Радиоузелро кӣ дуздид?
- Details
- Published on Monday, 23 May 2016 14:24
Метавон ба натиҷа расид, ки ба таври ҳамешагӣ ба ҷавонону наврасон дастрас набудани барномаи радиои «Тоҷикистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун идеологияи пурқудрати миллӣ яке аз сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ пайвастани ҷавонон мебошад. Дар марказҳои шаҳру деҳот ва маҳалҳо аз радиоузелҳое, ки солҳои шўравӣ фаъолият мекарданд, имрўзҳо асаре вуҷуд надорад. Аксарият бар онанд, ки баландгўяки радиоузелҳо ба яғмо бурда шуда, кайҳост симу симчўби он фарсудаву корношоям шудааст.
Радиоузели колхозӣ дар сўҳбати насли солор
Насли солори тақрибан аз 35-40 - сола боло мафҳуми радиоузели колхозӣ ва ё мантиқи узелро дарк мекунанд. Зеро онҳоро дар замони кўдакиву наврасияшон радиоузелҳо тарбият кардаву дар вуҷудашон завқи зебоипарастӣ ва ҳисси ватандориро рехтааст. Аммо дар қиёси ин насли имрўза чӣ тарбият дида истодааст? Репу року ҷаз? Брек-Дансу либоси нофнамову нимаурён?
Тавре аз сўҳбати аксарияти калонсолон бармеояд, замони шўравӣ дар тамоми марказҳои шаҳру деҳот ва маҳаллаҳо радиоузел вуҷуд доштааст, ки шабонарўз 24 соат барномаҳои адабиву фарҳангӣ вуҷуди мардумро пур мекард. Дар пиёда намудани идеологияи пуриқтидори шўравӣ аз воситаи радио ба таври фаровон истифода мешуд, ба ғайр аз радиоҳои марказӣ, ҳатто радиоузелҳои колхозӣ вуҷуд доштааст.
Файзинисо Ҷўрабекова, сокини 58-солаи шаҳри Хуҷанд аз замони ҷавониаш ёдовар шуда мегўяд, маҳз барои баланд бардоштани завқи мардум ва дар вуҷудашон бедор намудани ҳисси ватандориву ватандўстӣ хидмати радио хеле бузург буд.
-Мо вақте ба сарчинкуниву чидани пахта ва дигар корҳои саҳроиву хоҷагӣ машғул мешудем, пайваста ба гўшамон садои радиоузели колхозӣ танинандоз мешуд. Мо, духтарон, ҳатто хаста шуданамонро эҳсос намекардем. Ба ҷуз ин, дар як вақт боиси тезтар ба анҷом расидани кор мешуд ва ҳамзамон дар ботини мо, наврасону ҷавонон ҳисси милливу ватандўстӣ, ахлоқи ҳамидаву фарҳангу адабро таблиғ мекард, - мегўяд бо ҳаяҷон Файзинисо Ҷўрабекова.
Файзулло Атохоҷаев, собиқадори мат-буоти тоҷик бо изҳори таассуф аз нопадид шудани радиоузел ва баландгўяки радиоузелҳо ёдовар шуда, дар замони шўравӣ дар тарбия намудани насли наврас ва, умуман, ҷамъият нақши онро беназир унвон мекунад.
-Дар баландгўяки радиоузелҳо ба ғайр аз барномаҳои радиои марказӣ дар вақтҳои зарурат хабару эълонҳои худи колхозу совхоз, ҷамоату идораҳои дахлдори маҳаллӣ шунавонида мешуд. Ҳисоботи чиниши пахтаву корҳои кишоварзӣ ба таври васеъ ба омма расонида мешуд, ки байни колхозҳо худ аз худ моҳияти мусобиқа ба вуҷуд меомад. Барои колхозҳои ғолиб консертҳои махсуси радиоузел баргузор мегардид, ки як андоза ҳисси ватандории шунавандагонро боло мебурд. Ба ин васила, мактабҳои радижурналистика дар худи идораҳои колхозу ҷамоатҳо ба таври худҷўш рушд мекард, - аз хотираҳои айёми ҷавониаш ёдовар шуда мегўяд Ф.Атохоҷаев.
Ба сафи аҳзоби экстремистиву терро-ристӣ шомил шудани ҷавонону наврасон исбот мекунад, ки пояҳои устувори идеологияи миллӣ ба қадри дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки як қисми насли имрўза аз фарҳангу маданият ва инсонгароиву ватандорӣ фарсахҳо дуранд.
2000 муштарии бехабар ва радиоҳои ғайрикасбии хусусӣ
Тавре аз сўҳбат бо сардори филиали вилояти суғдии ҶСШК «Тоҷиктелеком» Сўҳроб Ғоибов бармеояд, имрўз дар қаламрави вилоят 2000 муштарии радиоузелҳо вуҷуд доштааст.
-Дар миқёси вилоят ба ҷуз 2000 муш-тарии радиоузелҳо боз 222 баландгўяк фаъолият мекунанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо хабарҳои маҳаллӣ шунавонида мешавад,-мегўяд мавсуф.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи номбурда, муштарипулии радиоузел барои шаҳрвандон 50 дирам ва барои корхонаҳо 1 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё воқеан он насле, ки замоне таҳти таронаву гуфторҳои адабӣ ва мусиқиҳои ҷаззобу миллии радиоузел ба воя расидаанд, имрўз аз фаъолияти он қаноатманданд? Ё худ, то куҷо бар ивази маблағи ночизи 50 дирам мардум дастрасӣ ба гўш кардани радиоузелҳоро доранд?
Маҳмуди Ашўрмуҳаммад, сокини шаҳри Конибодом мегўяд, ки аз овони кўдакӣ бо радио калон шудаасту, мутаассифона, имрўзҳо фаъолияти он номбурдаро қаноатманд намекардааст.
