Дар «Аксикон» чӣ ҳаст? табобат ё тиҷорат?
- Details
- Published on Monday, 31 August 2015 14:43
Ҳамин ки аз қароргоҳ ё хобгоҳи табобатгирандаҳо болои теппае мебароед, чашмонатон нахуст ба баҳри сафед меафтад. Ин намаки ошӣ аст, ки охираш нопайдост. Дар саргаҳи кони намак, ба истилоҳ «табобатгоҳ», яъне мавзее будааст, ки беморон дар он ҷо муолиҷа мегирифтаанд. Аз як километр дурӣ ҳам одамони урёнро дидан мумкин, ки дар соҳили ин кўли намак ҷунбуҷўл менамоянд.
Аз ин роҳ занҳо ҳам гузашта, ба сўи табобатгоҳи худ мераванд ва хоҳу нохоҳ чашми онҳо ба мардҳои урён меафтад. Баъзе мардҳо шояд бори аввал бошад, бо завҷаи худ барои табобатгирӣ омадаанд (бори дуюм онҳо ҳаргиз ба ин даргоҳ занро ҳамроҳи худ гирифта намеоранд). Ин мардҳоро ҳамарўза асабӣ медидам, зеро онҳо дар вазъияти ногувор буданд. Гумон аст, масъулони табобатгоҳ ба ҳурмати занҳои мўътабар аққалан 20-30 метр матоъ наёфтаанд, ки ҷойи лойқақабулкунии занҳоро аз чашми мардҳо панаҳ намояд.
Хуллас, ба табобатгоҳ, он ҷое, ки бо лойқа муолиҷа мекунанд, омади ва чиптаро ба дасти яке аз мардҳои каландбадаст додам. Ишора намуд, ки ба болои лойи паҳнмонда бо тани урён хобам. Пас бо каланд ба болоям лойи гармро «шалап-шалап» партофт. Пас аз гузашти тахминан 15-20 дақиқа гуфт, ки аз ҷой хезам ва дар ҳавзчаи пур аз намакоб, ки дар болои сарам ҳаст, шустушў намоям. Ҳамин тавр, аз лойқа «тоза» шудам ва либосамро пўшида, ҷониби хобгоҳ баргаштам. Ана ҳамин табобат будааст!
Чунонки гуфтем, шахси мутасаддӣ лойро паҳн карда, ҳар як табобатгирандаро дар дохили лой муддати муайян нигоҳ медорад. Ва ҳамин тавр, шахси дуюму сеюм, даҳум ва садумро ҳамон як лой қабул кардан мегирад. Ҳисоб намудам, ки барои мардон тахминан 60 ҷойи табобат ҳаст ва шахсони мутасаддӣ, бе он ки ҳар дафъа лойро нав кунанд, онро дар тафси офтоб гарм мекарданду беморонро қабул. Аз пагоҳ то бегоҳ пойи одамон аз ин ҷо канда набуд. Дар як рўз дар ду самт (мардонаю занона) то сесад – чорсад бемор ба табобат фаро гирифта мешаванд, зеро ба ғайр аз табобатгирандагон аз деҳоти гирду атрофи ноҳия ҳам одамони зиёде бо мошинҳои шахсӣ ва ҳам бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба ин мавзеъ омада, табобат мегирифтанд. Худо нокарда, касе аз табобатгирандагон ба бемории гузарандаи пўст гирифтор бошад, магар ин тарзи корбарӣ воситаи осони барангезандаи касалиҳо нест? Дигар ин, намакобе, ки дар он шустушў менамоянд ва як чуқурӣ садҳо нафарро дар як мавсим қабул мекунад, хусусан, барои занҳо роҳи осони мубтало шудан ба бемориҳои сироятӣ нест?
Дар табобатгоҳ ду ошхонаи хурд ҳаст ва ба ном як мағоза. Хўрокҳо нархи баланд доранд. Ба 8 сомонӣ як табақча ош медиҳанд (бо нону чояш 10 сомонӣ), ки ба он табобатгиранда сер намешавад. Аз ин хизматрасонӣ ба риққат омада, мо, ҳамхонаҳо хостем, оши палави дастӣ пазем. Аммо на гўшт буду на биринҷу на сабзию пиёз! Ҳатто дар «мағоза» ягон намуди сабзавот ва маҳсулоти полезӣ набуд. Аз соҳиби ошхонае, ки дар назди «Хонаҳои миллӣ» буд, хоҳиш намудем, ки бароямон як кило гўштро бипазад, - 80 сомонӣ мешавад, розӣ ҳастед! – гуфт ў ҳанўз даст ба кор набурда.
