Дигаргунӣ ба манфиати кор ё ҳасрати ҳайронӣ?
- Details
- Published on Thursday, 06 August 2015 10:17
Имрўзҳо дар соҳаи маориф ислоҳот ва навовариҳо хеле хуб ба назар мерасанд. Яке аз навгонии назаррас ин ба роҳ мондани либоси ягонаи мактабӣ мебошад. Аз ин хеле шоду мамнун гаштам, зеро хуб дарк кардам, ки акнун ҳама хонандагони мактабҳои миёна либоси ягона ба бар мекунанду боиси нигаронии волидайн намешавад. Азбаски фарзандам дар яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил дорад, намехостам, аз дигарон фарқ кунад ва мекўшидам барояш либоси ҳозиразамонро дўхта диҳам. Дар гузашта падарону модарон мекўшиданд, ки либоси фарзандашон беҳтарину гаронбаҳо бошад.
Дар ин радиф падару модароне, ки шароити зисти миёнаҳол доранд, имконияти ба фарзандашон харидани либоси ҳозиразамону қиматро надоранд ва надоштанд. Вале барои фарзандон маблағро қарз бошад ҳам, гирифта, ба фарзанд либоси дилҷустаашро харида медоданд, то аз ҳамсабақони худ дар канор намонад. Аммо имрўз ҳолат тамоман ранги дигар гирифт: ҳама либоси ягона ба бар доранду ягон нафар аз дигарон фарқ намекунад.
Ростӣ, либоси ягона гуфта худро тасаллӣ медодаму гумон кардам, ки як либоси мактабии ба 150 сомонӣ харидаамро фарзандам лоақал ду-се сол мепўшад. Аммо…
«Ба манфиати кор дигаргунӣ ворид мекунем» - гўён ҳамаро ҳайрону парешон сохтаанд. Хеле хуб мебуд, ки матои лозимаро худи падару модарон харида, барои дўхтан ба тарроҳон баранд, шояд он вақт нархи либоси мактабӣ ба 200-250 сомонӣ неву ба 80-100 сомонӣ баробар гардад. Аз мактаб харидан чӣ маъно дорад?
Нигинахон КАЛОНОВА,
сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров