Омодагии корхонаҳои коркарди пахта: миқдор беҳ ё сифат?
- Details
- Published on Thursday, 27 August 2015 13:41
Чаро фаъолияти 4 корхонаи пахта боздошта шудааст? Оё хатҳои технологии онҳо ҷавобгўи талаботанд? Мавсими қабули пахта наздик, масъулон чӣ тадбирҳоро амалӣ менамоянд?
Инак, барои деҳқонон, махсусан пахтакорони вилоят маъракаи муҳим - саривақту беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин рўёнидаашон фаро расид. Ин як тарафи масъала бошад, дигараш, бояд онҳо ҳосили ҷамъоварда-ашонро барои коркард ба заводҳои пахтақабулкунӣ супоранд. Оё имрўз корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба қабули дастранҷи марди деҳқон омодаанд?
Бо ин суол мо ба сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев муроҷиат намудем. Ў оиди вазъи омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят чунин ибрози ақида кард:
- Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гурўҳи корӣ таъсис дода, аз 29 июл то 4 августи соли ҷорӣ рафти омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоятро барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 мавриди таҳлил ва омўзиш қарор додем.
Дар натиҷа маълум гардид, ки корхонаҳои пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2014 ба миқдори 97295 тонна пахтаи хом бо вазни кондитсионӣ захира ва коркард намуда, аз он 34516 тонна нахи соф гирифтаанд. Баромади миёнаи нах 35,7 фоиз (меъёр 34,7 фоиз) буда, 55054 тонна чигит ё 56,9 фоиз (меъёр 57,2 фоиз), 1434 тонна тибит 1,5 фоиз (меъёр 1,7 фоиз), 772 тонна торак ё 0,8 фоиз (меъёр 0,7 фоиз) ва 580 тонна пати сиклонӣ ё 0,6 фоиз (меъёр 0,5 фоиз) истеҳсол гардидаанд.
Нишондиҳандаи баромади миёнаи чигит мувофиқи вилоят нисбат ба меъёри муқарраргардида 0,3 фоиз кам гардидааст, ки ин асосан аз ҳисоби корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ «Мўъмин Инвест- Коттон»-и ноҳияи Ашт (баромади ҳақиқӣ 55,7 фоиз - меъёр 56,1 фоиз), бахши зафарободии ҶСП «Деҳқон», ҶДММ «Эрудит» ва ҶДММ «Довуди Зафаробод»-и ноҳияи Зафаробод мутаносибан (баромади ҳақиқӣ 53,9 фоиз - меъёр 57,1 фоиз), (баромади ҳақиқӣ 55,3 фоиз— меъёр 57,5 фоиз) ба амал омадааст. Дар ҶС «Ҳабиб»-и шаҳри Конибодом бошад, аз ҳисоби захира ва коркарди пахтаҳои навъҳои сеюм ва чорум, ки бо намнокӣ ва гаҷнокии баланд ворид гардидаанд, боиси кам шудани баромади тибит шуд ва зағолакҳои истеҳсолӣ аз меъёри муқарраргардида 0,2 фоиз зиёд буданд.
Бо назардошти пастравии нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 барои васеъ намудани майдони кишти пахтаи навъҳои тухмии серҳосили хориҷӣ аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 769,5 тонна чигит, аз ҷумла навъҳои «Делтапайн-5111» ба миқдори 27,6 тонна, «Делтапайн-388» - 5 тонна, «Флора» - 569,7 тонна, «СД-406» - 142 тонна, «Белый извор» - 1,2 тонна ворид шуданд. Ҳамзамон, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба миқдори 46 тонна чигити тухмии навъи «Синҳюйцза - 39» дастрас ва кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шуд.
Имсол низ майдони кишти навъҳои хориҷӣ боз ҳам васеъ карда шуд. Аз натиҷаҳои коркарди ниҳоии пахтаи ҳосили соли 2014 аён гардид, ки баромади нахи пахтаи навъҳои хориҷӣ нисбат ба навъҳои ватанӣ баланд буда, он қиёсан аз 36,7 то 40,7 фоизро ташкил намуд.
Бино ба гуфти Отабек Ҳоҷиев, дар мавсими коркарди пахтаи ҳосили соли 2014 корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, ҶДММ «Фаронак» ва ҶДММ «Зафаробод - Инвест»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Амир-Шукур», ҶДММ «Шариф - Асад» ва ҶДММ «Музаффар ва К»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ «Юсуф - Саркор»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ҶС «Сидней- Хуҷанд»-и шаҳри Қайроққумро қайд кардан ҷоиз аст, ки ба нишондиҳандаҳои баланди сифатӣ ноил гаштаанд. Баромади ҳақиқии нахи софи навъҳои хориҷӣ дар ин корхонаҳои коркард аз 36 то 40,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба баромади ҳисоби миёнаи вилоят аз 0,6 то 2,6 фоизӣ зиёд мебошад.
Инчунин, бояд зикр намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии коркарди пахтаи ҳосили соли 2014 мувофиқи вилоят хуб бошад ҳам, дар корхонаҳои алоҳидаи вилоят, аз ҷумла ҶДММ «Довуди Зафаробод», ҶДММ «Эрудит»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Солеҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶС «Деҳқон»-и ноҳияи Спитамен ва ҶСШК ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Fафуров баромади миёнаи нах нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят паст мебошад.
Алҳол дар вилоят 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолии онҳо дар як сол зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта мебошад. Аз ин миқдор хатти технологии коркарди 12 адади он бо таҷҳизотҳои муосири муҳаррикҳояшон каммасрафи истеҳсоли давлатҳои Чин, Олмон, Туркиё ва ИМА муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин корхонаҳо 2545 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 305 нафар кормандони доимӣ, боқимонда 2240 нафар кормандони мавсимианд.
Оид ба омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба мавсими нави қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 аз ҷониби гурўҳи корӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд. Аз ҷумла, гурўҳи корӣ рафти тайёрии корхонаҳоро мавриди санҷиш қарор дод. Бинобар сари вақт таъмир ва ба талабот ҷавобгў набудан, инчунин соҳибмулк надоштани коргоҳҳои ҶДММ «Эрудит» ва ҶДММ «Данҷин»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Коттон-Сорбон»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва корхонаи пахтатозакунии ҶС ба номи А.Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов аз фаъолият боздошта шуданд.
Нақшаи омодагии боқимонда 21 корхонаи коркарди пахта ҳангоми санҷиш аз 15 то 95 фоизро ташкил дод. Ин коргоҳҳо барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили нав сари вақт базаи моддӣ-техникиро омода намуда истодаанд.
Таъмири асосии хатти технологии коркарди ин корхонаҳо идома дошта, он дар арафаи анҷомёбист. Имрўзҳо гурўҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳисоби мутахассисони соҳа, намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят, Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи КАС - и вилоят ва намояндаи Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилоят омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоятро барои қабул ва коркарди ҳосили пахтаи соли 2015 мавриди санҷиш қарор дода истодаанд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”