Саҳмдорони дастаи “Далерон” куҷо шуданд?

Беэътиноӣ ба дастаи футбол ба масъулин намезебад!...
Дар замони ҷаҳонишавӣ футбол на танҳо хусусияти иҷтимоӣ, балки моҳияти иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо футбол фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломатии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд.

 Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди футбол, инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонони кишвар ба футбол, гузашта аз ин, барои оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба футбол зарурате ба миён омадааст, ки ҳар корхонаву муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишоф ва рушди футбол саҳмгузор бошанд.

Барои ба талабот ҷавобгў намудани майдонҳои бозии футбол, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону масъулини соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд.

Алишер Фозилов аз номи роҳбарияти Клуби футболи «Далерон-Ўротеппа»-и шаҳри Истаравшан ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ миннатдории кулли мухлисони футбол ва сокинони шаҳри Истаравшанро дар бобати дастгирии молиявӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ дар самти рушди футбол ва иштироки даста дар мусобиқоти соли 2014 расонида, изҳор дошта буд, ки кўмаки бевоситаи Раиси вилоят моро рўҳбаланд намуд, имсол низ кўшиш дорем, иштироки фаъолонаи дастаро дар мусобиқоти соли 2015 таъмин менамоем.

Инчунин, мавсуф гуфт, ки соли сипарӣ дастаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ ва Корхонаи муштараки «Оби зу- лол»-и шаҳри Истаравшан бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва дигар сарпарастон дастгирӣ намуданд.

Аз кўмакҳои моддӣ ва дастурҳои саривақтии Раиси вилоят бозингарон илҳоми тоза гирифта, дар миқёси ҷумҳурӣ дар Лигаи миллии футбол ҷойи сеюм ва медали биринҷиро соҳиб гардиданд.

-Айни замон Клуби футболи «Далерон-Ўротеппа»-и шаҳри Истаравшан тамоми чораҳоро меандешад, ки бозингарони даста дар 3 вохўрӣ байни дастаҳо ширкат варзида, қалби мухлисони сершуморашро бо нишон додани маҳорати хуби касбӣ тасхир намояд. Алҳол аъзоёни даста (22 нафар бозингар ва 3 нафар мураббӣ) ҳунарнамоӣ менамоянд, ки аз инҳо 4 нафар аз Ҷумҳурии Гана ва боқимонда аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошанд, ки шарафи вилоятро дар мусобиқоти байни дастаҳои Лигаи миллии футбол ҳимоя намуда истодаанд,-мегўяд А.Фозилов.

Дар оғози соли равон, аз лаҳзаҳои нахустини омодагӣ барои баргузор намудани мусобиқоти соли 2015 роҳбарияти КФ «Далерон-Ўротеппа»-и шаҳри Истаравшан бо тамоми соҳибкорони шаҳр, алалхусус Корхонаи муштараки «Оби зулол» гуфтушунидҳои расмӣ ҷиҳати дастгирии молиявии дастаро гузаронид, аммо ин кўшиши мо бенатиҷа анҷомид. Имрўз ҳолати молиявии даста боиси нигаронии роҳбарияти клуб ва тамоми мухлисони футбол гаштааст.

Нақшаи молиявии даста соли 2015-ум 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии молиявии даста танҳо 298 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ талаботи дастаро то охири мавсим қонеъ карда наметавонад.

Футбол яке аз сермухлистарин намуди варзиш дар шаҳр буда, яке аз воситаҳои асосии тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирикунандаи ҳар гуна амалҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад.

Аз ҷиҳати дигар, варзишгоҳи шаҳр барои баргузории вохўриҳои даставӣ боиси хушҳолии мардум ва бавуҷудоии фазои идона мегардад, ки бо ин роҳ аксари сокинони шаҳри Истаравшан талаботи фарҳангиву истироҳатии худро қонеъ месозанд.

Ҳоло дар натиҷаи маблағгузории маҳдуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба даста пешниҳод шуд ва имконияти дохилии даста мо тавонистем, ки ҳамагӣ 3 вохўрии дастаро таъмин намоем. Инчунин, бозингарони даста низ аз сабаби нокифоягии маблағ ва набудани таъминоти маводи хўрокворӣ дастаро тарк намуда, аз гузаронидани машқҳои даста саркашӣ карда истодаанд.

Мавқеи бозингарони дастаро дар хусуси аз бозӣ саркашӣ намудан роҳбарияти даста дуруст дарк менамояд, зеро то инҷониб аз сабаби набудани имкониятҳои молиявӣ ва набудани сарпарастон сару либоси варзишии бозингарон таъмин нашудааст, барпо нашудани бозиҳои омодагӣ ва пешакӣ, имконияти молиявӣ оид ба гузаронидани машқу тамрини бозингарон ва аз моҳи марти соли равон пардохт нагардидани маоши онҳо боиси муаммоҳое мегарданд, ки ҳалли онҳо кўмаки амалии мақомотҳои давлатиро талаб менамояд.

То инҷониб маблағи аъзоҳаққии даста низ барои ширкат дар мусобиқоти соли 2015, ки дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, пардохта нашудааст.

Чиптаҳое, ки ҳангоми бозӣ ба фурўш мераванд, танҳо маблағҳои хизматрасонии доварон, маҳсулоти хўрокворӣ, дорувории бозингаронро таъмин карда метавонад ва ин ба мо имконияти пеш бурдани дастаро намедиҳад.

Айни замон тамоми имконоти молиявии даста масраф гардида, фаъолияти он дар фазои бўҳрони иқтисодӣ ва муфлисшавӣ қарор дорад.

-Бо вуҷуди он ки клуби мазкур худмаблағгузор аст, соли гузашта бо иқдоми Раиси вилоят маблағи зарурӣ ба ҳисоби он гузаронида шуда буд. Имсол низ ягона дастгирии мо танҳо аз мақомоти маҳаллӣ ва вилоятӣ мебошад, ки танҳо дар сурати ҳимояи онон имконият медиҳад, ки мо тамоми нерўи худро сарф намуда, дар мусобиқоти ҷумҳуриявии соли 2015 ширкат варзем. Ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, чун солҳои пешин шарафи вилояти Суғдро баланд бардорем,- гуфт Президенти Клуби футболи «Далерон-Ўротеппа» Алишер Фозилов.

Алҳол бинобар таъсири омилҳои иқтисодии дар боло зикргардида дастаи «Далерон-Ўротеппа», ки солҳои пеш дар арсаи футболи вилояту ҷумҳурӣ ҷойи намоёнро ишғол менамуд, шўҳрати пешинаро аз даст додаасту дар ҷадвали Лигаи олии футбол дар зинаи панҷум қарор дорад.

Дар ҳолати аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ наёфтани даста роҳбарияти клуб имконияти иштироки дастаро дар мусобиқоти Лигаи миллии футбол надорад ва маҷбур аст, аз иштирок дар ин мусобиқот даст кашад.

Ҳадафи асосии сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти аҳолӣ бо бозии футбол равона карда шудааст. Ҳамчунин, ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон ба ин намуди дўстдоштаи варзиш мебошад. Бо ин роҳ мо - масъулини ин клуб соҳаи футболро ривоҷ дода, ҳамзамон бо мақсади ҷавонону наврасонро аз ҳар гуна шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, корҳои беҳуда ва ҷинояткорӣ эмин доштан аст.

Канӣ он сарпарастон, соҳибкорон, шахсони саховатманди шаҳри бостонии Истаравшан, ки дастаи футболи худро дастгирӣ намоянд?

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh