Ҳашарот манзили истиқоматиро фурў бурд!...
- Details
- Published on Tuesday, 11 August 2015 09:12
ТЕРМИТ - дар байни халқ ин ҳашароти зараррасон номи мўрчаи сафедро гирифтааст, зеро ба мўрча монандии зиёд дорад. Термитҳо асосан ашёеро, ки дар таркибаш миқдори зиёди селлюлёза мавҷуд аст, истеъмол мекунанд. Селюллёза асосан дар таркиби чўбу тахта ва баргу буттаҳои дарахт мавҷуд аст. Аз ин сабаб термитҳо метавонанд ба хоҷагии халқ зарари зиёд расонанд. Тадқиқотҳo нишон медиҳанд, ки термитҳо дар як сол то якчанд миллиард доллар зарари худро ба муҳити зисти инсон расонида метавонанд.
Дар ҷаҳон зиёда аз 2800 намуди термит мавҷуд аст, ки танҳо 10 фоизи онҳо зарари худро ба муҳите, ки инсон умр ба сар мебарад, мерасонад. Дар Иттиҳоди Шўравӣ 7 намуди термит мавҷуд буд, ки аз ин миқдор 4 намудаш ба инсон ва хоҷагии халқ зараровар аст.
Имрўз мавҷуд будани миқдори зиёди термит дар шаҳри Конибодом сокинонро ба ташвиш гузоштааст. Таҳлилҳо ва маълумоти мавҷудаи соҳаи санитарии шаҳри Конибодом муайян кардаанд, ки солҳои 1980-1985 дар ин минтақа пайдошавӣ ва паҳншавии ҳашароти зараррасони термит ба қайд гирифта шудааст ва солҳои охир паҳншавии он зиёд ба назар мерасад. Термитҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои Пўлотон, Патар, Шарифов, ба номи Ҳамробоев, Ортиқов, Лоҳутӣ мушоҳида мешаванд. Дар хоҷагиҳои алоҳида болочўбҳои хонаҳо ба ҳолати садамавӣ омада расидаанд. То ба имрўз масоҳати таъсири ин намуди ҳашарот тақрибан 85 га ҳудуди ноҳияро дарбар мегирад ва зиёда аз 2000 хоҷагӣ зарар дидааст.
БЕЗАРАРГАРДОНӢ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ МУАММО
Тавре муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Маҷнун Орифов иттилоъ дод, тибқи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба таҳлили паҳншавии ҳашароти термит ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом гурўҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Конибодом, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ ташкил шуд. Аз тарафи гурўҳи корӣ ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати ба номи Лоҳутӣ аз назар гузаронида шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ маълум гардид, ки деҳаи Қарақчиқум, кўчаҳои ба номи Айнӣ, М.Воҳидов ва «Бозорӣ» аз ҳашароти термит зарар дидаанд.
Он чорабиниҳои безараркуние, ки аз тарафи шўъбаҳои безараргардонӣ амалӣ карда мешаванд, натиҷаи яквақта буда, баъди коркарди хонаҳо бо заҳрдору ҳашаротҳо муваққатан нест мешаванд.
Дар ҷаласаи комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикии шаҳри Конибодом гурўҳи корӣ ба хулоса омад, ки безараргардонӣ бояд давравӣ гузаронида шавад ва дар ин марҳала аз тарафи истиқоматкунандагон дар оянда барои сохтмон оҳану бетон истифода бурда шавад.
Аз тарафи идораи безараркунӣ ва МНДСЭ-и шаҳри Конибодом бо иҷозати шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ дар 378 хонаи истиқоматӣ ба масоҳати 19789 мураббаъ - метр корҳои дезинфексионӣ гузаронида шуд. Корҳои безараргардонӣ идома дошта, мувофиқи нақша, тамоми масоҳати паҳншавии ҳашаротро дарбар мегирад.
МАРДУМИ ОСЕБДИДА
Аз гуфти шаҳрвандони ин деҳа маълум гардид, ки аз солҳои пеш инҷониб корҳои дезинфексионӣ оид ба нест кардани ҳашароти термит бо заҳрхимикатҳои «БИ-58»,»ДУСТ-Гексохлоран»-и-12 – 24-фоиза гузаронида шуда бошад ҳам, баъдан аз сари нав боз пайдо гаштани он ба мушоҳида мерасад. Сабаби асосии паҳншавии термит дар ин деҳа риоя накардани минтақаи муҳофизатии санитарӣ ва наздик ҷойгир кардани хонаҳои истиқоматӣ ба қабристон мебошад.
Мансур Тошматов, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ:
-Ин кирм дар замини истиқоматии мо аз соли 1960-уми асри гузашта пайдо шуд. Ҳамон сол хонаи нав сохта шуда, заминро канда будем, ки кирм аз дохили хок баромад. Аввал ба ин эътибор надодем, аммо баъд аз чанде мушоҳида кардем, ки чўбҳои хона лой пайдо карда истодаанд. Кирм чўбҳоро хўрда буд. Мо барои халос шудан аз ин кирм, ки термит ном дорад, ягон чора андешида натавонистем. Аз ҳамон сол инҷониб мо ду бор хонаҳои истиқоматии худро аз нав бунёд кардем, зеро кирм чўбро хўрда, миёнаи онро сўрох мекунад ва хона ба ҳолати садамавӣ дучор мешавад.
Ҳозир дар ҳавлии мо ва се - чор ҳамсояи гирду атроф ин кирм мавҷуд аст. Агар замин як метр кофта шавад, кирмҳо намоён мешаванд. Мавҷудияти кирм дар маҳалли истиқоматии сокинон, бешубҳа, офати сахтест, ки барои мо хисороти зиёд мерасонад. Баъзе сохтмонҳо ҳатто се маротибагӣ аз нав бунёд шудаанд, оқибат маҷбур шудем, ки ба ҷои чўб аз оҳан ва бетон истифода кунем. Ин навъи сохтмон ҳам қиммат аст ва ҳам ба саломатӣ зарар дорад. Ду маротиба мутахассисон ба хонаи мо омада, бо вазъ шинос шуданд, маротибаи сеюм кормандони санитарию эпидемиологӣ омада, дору зада рафтанд, аммо ҳанўз кирм ҳаст. Ин кирмро нест кардан кори хеле душвор.
С.Деҳқонов аз кўчаи ба номи Бозорӣ:
-Ҳанўз аз даврони шўравӣ мо бо ин намуди ҳашароти зараррасон мубориза мебарем, вале то ба имрўз коре карда натавонистем, зеро заҳрҳое, ки барои нест кардани термитҳо истифода мешавад, дар маҳалли истиқоматӣ набояд ба кор бурда шаванд. Ба чандин ҷойҳо муроҷиат кардем, натиҷае надод. Ду - се моҳ пештар дар ҷамоати мо вохўрӣ бо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид. Дар ин вохўрӣ аз ҷониби сокинон муаммои кирми термит иброз гардид. Раиси вилоят супориш доданд, ки маҳалҳои ҷамоат ки кирм пайдо шудааст, омўхта шаванд ва хулосаҳо барои андешидани чораҳои зарурӣ пешниҳод гарданд. Чӣ қадар ҳаво гарм бошад, кирм ҳамон қадар фаъол мешавад. Зимистон ба зери хок пинҳон мегардад. Намедонем, бо ин мушкилӣ чӣ кор кунем.
Пешгирӣ аз нигоҳи мутахассисон
Мутахассисони соҳа барои пешгирӣ кардани аҳолӣ аз ҳашароти зараррасони термит ва роҳ надодан барои пайдошавии он чанд маслиҳати муфидро ба сокинони зарардида пешниҳод кардаанд:
-Гузаронидани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оид ба зарари моддии ҳашароти термит ва дар оянда сохтмони биноҳои истиқоматӣ аз конструксияҳои оҳану бетон;
-Заҳрдоруҳои дар таркибаш моддаи фосфорорганикӣ дошта бо маслиҳати мутахассисони соҳаи муҳофизатӣ дар растанӣ истифода бурда шавад;
-Дар вақти боришот ҳангоми ҷамъ шудани кирм дар рўйи ҳавлӣ бо маводи заҳрдору коркард кардан;
- Ҳангоми сохтмон истифодаи масолеҳи аз кирм зарардида манъ карда шавад.
Ҳамзамон, аксари сокинон аз таваҷҷўҳи Раиси вилоят ба ин масъала изҳори қаноатмандӣ карданд. Шояд тибқи супориши Раиси вилоят масъулон ин дафъа масъулият эҳсос намуда, мардумро аз ин офат раҳоӣ мебахшанд?
Вақт довар аст. Мо ин мавзўъро пайгирӣ хоҳем кард.
Сурайё ҲАКИМОВА,
Шаҳбонуи СИДДИҚ