Толори фарҳанг табоҳ, масъулин оё огоҳ?

 Ба ҷои он ки дар ин ҷо иду ҷашнҳои миллӣ гузаронида шавад, он макони «биллярдбозӣ» гардидааст.

«Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон гардидани соли 2015 дар вилоят ба мардум имконият фароҳам овард, ки фарҳангу тамаддуни кишвари худро эҳтиром дошта, барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани мероси бою куҳани худ саъю талош варзанд. Бесабаб чунин иқдом накардаанд.

 Дар ин сол бояд қасрҳои фарҳанг, клубу китобхонаҳое, ки ба таъмир ниёз доранд, таъмир шаванд ва барои ҷалби аҳолӣ ба китобхониву тамошои саҳнаҳои театрӣ омода бошанд.

Дар маркази деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ китобхона ва клуб фаъолият мекард. Сокинон барои хондани китоб аз китобхона пайваста адабиётҳои бадеӣ ва илмӣ дастрас менамуданд. Китобхона дорои асарҳои зиёди шоирон ва нависандагони классик, муосири тоҷику форс ва адабиёти ҷаҳонӣ буд. Китобхона дар назди идораи хоҷагии деҳа ҷойгир буд. Бо таъмиру азнавсозӣ гардидани идора китобхона низ фаъолияти худро қатъ намуд. Тамоми он махзани китобҳое, ки мавҷуд буд, ба китобхонаи мактаби деҳа супорида шуд.

Имрўз аҳволи клуб низ монанди китобхона хеле хароб аст. Тайи чанд сол мешавад, ки рўи таъмирро надидааст. Бори охирин, тахминан 10 сол қабл дар ҳамин клуб гурўҳи ҳаҷвнигорони ноҳия барои сокинон намоишномае гузошта, табъи ҳамаро болида гардонида буданд. Тавре сокинони кўҳансоли деҳа мегўянд, солҳои пеш дар клуб барои баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон ва сокинон филмҳои бадеӣ намоиш дода мешуд.

Чанд сол инҷониб клуб таъмирталаб буда, касе кўшиши обод намудани онро намекунад. Имрўз ба ҷойи он, ки дар фаслҳои зимистону сардии ҳаво дар ин ҷо иду ҷашнҳои миллии кишвар таҷлилу гузаронида шаванд, макони «биллярдбозӣ» гардидааст. Ҳол он ки клуб барои баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон ва сокинон бояд хизмат менамуд. Имрўз ҷашнҳои миллии кишвар дар саҳни мактабҳо гузаронида мешавад. Бинои клуб барои гузаронидани маъракаҳои ҷашнӣ хеле мусоид буда, дар сурати таъмир ва барқарор намудани фаъолияти он чорабиниҳоро тамоми сол бемалол доир кардан мумкин аст.

Бино ба иттилои масъулин, барои нигоҳубин ва тозагии клуб ду нафар вазифадор буда, ҳатто, ба онҳо маош дода мешавад, лекин аз даромадгоҳи клуб маълум, ки чӣ қадар дар гирду атрофи он ифлосӣ мавҷуд аст. Агар беруни бино чунин бошад, пас ҳоҷат ба суханронӣ дар мавриди тозагӣ ва шароити дохили клуб намемонад.

Масъулини деҳа қайд намуданд, ки барои баланд бардоштани маънавиёти мардум бо намоишномаҳои тарбиявӣ ва саҳнаҳои театрӣ клуби деҳаро дар рўзҳои наздик таъмир ва барои истифода тайёр менамоянд. Вақт довар аст...

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh