Куҷо шуд савганди гиппократ?
- Details
- Published on Thursday, 06 August 2015 10:16
Дар урфият мегўянд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим бармеояд. Ҳақ бар ҷониби нафаре,ки ин суханонро гуфтааст. Аммо… имрўз шиор тамоман ранги дигар гирифтааст. «Инсони солим аз ташхиси солим вобаста аст». Бемор ба назди табиб меравад, то ба дарди хеш даво бахшаду бо суханони нарм солимии беморро барқарор кунад. Ҳар нафари бемор ба табиб бовар мекунаду барои ба даст овардани ҷисми солим тамоми қувваашро сарф мекунад.
Рўзе дарди гурда маро азият доду назди табиб рафтам. Барои муайян кардани дарди гурда маро ба ташхисгоҳ фиристоданд. Ҳам хун супоридаму ҳам пешоб. Хулосаи ташхисгоҳро баъди ду-се рўз дастрас кардам. Ба табиби уролог натиҷаашро нишон додам. Ў сар ҷунбониду як коғаз доруворӣ навишта дод. Ростӣ, ҳамон шабу рўз маблағи кофӣ надоштам, то дорувориро аз дорухона дастрас созам. Як-ду рўз таваққуф кардам. Дар ин асно шиноси деринаам маслиҳат дод, ки ба ташхисгоҳи дигар анализамро равона кунам. Фардои дигар натиҷаи ташхисро гирифта, тақрибан баъди як-якуним ҳафта боз ба назди табиб бурдам. Аҷабо, ба гўшҳоям боварам намеомад, зеро табиб гуфт, ки ҳамааш сад фоиз хуб аст. - Бе доруву дармон ба дардам даво бахшидам, гўён баромада рафтам. Пас аз чанд рўз аз карда пушаймон шудам, зеро ташхиси аввал маро ором намегузошт. Хуллас, бори сеюм анализамро гирифта, ба ташхисгоҳи аввала бурдам.
Умед доштам, ки боз натиҷаи ташхис бад мебарояд. Хурсандона натиҷааш хуб баромад. Акнун ба ҳайрат омадам, ки чаро ташхисгоҳҳо ба хатогӣ роҳ медиҳанд ва натиҷаҳо гуногунанд. Ба кӣ бояд бовар кард? Ба ташхисгоҳ ва ё дарди ҷонкоҳ?! Ба ин танҳо вақт довар аст!
Пурмоҳи ОЛИМӢ,
сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
* * *
Вақте фарзанд бемор мешавад, баробари ў падару модар низ бемор мешавад. Вақтҳои охир мушоҳида кардам, ки фарзандамро дарди сахти сар азият медиҳад. Аввалҳо ба ин он қадар аҳамият намедодам, зеро дардаш зудгузар буд. Вале ҳодисаи охирин маро сахт парешонхотир кард. Нисфи шаб фарзандам аз хоб бедор шуд, нафасгириаш сусту рангаш парида.
-Модарҷон, сарам сахт дард карда истодааст, - гилаомез гуфт ў.
Ҳолаташ то ҷое расид, ки сар аз болин бардошта натавонист. Зуд «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба хона даъват кардам. Омада, ба дарди фарзандам даво бахшиданд. Худ аз худ дарди сараш гум шуд, вале ба саломатии хубаш нигоҳ накарда, хостам, ки як маротиба пурра аз ташхиси тиббӣ гузарад. Аз ташхиси хун низ гузашт. Натиҷаашро бесаброна интизор шудам ва вақте натиҷаи ташхисро дастрас кардам, гўё дунё дигар дар назарам тираву тор гашт. Аз рўи ташхис муайян гардид, ки фарзандам ба бемории «Геппатити С» гирифтор шудааст. Ростӣ, аҳли оила гўё мотам доштем, охир ў ҳоло ҷавон ҳасту аз куҷо ба чунин беморӣ мубтало гардидааст. Дигар аз гулўям на об мегузашту на нон, қалбам низ дардманд шуд. Бечора фарзандам дигар хурсандиро аз хотир бароварда буд, зеро медонист, ки ин беморӣ табобатнашаванда аст. Дар назараш чизе ва касе наменамуд, ҳамеша ғамгину сархам мегашт.
Ниҳоят ба қароре омадам, ки хуни фарзандамро ба ташхис ба Федератсияи Русия (хешону пайвандонам дар ҳамон ҷо ҳастанд) фиристам. Қариб пас аз як моҳи бароямон вазнин натиҷаи ташхис дастраси мо гашт. Ба чашмонам бовар карда наметавонистам, зеро натиҷаи ташхис хуб баромаду фарзандам солиму бардам будааст, ба дарди сараш камхуниаш сабаб шудааст. Ашки шодии аҳли оилаам, ман ва фарзандамро дубора ба ҳаёт овард.
Вақте ба ташхисгоҳ рафта, сабаби ба хатогӣ роҳ додани онҳоро пурсон шудам, оромона «Натиҷаи ташхиси фарзанди Шумо бо дигар нафар иваз шудааст, узр»-гуфтанду монданд. Хостам, ба суд муроҷиат кунам ва шахси ба хатогӣ роҳдодаро ҷазо диҳам, аммо қалбам шод буду фарзандам солим, ин кирдори табибонро ба Худованд ҳавола кардам.
Вале ҳаминро фаромўш набояд кард, ки як хатогии онҳо маро ба бемории дил гирифтор кард!!! Набояд нафарони бемасъулияту камдониш дар соҳаи тиб фаъолият баранд! Ин чӣ бемасъулиятиву бедодгарӣ!!!
Файзинисо АҲМАДОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд