл мо яке аз аввалинҳо шуда, технологияи нави истеҳсоли консерва, ҳамчунин истеҳсоли маҳсулотро дар зарфҳои замонавии ғунҷоиши зарфи тетрапак ба роҳ мондем. Он замон 96 фоизи маҳсулоти коргоҳи «Хуҷанд-Пакижинг» бо тамғаи «Зулол» ба берун аз кишвар содирот мешуд. Вале 2-3 соли охир бинобар зиёд шудани чунин коргоҳҳо дар давлатҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон, ҳатто, бозори дохилии кишварро танг намудааст, - афзуд директори Корхонаи муштараки «Хуҷанд-Пакижинг» М.Маъсумов, -алҳол корхона танҳо бо назардошти бозори дохилӣ маҳсулот мебарораду бас.
Мавсуф мушкилиҳоро асосан вобаста ба қимат шудани арзиши кашондани бор, то андозае боло рафтани нархи зарфҳои шишагӣ ва дар худи минтақаҳои содиротӣ зиёд шудани корхонаҳо медонад.
Бино ба гуфти мудири шўъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода, алҳол дар вилоят зиёда аз 30 корхонаи коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти консерва дар 10 шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Fафуров, Fончӣ, Айнӣ, Ашт ва Спитамен мавҷуданд. Вале, бинобар гуфти масъулини соҳаи саноат, аксари коргоҳҳо хусусӣ гардонида шуда, соҳибмулкон ба диду андешаи худ бинову таҷҳизотро ба табъ ва таври хеш истифода бурдаанд.
Масалан, яке аз коргоҳҳои азими дар гузашта шўҳратманд-Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти консерви «Шарбати Қистакўз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2000-ум хусусӣ гардонида шуда, мувофиқи маълумот, то давраи хусусӣ гардидан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то 5 миллион қуттии шартӣ ва пас аз хусусигардонӣ ҳаҷми истеҳсолро то ба 27 миллион қуттии шартӣ расониданд.
- Солҳои охир ин корхона қариб ки фаъолияти истеҳсолӣ надошта, бинобар мавҷудияти қарзи калон дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор дорад ва пас аз санҷидани ҳуҷҷатҳо муфлис эълон хоҳад шуд,- изҳор дошт зимни сўҳбат О.Шарифзода: - Айни замон коргоҳ танҳо ҳаҷми хеле ками маҳсулоти нимтайёрро аз корхонаҳои дигар гирифта, ба корхонаи дигари хурди консерв, ки дар заминаи «Шарбати Қистакўз» таъсис ёфта, бо тамғаи ВЕSТ маҳсулот истеҳсол мекунанд, медиҳад. Хостем, аз фаъолият, муаммову нақшаҳо ва ҳолати имрўзаи замоне коргоҳи овозадори «Шарбати Қистакўз» аз наздик шинос гардем, лекин роҳбарияти онро ҳеҷ дарёфт карда натавонистем.
Аз ин лиҳоз, суолҳои мо бобати он, ки пас чаро имрўз ин коргоҳ ба чунин ҳолат расидаву ҳадафи асосии роҳбарият аз хусусигардонии коргоҳ, омилҳои коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти консерв дар чист, беҷавоб монданд.
Чуноне мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Мақсудҷон Мамадҷонов изҳор дошт, дар миқёси шаҳри Исфара 4 корхонаи махсусгардонидашудаи истеҳсоли маҳсулоти консервагии меваю сабзавот фаъолият мебаранд.
Аз ҷумла, Комбинати консервабарории шаҳри Исфара (роҳбараш С.Юлдошев) бо иқтидори истеҳсоли лоиҳавии 58 миллион қуттии шартӣ фаъолият дошта, дар гузашта наздик 70 фисади маҳсулоти он ба берун аз ҷумҳурӣ фиристода мешуд. Бо назардошти иқлими мусоиди ҳавои Исфарамарз ва заминҳои зархезу боғоти он дар давоми фаъолияти худ барои роҳ надодан ба талафоти ҳосили ранҷи деҳқон саҳми хоса гузоштааст. Имрўзҳо бинобар корхонаи давлатӣ будан ба маблағҳои гардишӣ, бозори истеъмолӣ, маблағгузорӣ ҷиҳати воридоти технологияи муосир эҳтиёҷ дорад. Агар коргоҳ соли 2013-ум зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулоти консервӣ истеҳсол карда бошад, соли 2014-ум ин нишондиҳанда танҳо ба миқдори 331,1 ҳазор қуттии шартӣ расидааст.
