Вазъи истгоҳ ташвишовар аст!

Дар маҳаллаи 32-юм ва  28-уми шаҳри Хуҷанд, ки роҳ хеле танг аст, бар замми ин бо сабаби набудани аломати роҳ ва чароғаки раҳнамо ҳолати роҳ ташвишовар буда, боиси тез-тез рух додани садама мегардад. Гузашта аз ин, дар ин чорроҳа хати рах-рахи сафеди пиёдагардон низ мушоҳида намешавад, ки бар хилофи меъёрҳои роҳсозӣ мебошад.

Дар чорроҳаи назди парки троллейбусҳо, кўчаи Султон Умаров, маҳаллаи 32 ва маҳаллаи 28-ум  тез-тез садамаи роҳу нақлиётӣ рух медиҳад, ки боиси ташвиши сокинони ин маҳал шудааст. Чунончӣ, мушоҳидаи шахсии муаллифи ин сатрҳо исбот намуд, сабаби аслии он дар миёндавраи чорроҳа насб нашудани ягон аломати роҳ мебошад. Кас намедонад, ки куҷо роҳи пиёдагарду куҷо роҳи мошингард! Аз назди чойхонаи «Ваҳдат» то парки троллейбусҳо бошад, ҳатто роҳ барои пиёдагардон ҷудо нашудаву бар замми ин бо чароғи рўшноидиҳанда таъмин нест, ки шабонгоҳ ин ҷо мавзеи ваҳим арзёбӣ мешавад.

Баҳриддин Шарифов – истиқоматкунандаи маҳаллаи «Ваҳдат» аз ташвишовар будани ҳолати роҳ изҳори нигаронӣ менамояд.

-Ҳатто, оддитарин аломатҳои роҳ таҷҳизотонида нашудааст. Тибқи талабот дар чорроҳаҳо ва роҳҳое, ки дар он одамон бисёр рафтуомад мекунанд, рахи сафед бояд кашида шавад. Мутаассифона, дар ин чорроҳа на аломати роҳ ва на чароғаку рахи сафед дида мешавад. Имрўз аз ин роҳ бисёр ҷавонону наврасон мегузаранд, бояд сари вақт масъулини  соҳа ҳалли ин муамморо бартараф кунанд, - иброз медорад мавсуф.

Ҳамчунин, Алиҷон Абдуллоев ва Маҳбуба Хоҷаева - сокинони ин маҳалла дар сўҳбат хусусан барои бачаҳо ин роҳҳоро хатарзо унвон мекунанд.

-Вақте аз чоркўчаи назди парки троллейбусҳои маҳаллаи 28-ум аз нақлиёти мусофиркашон фуруд меоем, бо тарсу ҳарос ба он тараф ё ин тарафи кўча мегузарем. Бахусус, ба бачагони хурдсол раҳмамон меояд, ки чӣ гуна онҳо аз ин роҳ убур мекунанд. Чунки дар чор тарафи роҳ бисёр мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва дигар намудҳои нақлиёт  рафтуомад доранд,-мегўянд эшон.

Аксари сокинони ин маҳал аз масъулин хоҳиш доранд, ки барои бартараф кардани ин муаммо чораандешӣ кунанд ва сари вақт камбудиро ҳал намоянд.

Хулоса, дар чоркўчаи парки троллейбусҳо, маҳаллаҳои 28,32-юм вазъият хеле хавфнок буда, бинобар набудани истгоҳи таваққуфи нақлиёти мусофиркаш, микроавтобусҳо дар худи чоркўча дар ду тарафи кўча истода, мусофир мефароранд ва ё баръакс. Бахусус, вақте мошинҳои калонҳаҷм ба чоркўча  медароянд, дар натиҷа роҳи мошингузар тамба мешавад, ки ин ҳолат бештар дар пагоҳирўзӣ ва бегоҳӣ ба назар мерасад.

Тавре мушоҳидаҳо нишон дод, дар чоркўча таксиҳои хусусӣ меистанд, ки ин ба рафту омади мошинон ва пиёдагардон халал мерасонад.

Масъулини соҳаро зарур аст, ки сари вақт ин камбудиро бартараф намоянд. Зеро дар «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» чунин ҳолат боиси нигаронист.

Рустами НОДИР

Add comment


Security code
Refresh