Кирмакпарварӣ: фориғболӣ ё баҳонаҷўӣ…

Чаро аз имкониятҳои мусоид масъулони соҳа истифода намебаранд?!
Сардиҳои баҳори имсола баробари ба дигар соҳаҳои истеҳсолӣ ба соҳаи кирмакпарварӣ низ таъсири манфӣ расонд: дарахтони тут, ки барги онҳо ғизои асосӣ барои кирмак аст, ба сардии ҳаво тоб наоварда, аз нашъунамо бозмонданд. Ин мўҷиб гардид, ки оғози маъракаи кирмакпарварӣ ба муддати 20 рўз назар ба солҳои қаблӣ дер монд…

 Масъулин бобати бартараф намудани ин камбудиҳо алҳол чораҳои зарурӣ меандешанд, вале вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тавре ба мо зимни сўҳбат сардори идораи «Пилла» - и вилояти Суғд Муҳаммадҷон Ёқубов изҳор дошт, соли равон дар навоҳии вилоят парвариши 15 ҳазору 600 қуттӣ тухми кирмак ба роҳ монда, истеҳсоли на кам аз 800 тонна пилла ба нақша гирифта шудааст.

Ин нишондод назар ба соли пешин 10 фисад зиёд аст, ки тибқи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он барои солҳои 2012-2020» давра ба давра ин соҳа бояд ривоҷ дода шавад.

Ҳарчанд ҳанўз дар соҳа мушкилиҳо зиёданд, вале кирмакпарварони вилоят азм доранд, ки нақшаро барзиёд иҷро намоянд.

Табиист, ки иҷрои нақша, пеш аз ҳама, аз ҳавасмандии кирмакпарварон вобаста аст. Имсол бо мақсади дастгириву ҳавасмандии онҳо сармоягузорон - Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ - Силк», ҶДММ «Тоҷ силк» ва Ширкати Русиягии «Агросервис» 700 ҳазор сомонӣ пешпардохт намудаанд.

- Тибқи шартнома, ширкати «Агросервис» - и Федератсияи Россия кирмакпарваронро танҳо бо тухми кирмаки маҳаллӣ таъмин кард, - афзуд Муҳаммадҷон Ёқубов, - ҳадаф аз ин барқарору нигоҳ доштани заводи тухми-истеҳсолкунии худист, ки алҳол вазъияташ беҳбудӣ мехоҳад. Захираи ғизои кирмак дар қаламрави вилоят басанда аст.

Ногуфта намонад, ки тибқи технологияи парвариш, барои тайёр кардани як килограмм пилла дар ҷараёни парвариши кирмак 18 - 20 килограмм барги тут зарур аст ва чун рушди воқеии соҳа дар ҷумҳурӣ ногузиру талаботи рўз мебошад. Пас дар ин ҷода тадбирҳои мушаххас бояд андешид. Дар хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ парвариши навъи нави ниҳолҳои хушбарги тутро ба роҳ мондан зарур аст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки замони шўравӣ аз кирмакпарварӣ аъзоёни хоҷагиҳо даромади хуб мегирифтанд. Ба шарофати риоя шудани технологияи маҳаллии парвариши кирмак онҳо ба дастовардҳои назаррас ноил мешуданд.

Соҳаи кирмакпарварӣ солҳои охир чандон даромади хуб надиҳад ҳам, аммо барои баъзе оилаҳо шуғли дўстдошта мебошад. Масалан, оилаи Алиҷон Олимов аз Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 35 сол ба парвариши кирмак машғул буда, дар мавсим аз аввалинҳо шуда, барои гирифтани тухмӣ ба нуқтаҳои тақсимот мерафтанд.

- Замоне буд, ки аз пилла даромади хуб мегирифтем, - гуфт А.Олимов, - он солҳо одатан моҳҳои июл – август маблағи пиллаи супурдаамонро мегирифтему ба қавле, «чанд дарозу кўтоҳи зиндагиро басар мекардем». Аммо бо гузашти солҳо аз он даромади дуруст нагирем ҳам, онро парвариш мекардем. Зеро аҳли оилаи мо ба кирмакпарварӣ одат кардааст. Ҳезумаш монад ҳам, бас аст. Дар шароити ноҳияи мо баровардани тухмии дуюмбораи кирмак натиҷае намедиҳад. Ман худам дар як сол бори дуюм кирмак дошта, ба чунин хулоса омадаам. Аввалаш, ҳаво гарм шуда, барои инкишофи кирмак вазнинӣ мекунад. Дуюмаш, барги тут ғафс шуда, кирмак онро хўрда наметавонад. Аз ҳамин сабаб аз як қуттӣ тухми кирмак мо ҳамагӣ 8 килограмм пилла супурдему халос. Баъзе касон ҳатто, аз ин ҳам камтар…

Лекин агар ин соҳа аз тарафи давлат дастгирӣ ёбад, бовар кунед, ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфтанаш мумкин аст.

Ин кирмакпарвари собиқадор дуруст мегўяд. Дар ҳақиқат ҳам, дар сурати ба ин соҳа эътибори ҷиддӣ додан ё дастгирӣ ёфтанаш, на танҳо оилаҳои кирмакпарвар, балки худи давлат низ манфиати беш мебинад. Тасаввур кунед, агар аз 3 кило пиллаи хушк 1 кило абрешим ҳосил шавад, аз ин 25 метр матои атласи тоза ва ё 30 - 35 метр матои адрас истеҳсол шуданаш мумкин аст. Дар бозор бошад, як метр атласи аз абрешими табиӣ бофташуда аз 50 то 90 сомонӣ арзиш дорад. Пас месазад, ки кирмакпарварӣ на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ бояд рушд намояд. Иловатан занону духтарон соҳиби ҷойи кор ва ҳам маоши хуб мешаванд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзӣ дурнамои рушди соҳа ва эҳёи ҳунарҳои қадимаро хуб дарк карда, саривақт дастур додаанд, ки рў ба ҳунари миллии қадима орем. Зеро пўшида нест, ки солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба матоъ ва ресмони абрешими табиӣ, алалхусус матои аз нахи табиӣ истеҳсолшуда афзудаасту рушди кор метавонад, ба яке аз сарчашмаҳои хуби дарёфти маблағ ва ҷойи кор табдил дода шавад. Илова-тан чун бо қарори Раиси вилоят дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳӣ Марказҳои адрасу атласбофӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо ба ресмони сирф шоҳии тоза ниёз пайдо мекунанд.

Ресмони абрешими табиӣ низ имрўз на танҳо барои матоъҳои занона, балки барои соҳаҳои мудофиа, кайҳону варзиш васеъ истифода бурда мешавад. Яъне  талабот ба он зиёд аст. Бесабаб нест, ки мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон, ба монанди Чину Куриё ва Ҷопону Бразилия бо тараққӣ додани соҳаи кирмакпарварӣ мехоҳанд, аз бозори абрешим манфиати бештаре бинанд.

Дар вилоят маъракаи парвариши кирмак ҷараён дорад. Вале мушоҳидаҳо аён месозанд, ки на ҳамаи сокинони деҳот барои парвариши кирмак мароқ ё шавқи хос зоҳир мекунанд. Сабаби ин саривақт ҳавасманд нагардидани кирмакпарварон аст.

Аз ин рў, масъулини соҳаро зарур аст, ки супориши Раиси вилоятро ба эътибор гирифта, тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Фориғболию ҳавсалаи кор надоштани масъулин рушди соҳаро зери суол қарор медиҳад. Пас, амали ҷиддӣ ва азму талоши онҳо кай зоҳир мешуда бошад?

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh