Дилсўзӣ набошад, ба умеди кӣ шаванд?!
- Details
- Published on Tuesday, 05 May 2015 09:40
Дар Конибодом ҷараёни тадбирҳо суст аст!
Сол аз сол аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳам роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба корҳои ободонӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин раванд бо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Соли 2015 – Cоли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон гардид.
Бо мақсади татбиқи ин иқдом аксари кўчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии вилоят гулпўш шудааст, ки хеле назаррабоянд. Баҳри амалӣ намудани ин иқдомҳо мебоист дар гирду атроф, майдончаҳои корхонаву ташкилот, муассисаҳову марказҳои хизматрасонӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешуд, ки ин амри нек ба баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, фарҳанги гулпарварӣ ва завқи зебоипарастии сокинон мусоидат менамуд.
Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз рафти иҷрои қарору дастурҳои Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом сафари хизматӣ доштем. Инак, мушоҳидаҳои худро пешкаши хонандагони рўзнома менамоем.
Чаро аксари коргоҳҳо фаъолият надоранд?
Аз маълумоти мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Маҳмуд Бобокалонов аён гардид, ки дар шаҳри 44 корхонаи хурду калони саноатӣ мавҷуд буда, соли 2014-ум 14 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфтааст ва соли равон низ тибқи нақша бояд 7 корхонаи саноатии нав ба истифода дода шавад. Дар давоми соли 2013 дар маҷмўъ, қариб 960 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, соли 2014 бошад, ин нишондиҳанда ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомониро ташкил дода буд, ки 148 фисад бештар аст. Дар семоҳаи аввали соли 2014-ум бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии коргоҳҳои шаҳр беш аз 79 ҳазор сомонӣ буда, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи ҳисоботии соли ҷорӣ ба беш аз 254 ҳазор сомониро ташкил медод.
Бояд қайд намуд, ки 16 корхона, ба монанди ҶС «Конибодом», ҶММ «Шоҳон», Коргоҳи «Ясминаи Канд», ҶДММ «Бунёдкори Канд», ҶДММ «Бахтовар-Бахтиёр», ҶДММ «Ниҳол ГДТ», ҶДММ «Салом» бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла мавсимӣ будан, ба охир расидани ашёи хом ва набудани фармоишгар суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро нисбат ба соли 2014 кам намудаанд ва ё умуман фаъолият набурдаанд.
Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо фаъолият, шароиту муаммоҳои коргоҳҳои саноатии шаҳр ба чанд корхона омадем.
Яке аз коргоҳи навтаъсиси дўзандагӣ - «Гулдаст» (роҳбараш Ойдиной Тошпўлотова) мебошад. Самти кори асосии коргоҳ дўхтани либосҳои ягонаи мактабӣ барои муаллимону хонандагон, либосҳои низомӣ аст. Бино ба гуфти мавсуф, қариб 70 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Алҳол бо аксари макотиби шаҳру ноҳияиҳои вилоят ва ҷумҳурӣ шартнома доранд.
Ҳамчунин, ҶДММ «Созмон-Пласт» соли 2013-ум таҷҳизоташро аз Ҷумҳурии Хитой оварда, бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ фаъолияти хешро ба роҳ мондааст. Аз рўи маълумоти бахши саноати шаҳр, агар соли 2014-ум дар семоҳаи аввал ба маблағи қариб 35 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошад, имсол дар ҳамин давраи ҳисоботӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Роҳбарияти коргоҳ изҳор доштанд, ки бинобар таъсир расонидани бўҳрони иқтисодӣ ва набудани фармоиш аз аввали сол инҷониб бо ҳаҷми кам фаъолият мебаранд.
ҶДММ «Ориё Коттон» низ соли 2014-ум фаъолияти худро ба роҳ монда, таҷҳизоти хешро аз ИМА харидорӣ намудааст. Бино ба гуфти сармуҳандиси ҷамъияти мазкур Абдуҷаббор Қаҳҳоров, соли 2014–ум бинобар бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома набастан коргоҳ танҳо ба ҳаҷми 160 тонна пахта коркард кардаасту халос. Ҳол он, ки иқтидори шабонарўзиаш 150 тоннаро ташкил медиҳад.
Аз 14 коргоҳе, ки соли сипарӣ ба истифода дода шудааст, 9-тоаш коргоҳи хурди истеҳсоли хишт маҳсуб меёбад, ки алҳол бинобар набудани харидорону фармоиш фаъолият надоранд. Масалан, соҳибкори инфиродӣ Муҳаммад Раҷабов изҳор дошт, ки соли 2014 ба кор оғоз намуда, дар як рўз 2-2,5 ҳазор дона хишт истеҳсол мекарданд, имрўз бошад, талабот хеле кам аст.
Мақсад аз ташкили коргоҳҳои мазкур саҳме дар пешрафти иқтисодиёти кишвар гузоштан аст, на ба бемасъулиятӣ роҳ додан!...
Боғи истироҳатӣ ё бозор?
Дар ҷараёни сафарамон бобати шиносоӣ бо вазъ соҳаи фарҳанги шаҳр қисме аз мавзеъҳои фароғативу истироҳатиро аз назар гузаронидем. Зимни сўҳбат мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ изҳор дошт, ки дар ноҳия 15 муассисаву хонаи фарҳанг ва 29 китобхона мавҷуд буда, бо ибтикори Раиси вилоят барои таъмиру тармими Қасри фарҳанги шаҳр маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд.
Ҷиҳати аз вазъияти кунунии Боғи маданият ва истироҳатии шаҳр воқиф шудан ба ин мавзеъ омадем. Бино ба маълумоти таърихӣ, дар шаҳри Конибодом Боғи истироҳатӣ соли 1925 ифтитоҳ ёфта, чорумин боғ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Он аз роҳу хиёбонҳои зебову обод, гулгаштҳо, шипангу толорҳои барҳавои дамгирӣ, майдончаи варзишии наврасон, чойхона, клуби тобистона ва ғайраҳо иборат буда, ба истироҳат ва самаранок гузаронидани вақти холӣ мусоид буд. Санаи 7 ноябри соли 1927 –ум ба ифтихори 10-солагии Инқилоби Октябр дар боғи шаҳр сайругашти оммавӣ гузаронида, он рўз зиёда аз 60 нафар зан фаранҷиҳои худро оташ заданд. Дар клуб маҳфилҳои ҳаваскорони санъат гузаронида мешуд.
Имрўз чун ба яке аз даромадгоҳи ин боғи маданӣ ворид шудем, вазъиятро тамоман дигаргун дарёфтем. Аз ҳашт дарвоза чортоашро соҳибмулкон барҳам додаанд. Дар яке аз даромадгоҳҳои боғ бозори либосҳову амволи гуногун ифтитоҳ шудааст. Аз шаш намуди атраксионҳову чархофалак танҳо ду намудаш кор мекарду боқимонда кўҳнаву корношоям дар кунҷи ноободи боғ хобидаанд. Дар мавриди гулгашту хиёбони ин боғ тамоман ҳоҷати гап нест. Бино ба гуфти роҳбари Боғи маданӣ - истироҳатии шаҳр Равшан Нозиров, масоҳати умумии боғ дар оғози ташкилшавиаш 10,8 гектарро ташкил медод.
Алъон аксари иншооти боғ хусусӣ буда, соҳибмулк дорад, вазъияти ноободу хароберо мемонад, ки ба боғи маданиву фарҳангӣ гуфтан ҳатто забон намеравад. Дар ҳудуди боғ чанд ошхонаву чойхонаҳо ташкил карда шудаанд, ки хусусианд. Аксари он солҳо инҷониб дарашон баставу дар ҳолати вайрона қарор доранд, ки боз ҳам ҳусни боғро хароб гардонидаанд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аён гашт, ки масъалаи чароғонкунии роҳравҳои боғ низ солҳои охир тамоман аз мадди назар дур мондаанд.
Зимни сўҳбат баъзе аз сокинон изҳор доштанд, ки солҳои пеш рўзҳои истироҳат бо аҳли оила ба ин мавзеи фароғатӣ омада, дам мегирифтанд. Алҳол бошад, рўзҳои истироҳат дар ин ҷо бозор ташкил мегардад, ки аз макони маданиву фароғатӣ, гулу гулгаштҳо ному нишоне дида намешавад. Ба ҷойи майдончаи варзишӣ таваққуфгоҳи нақлиёт ва клуби солҳои қаблӣ номдор ба бозори паррандаҳо мубаддал гардидааcт.
Бобати то ба чунин ҳолати ногувор расидани боғи истироҳатӣ аз масъулини боғ пурсон шудем. Равшан Нозиров чунин изҳор кард: «Боғи мадании шаҳр худмаблағгузор буда, барои ободу аз нав барқарор намудани ин мавзеъ маблағҳои зиёд зарур аст ва айни ҳол мо чунин маблағҳоро надорем».
Суоле бармеояд, ҳамаи он маблағҳое, ки рўзҳои бозор ва ҳамчунин аз ошхонаву чойхонаҳо ҷамъ меоранд, ба куҷо ва барои чӣ масраф мешуда бошад?
Хизмати байторӣ дар хонаи истиқоматӣ
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо бояд Марказҳои хизматрасонии байторӣ, клиника, дорухонаи байторӣ ва нуқтаи бордоркунӣ ташкил ва фаъол гардонида шаванд.
Ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳри Конибодом хостем бифаҳмем, ки рафти иҷроиши ин қарор дар кадом сатҳ аст? Огоҳӣ пайдо кардем, ки баъди қарори Раиси вилоят наздик 10 нафар сокини шаҳр барои гирифтани замин ва ташкил кардани марказҳои зообайторӣ ариза пешниҳод кардаанд ва дар рўзҳои наздик онҳо соҳиби Сертификати замин гардида, корро дар ин самт идома медиҳанд.
Вақте бо аризадиҳанда Фахриддин Тўрақулов ҳамсўҳбат гаштем, ў қайд кард: - “Баъди баромадани қарори Раиси вилоят хостам, дар Ҷамоати деҳоти Шарифов Маркази хизматрасонии зообайторӣ ташкил кунам, то ки кори мардуми ин минтақаро аз ин мушкилӣ осон намоям. Тўли чанд моҳ аст, ки ба масъулин барои гирифтани қитъаи замин муроҷиат кардаам, аммо то имрўз он аз кадом сабаб бошад, ҳалли худро намеёбад”...
Вақте дар ин бора аз муовини соҳавии раиси шаҳр пурсон шудем, посух дод, ки сабаби тўл кашидан дар он аст, ки мо барои маркази хизматрасонӣ дар ҷамоатҳо замини мувофиқ пайдо карда натавониста истодааем. Кўшиш дорем, ки ин муамморо сари вақт ҳал кунем.
Ҷамшед Ҷўраев, раиси Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов гуфт, ки баъди дастуру супориши Раиси вилоят мо аз Маркази хизматрасонии Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки усулҳои пешрафтаи соҳаи байториро дорост, шинос шудем ва ният дорем, минбаъд дар ҷамоат ҳамин гуна марказро ташкил намоем.
Тавре мушоҳида кардем, айни ҳол дар ҷамоатҳои шаҳри Конибодом ягон Маркази хизматрасонии байторӣ, клиника, дорухонаи байторӣ ва нуқтаи бордоркунӣ ташкил нашудааст. Ҷамшед Ҷўраев дар сўҳбат иброз дошт: - Мо ба бойтор Алиҷон Баротов дар ҳудуди ҷамоат як биноро вобаста кардем, ки рўзҳои наздик онро бо тамоми шароити замонавӣ ва ба талаботи соҳаи байторӣ мувофиқ ба истифода месупорад.
Вақте бо худи байтор Алиҷон Баротов сўҳбат кардем, ў гуфт: “Аз солҳои 80-ум то ба имрўз ин касбро давом дода истодаам. Солҳои пеш дар Ҷамъияти саҳҳомии «Ирам» ба ҳайси байтор кор мекардам, баъди барҳам хўрдани хоҷагӣ дар ҳавлии худ бинои алоҳидаро ҷудо карда, ба мардум хизмат расонида истодаам”...
Хулоса, иҷрои қарори Раиси вилоят дар бораи ташкил кардани Марказҳои хизматрасонии байторӣ дар ин ҷамоат, ки алҳол танҳо пешниҳоди як бино аст, кай ба анҷом мерасаду сокинони ин маҳал аз он кай бархурдор мегарданд, номаълум боқӣ мемонад?!
Умедворем, ки раиси навтаъини шаҳр Fайбулло Боҳирӣ ва масъулини ташкилоту идораҳо камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро сари вақт ислоҳ намуда, шўҳрати меҳнатқаринӣ, фарҳангдўстӣ ва созандагии мардуми Канди кўҳанро боз ҳам тавсеа мебахшанд.
Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТурсунЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»