Оё савдои кӯчагӣ ба талабот ҷавобгӯ аст?

Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Соли 2016 - “Соли фарди солим” эълон гардидааст. Дар ин радиф бояд масъулини соҳа ҳарчи зудтар дар пайи ислоҳи ҳар гуна камбудӣ шаванд ва нагузоранд, ки ягон нафар сокини кишвар аз маҳсулоти фурўшандагони сарироҳӣ зарар бинанд.  Бозори Панҷшанбе яке аз бозорҳои калон ва, ҳатто асосӣ ба ҳисоб меравад, ки дар кўчаи Шарқ ҷойгир аст.

Дар ин кўча, на танҳо бозори Панҷшанбе, балки Афғонбозор, Бадри мунир, Нури Хуҷанд, Баҳор низ ҷой гирифта, ки мардум барои харидани чизҳои лозимӣ ва бештар озуқаворӣ, аз қабили сабзавоту меваҷот, хўрокворӣ ва ғайра ба ин бозорҳо меоянд.

Маълум шуд, ки тоҷирону соҳибкорон ҳам кўшиш мекунанд, ки анвои ғизоиро аз дўконҳои муайяншудаи бозор ба роҳи пиёдагард бароварда ба фурўш гузоранд. Зимни мушоҳида дар роҳи мошингузари бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд дар вазъи ногувор ба савдо гузоштани анвои ғизоӣ ба назар мерасад. Махсусан, айёми гармо, ки фаро расид, фурўши яхмос, маҳсулоти қаннодӣ, ҳамагуна шириниҳо, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти ширӣ, тухм, гиёҳҳои хушбўи шифобахш ва кабудиҳо, офтобпарасту нўшокиҳо, аз қабили оби газнок, дуғоб, чой ва ҳатто нону моҳӣ ва ҳасибҳои гуногун, ки зудвайроншавандаанд,  дар сари кўча ва дар ҳавои гарм ба фурўш гузошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки  дар  роҳҳои ҳамшафат ҳамарўза ҳазорҳо воситаи нақлиёт чангу хокро ба ҳаво бардошта, ба болои ин маҳсулотро пош медиҳанд ва боиси нороҳатию хатарфизоӣ ба маҳсулотҳои хўрока мегардад.

Инчунин, дар бозор «бозорком»-ҳо фаъ-олият мекунанд, ки вазифаашон гирифтани чипта ва иҷорапулӣ аз соҳибони дўконҳост. Тавре мушоҳида нишон дод, барои фурўши маводи хўрока чандон шароити мусоид фароҳам оварда нашудааст.

Ҳадаф аз омода намудани мавод ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин бозорҳои маркази вилоят мебошад. Дар рафти боздид мушоҳида кардем, ки аксарияти фурўшандагон бесару либоси соҳавӣ ба фурўхтани молу маҳсулот машғуланд, ки ин ҳам хилофи дастурҳои мавҷуда, аз ҷумла стандарти давлатӣ ва либоси ягонаи соҳаи савдо мебошад.

Онахон Ҳакимова – сокини шаҳри Хуҷанд дар сўҳбат норозигии худро баён кард:

-Тўли чанд сол аст, ки дар сари роҳи бозори Панҷшанбе  фурўшандаҳо маҳсулотҳои хўрокаро бароварда, бо нархи нисбатан арзон мефурўшанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Аммо андеша намекунанд, ки дар ин минтақа садҳо мошин мегузарад ва чангу хоки он ба болои сабзавоту тармева, яхмосу нўшокиҳои ташнашикан, нонушириниҳо ва дигар маҳсулотҳо мечаспад ва ба саломатии мардум зарар меорад. Хуб мешуд, ки масъулини соҳа ин муамморо саривақт бартараф мекарданд ва барои фурўшандаҳо шароити хубро фароҳам месохтанд.

Парвиз Каримов гуфт, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои зеботарину кўҳантарини Тоҷикистон ба шумор меравад. Вақте дар гирду атрофи бозор гашту гузор менамоед, дар ҳар як қадами гузоштаатон сари роҳ қуттиҳои яхмос, сигор, ҳар гуна коғазпораҳо, салафанҳои корношоям ба назар мерасанд.

-Ва боз дар атрофи бозор савдогарони кўчагӣ маҳсулотҳои худашонро ба фурўш баровардаанд, ки ман аз маҳсулоти пешкашкардаи онҳо ягон маротиба нахаридаам, чунки он маҳсулотҳо дар офтоб ва таги чангу хок монда, таъму сифати худро гум кардааст ва ба саломатии кас зараровар мебошад, - иброз дошт П.Каримов. 

Масъулини дахлдори шаҳри Хуҷанд бояд бобати ба тартибу низом даровардани фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои озуқа бо соҳибони бозорҳо ҳамкорӣ карда, ба онҳо кўмаки хешро расонанд. Бояд «Гушаи деҳқон» эҳё гардад. Вагарна, чунин бенизомӣ дар бозори кўчагӣ боиси пайдо шудани ҳаргуна бемориҳои сироятӣ хоҳад гашт.

Хотирасон бояд кард, ки бо дастгирии Раиси вилоят ба деҳқонони асил иҷозат дода шудааст, ки дар майдони Регистон маҳсулоти худро ҳар рўз бо нархи дастрас пешкаши сокинон намоянд.

Вале таҳлилҳо бар он аст, ки савдогарон деҳқононро аз майдон ронда, ин мавзеъро низ “ғасб” намуданд! Ба ин мавзўъ боз хоҳем баргашт.

Н.ТУРСУНОВ

Add comment


Security code
Refresh