Ба доди ҳаштсад нафар кӣ мерасад?
- Details
- Published on Monday, 28 December 2015 11:50
Бо таъкиди сокинони шаҳраки Ваҳдат, бо гузашти солҳо ҳанўз масъалаи мактаб, роҳ ва оби нўшокию бунгоҳи тиббӣ дар ин ҷо ҳалношуда боқӣ мондааст.
Масъалаҳои роҳу инфрасохтори шаҳраки Ваҳдат, дастрасӣ бо оби нўшокӣ, ҳолати бинои мактаби рақами 57 ва дигар камбудиҳои ҷойдошта барои зисту зиндагии 800 нафар аҳолии ин шаҳрак ҳамчун мушкилоти ҳалношуда боқӣ мондааст…
Соли 2003 бо сабаби фаромадани кўҳ ва осебпазир будани маҳалли зисташон аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ як қисми аҳолӣ ба мавзеи Даштикони Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳамчун муҳоҷирони экологӣ кўчонида шуданд. Он замон дар биноҳое, ки қаблан дар ин мавзеъ мавҷуд буд ва қисман болопўш надошт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон обод карда шуда, сокинон дар ин хонаҳо ҷойгир гардида буданд. Сокинон мегўянд, ки аз сабаби набудани мактаби нав ва таъминоти пурраи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамон давра ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо масъулин муваззаф шуда буданд. Вале, бо таъкиди сокинони шаҳраки Ваҳдат, бо гузашти солҳо ҳанўз масъалаи мактаб, роҳ ва оби нўшокию бунгоҳи тиббӣ дар ин ҷо ҳалношуда боқӣ мондааст. Аз сабаби набудани оби ошомиданӣ дар баъзан маврид сокинони деҳа наз-дик ду километр роҳро тай менамоянд, то об ба хона оранд.
Ягона нуқтаи оби нўшокии дар ҳудуди шаҳрак вуҷуддошта, ки аз он 800 нафар аҳолии ин шаҳрак бонавбат истифода мекунанд, бино ба гуфти сокинон, баъзан ҳафтаҳо об намеояд ва онҳо маҷбуранд аз ягона нуқтаи об, ки дар масофаи дур ҷойгир аст, истифода баранд. Умеда Хоҷаева - сокини шаҳраки Ваҳдат иброз дошт, ки аксар вақти худро барои гирифтани об дар навбатпойӣ сарф менамояд ва дар фасли зимистон бошад, мушкилоти онҳо дучанд мегар-дад. “Кўдаки шашмоҳаамро дар гаҳвора танҳо гузошта омадам, то ба хона об барам”.
Ба гуфти сокинони маҳал, дар ҳудуди шаҳ-рак, дар ҳар кўча на кам аз 3 ё 4 нуқтаи обгирӣ мавҷуд аст, вале бинобар корношоям будани қубурҳои обгузар ва ҳавзи нигоҳдории об танҳо як нуқтаи оби нўшокӣ (он ҳам дар мавсими гармо барои 140 оилаи шаҳрак) хизмат мерасонад. Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиши бошандагони шаҳраки Ваҳдат гардидааст, ин набудани мактаби алоҳидаи замонавӣ ва синфхонаҳо барои фарогирии шумораи зиёди хонандагон аст.
Умарбек Каттабеков, яке аз омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57-и шаҳраки Ваҳдат мегўяд, ки мактаб ба талаботи замони муосир ҷавобгуй нест, зеро мактаб дар ду хонаи истиқоматӣ ҷой гирифтааст. Шумораи хонандагон аллакай ба 240 нафар расидааст, аммо дар баробари норасоии синфхонаҳо, ҳамчунин ҳуҷраҳои корӣ барои омўзгорон ва маҷлисгоҳ вуҷуд надорад.
Дар ду хонаи истиқоматӣ ҷойгир намудани 240 нафар хонанда аз рўйи адолат нест... - Насибулло Нуруллоев-сокини дигари шаҳраки Ваҳдат иброз медорад, ки 13 сол инҷониб ҳамчун муҳоҷири экологӣ дар шаҳраки Ваҳдат зиндагӣ менамояд. Ў аз чунин вазъи таълиму тадрис нигарон буда, ояндаи фарзандонаш вайро ба ташвиш гузоштааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳрак бинои бузурги бекорхобида, ки қаблан ҳамчун мактаби нав ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш нотамом боқӣ мондааст, мавҷуд мебошад. Сокинон изҳор медоранд, ки як иқдоми наҷиб ва ё як ташаббус зарур аст, то мушкилоти мактаб дар ин шаҳрак бартараф карда шавад.
Масъалаи дигар, ки боиси нигаронии мардуми ин шаҳрак гардидааст, ин вайрон будани ҳолати роҳҳо мебошад. Бошандагони шаҳраки Ваҳдат мегўянд, ки тибқи ваъдаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, роҳи онҳо мебоист дар аввали соли 2015 аз таъмир бароварда мешуд, аммо ваъдаҳо дар ҳаво мондаанд…..
Бо таъкиди Фароғат Гулова - сокини шаҳраки Ваҳдат, агарчи сокинон борҳо барои ҳалли мушкилоташон дар самти обу роҳ, мактаб ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намуда бошанд ҳам, вале то ба ҳол натиҷае надодааст. «Бо оби кашонида ин қадар сол зиндагонӣ намудем, азоб кашидем. Аз ҳукумат илтимос мекунем, ки барои мо кўмак намояд. Мушкилоти моро ҳал кунад, то фарзандони мо соҳиби илму дониш гардида, шаҳракашонро обод намоянд»,-изҳор дошт ў.
Сокинони ин маҳал мегўянд, ки дар оғози соли равон муовини ҳамонвақтаи раиси шаҳри Истаравшан Ўктам Ҷўраев зимни мусоҳиба бо рўзноманигорон оид ба ҷой доштани муаммоҳо дар шаҳрак ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда изҳори андеша намуда, ҳалли онро дар соли ҷорӣ ваъда дода буд. Вале бо гузашти қариб як сол ҳанўз ҳам камбудиҳо бартараф нашудаанд.
Субҳиддин ҚОДИРОВ,
рўзноманигор, шаҳри Истаравшан