Ноилоҷ аз баҳри гўштхўрӣ ҳам баромадем.
Ба хонаи миллии дуюм, ки мо зиндагӣ мекардем, аз Ҷумҳурии Қазоқистон се нафар меҳмонро ҷойгир карданд, ба ду нафар ҷой буду ба як нафар не.
-Имшаб як илоҷ кунед, пагоҳ ин кас мераванд, ба ҷояшон шумо хоб мекунед, - гуфт зани масъули ин кор маро нишон дода ва «кўрпа»-и пурдоғу ифлосро оварда, ба хонаи мо партофт. Бо онҳо ҳамсўҳбат шудем. Аз тоҷикони шаҳри Пахтаарал будаанд. Онҳо гуфтанд, ки даҳ сол боз барои табобат ба ин ҷо меоянд ва шароит имрўз чуноне ҳаст, ки даҳ сол пеш буд.
-Мо ҳамаи барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунем ва аз навигариҳои ҳаммиллатони худ воқифем, - гуфт Каримҷон, ки омўзгор будааст. Ба чӣ ишора кардани меҳмонро фаҳмидам. Дар ҳақиқат, дар табобатгоҳ хизматрасонии тиббию маишию фарҳангӣ дар сатҳи паст қарор дошт. Дуруст аст, ки дар ошхона телевизор буд, вале шумо ҳеҷ гоҳ ба худ раво намебинед, ки ҷои мизоҷони ошхонаро банд намуда, бемалол телевизор тамошо карда нишинед.
Дар боло гуфтем, ки аз лой баромадему тани худро бо намакоб аз лой тоза карда, ба хобгоҳ омадем. Дар ин ҷо барои шустушў ҷой (душ) ҳаст, вале барои одами бисёр он кофӣ нест. Дар тамоми давраи табобат боре надидем, ки оби он гарм шуда бошад.
Рўзи 21 июл ногаҳон авзои ҳаво гирифта, шамоли сахт шуд. Барои вақтро аз даст надодан боз лой қабул кардем ва ба оби сарди намак шустушў намудем. Бегоҳӣ миёни ҳамхонаамон Маъмурҷон сахт дард кард. Ба духтур муроҷиат кардем. Се дона доруи «ношпа» дода, таъкид кард, ки ҳаминро хўрад, асп барин мешавад. Вале дарди бемор намемонд. Хайрият, ҳамшираи шафқат дар байни табобатгирандагон будааст. Вай ду маротиба бо спирт бадани Маъмурҷонро масҳ кард. Дард андаке таскин шуд, вале шаби дароз Маъмурҷон хоб накард ва чун рўз шуд, табобатгоҳро тарк карда, ҷониби хонааш роҳ пеш гирифт. Духтури табобатгоҳ, ки аз ин ҳол бохабар буд, боре ҳам аз ҳоли бемор хабар нагирифт. Шояд, вазифаи вай танҳо аз бемори омада 5 сомонӣ гирифта, фишори хунашро чен кардан иборат бошад?!
Доир ба хосияти шифобахшии лойи табобатии «Аксикон» ҳоҷати гап нест. Агар шифобахш намешуд, аз тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он беморон барои табобат намеомаданд. Шоҳиди он будам, ки ба ғайр аз вагончаҳо, хонаҳои миллӣ, меҳмонхонаҳо одамони зиёде дар болои катҳои саҳни табобатгоҳ, хаймаҳо, ҳатто дар дохили мошинҳои шахсии худ шабро рўз мекарданд. Ба ғайр аз ин, ҳамарўза гурўҳ-гурўҳ бо мошинҳои шахсию ҷамъиятӣ омада, лойқаи табобатиро қабул мекарданд. Яъне, талабот калон, шароит бошад, созгор нест.
Маъмурияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Кони намаки Ашт», ки табобатгоҳ тобеи он будааст, аз афташ, имконияти маҳдуд дорад ва наметавонад, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва васеъ гардонидани он маблағ масраф намояд. Манзури ман он аст, ки табобатгоҳро танҳо мавсимӣ не, балки тамоми сол барои баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Вале на мисли имрўза ва на ба шароит!
Таклиф менамудам, ки табобатгоҳ дар музоядаи озод ба фурўш бароварда шавад, то ки ширкати пурқувват ва ё соҳибкоре онро харида, хизматрасониро ба мизоҷон бо шароити замони муосир ва дар сатҳи баланд ба роҳ монад.
Обиди МАНСУР,
сокини ноҳияи Спитамен