Имрўзҳо таъмир дар корхона оғоз гардида, ба мавсими нави коркард омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
-ҶСП «Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти консервагии ба номи З.Ҳасанов»-и шаҳри Исфара (роҳбараш А.Музаффаров) бо иқтидори истеҳсолии 18 миллион қуттии шартӣ низ ба мавсим омодагӣ гирифтааст. Дар муқоиса бо дигар корхонаҳои консерв вазъияти ин коргоҳ нисбатан беҳтар буда, он гарчанде хусусӣ шудааст, роҳбаронаш муносибати оқилонаву софдилона доранд. Ду соли охир, яъне соли 2013-ум 3350,4 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол карда бошад, соли 2014-ум 2637,5 ҳазор қуттии шартиро ташкил намуд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ айни замон ба мавсими соли ҷорӣ омодагии ҳамаҷониба дида, тасмим гирифтааст, барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ маҳсулот истеҳсол карда, соли ҷорӣ 20-30 фоизи маҳсулотро ба берун аз кишвар содирот кунад.
ҶДММ «Кўлканд» (роҳбараш Б.Аҳмадҷонов) ва ҶДММ «Субҳи Ватан»-и Ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара (роҳбараш А.Эрматов) корхонаҳои хурди коркард зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, иқтидори солонаи онҳо 1500 ҳазор қуттии шартӣ мебошад. Дар соли 2014-ум мутаносибан 1165 ҳазор қуттии шартӣ ва соли 2013-ум 1266 ҳазор қуттии шартӣ консерв коркард намуданд.
Дар маҷмўъ, соли 2013-ум 8 миллиону 984 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулоти консерв истеҳсол кардааст ва дар соли 2014-ум бинобар хушксолӣ аз тарафи 4 корхона ба миқдори 5474,1 ҳазор қуттии шартӣ консерва истеҳсол шуд.
- Дар коргоҳҳои консервбарории шаҳри Исфара ба мавсими нав омодагиҳо идома дошта, барои таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва таъмини дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд чораҳои амалӣ андешида истодаанд, - афзуд Мақсудҷон Мамадҷонов, - дар назар аст, ки ба наздикӣ ба давлатҳои дигар маҳсулот содир намуда, бо ин дар бозори берунӣ мавқеи худро ёбанд.
Дар баробари як қатор сабабу омилҳои иқтисодӣ, ки ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти консерв таъсир расондааст, масъулин инчунин муаммои дигар - баланд шудани қимати зарфи шишагиро яке аз сабабҳои объективии коҳишёбии истеҳсолоти корхонаҳои консерв медонанд. Чунонки директори Корхонаи истеҳсоли зарфҳои шишагии ҶС «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд Мирзоҳалим Мирзокаримов изҳор дошт, завод корхонаҳои соҳаро бо зарфи шишагӣ таъмин мекард, алҳол он на танҳо аз фаъолияти истеҳсолӣ бозмондааст, балки дар ҳолати вазнини иқтисодӣ қарор дорад ва дубора эҳё намудани ин коргоҳи бузург заҳмату маблағҳои зиёдро тақозо дорад. Технологияи истеҳсолии ҶС «Лаъл» дар мутобиқат ба истеҳсоли кишварҳои мутараққӣ бунёд ёфта, он ҳарчанд хусусӣ гардонида шуда бошад ҳам, манфиате надид. Айни замон коргоҳ аз андоз ва дигар мақомоту сохторҳои марбути соҳа қарзи калон дошта, танҳо дар мавсим фаъолият хоҳад кард.
Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд, фаъолияту вазъияти имрўзаи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти консерв ва коркарди меваву сабзавоти қаламрави вилоят аз ҳар ҷиҳат беҳбудӣ металабад!
Маъмурахон САМАДОВА,
Шоира Салимова
«Ҳақиқати Суғд»