-Боре як мўйсафедеро дидам, ки дар дари почта истода, аз вайрон будани радиоузелаш шикоят мекард, ман низ хулоса намудам, ки ҳанўз насли солор ва калонсол радиоузелро гўш мекардаанд, ба ин хотир дар тарбияи ҷомеа нақши радиоузелҳои маҳалливу колхозӣ хеле баланд аст, ки ин равия бояд ба таври замони шўравӣ эҳё карда шавад, - мегўяд Маҳмуди Ашўрмуҳаммад.
Радиоҳои хусусӣ: “Қайнову онаой, буваҷону бўвоҷон…”
Қаблан дар аҳди шўравӣ ҳар як хонаи шаҳрванд радиоузел дошт, ки 24 соат фаъолият мекард. Афсона барои кўдакон, гуфторҳои адабӣ, театр-дар радио, назму наср, шашмақом, сурудҳои миллӣ ва дигар барномаҳои он тавре завқи мардумро тарбият менамуд, ки ҳатто кўдакони 7-сола аз он тарзи истифодаи калимаҳои адабии тоҷикиро ёд мегирифтанд ва дар баробари ин сатҳи фарҳанги омма баланд мегардид. Аммо имрўз чаро дар хонаҳои мардум радиоузел дида намешавад? Ё ҷомеа иштиёқи гўш кардани Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад?
Тавре таҳлил ва сўҳбатҳои ихтисосӣ нишон дод, нисбат ба барномаҳои радиоҳои шахсӣ барномаҳои Радиои Тоҷикистон садҳо маротиба ба стандартҳои миллӣ ва касбияти ҷурналистӣ ҷавобгў аст. Аз ин хотир, бештари забоншиносон низ изҳори нигаронӣ менамоянд, ки бо сабаби камранг шудани фаъолияти радиоузелҳо ом-маи васеъ аз барномаҳои радиои давлатии марказӣ ва радиоузели колхозӣ маҳрум шудаанд.
Ҷўра Юсуфӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо изҳори таассуф аз барномаҳои ба талаботи миллӣ ҷавобгў набудаи радиоҳои хусусӣ ёдовар шуда, бартарияти Радиои Тоҷикистонро дар баландии касбияти он унвон менамояд.
-Гарчанд даврони истиқлол ба хотири рушди демократия ба расонаҳои ғайридавлатӣ имкон дод, то фаъолияти озод намоянд, ки воқеан як падидаи хуб аст. Аммо бобати тарбияи завқи мардум ҳам дар тозагии забон ва ҳам дар маънифаҳмӣ радиоҳои хусусиву ҷамъиятӣ бисёр ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд. Сатҳи касбияти радиоҳои хусусӣ нисбатан ба талабот ҷавобгў набуда, бо истифодаи гуфторҳои маҳалливу лаҳҷавӣ завқи шунавандагонро коста мегардонанд. Дар бобати ҳифзи забони ноби тоҷикӣ бошад, сатҳи касбияти Радиои Тоҷикистон бамаротиб баланд аст, ки кормандони ин радиоҳо хидмати мондагоре дар ин ҷода мекунанд. Зеро барномаҳои адабиву фарҳангии хеле дар сатҳи олӣ омодашуда пешкаши омма мегардад, ки завқи зебоӣ, ҳифзи забони адабии давлатӣ-миллӣ ва доираи адабу фарҳанги ҳамватанонро вусъати тоза мебахшад, - гуфт Ҷўра Юсуфӣ.
Ба ақидаи аксари коршиносон, радиоҳои маҳаллии хусусӣ ба хотири маблағ барномаҳои интерактивӣ созмон медиҳанд, ки дар он сўҳбати телефонии мустақим бо шунавандагон баргузор мегардад. Шунавандагон, ки бо забони лаҳҷавӣ сўҳбат мекунанд, муҷриёни барнома низ ба сатҳи шунаванда фаромада, гуфторҳои ғайриадабиро истифода мебаранд, ки ҷои бахшиш нест!
Ба ин хотир, торафт мавқеи забони барҷастаи адабӣ коста шуда, ба ҷои он забони лаҳҷавию маҳаллӣ рушд менамояд, ки оқибати хеле нигаронкунандаро ба дунбол дорад.
Ба ғайр аз ин, чуноне аз мушоҳидаҳои мо бармеояд, суруду мусиқӣ, барномаҳо ва ҳатто хабарҳои дар радиои хусусӣ таҳиямешуда аз зери таҳрири ҷиддии муҳаррирон нагузаштааст, ки коршиносон ва забоншиносонро нигарон кардааст. То ҷое радио метавонад, дар ҳар шаклу намуде, ки бошад, ба зеҳни омма таъсири мусбат ва ё манфии худро расонад. Зеро истифодаи калимаҳои лаҳҷавӣ дар барномаҳои интерактивӣ ва табрикотии радиоҳои хусусӣ ба амсоли «Қайнову онаой, буваҷону бўвоҷон…» моро ба куҷо мебарад? Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки истифодаи чунин гуфторҳои шевагиву лаҳҷавӣ торафт аз фонди луғавии мардум калимаҳои адабиро шуста, дар як навбат ба кундфаҳм шудани омма оварда мерасонад.
Масъулини шаҳру навоҳӣ, эътибор куҷо шуд?
Суоле ба миён меояд, ки муаммои набудани радиоузел ва баландгўякҳои симчўби қадди роҳ ва маркази шаҳру ноҳияҳоро бо радиоҳои хусусӣ чӣ нисбате ҳаст? Посух низ оддист, ки агар зарф холӣ аз об бошад, маънии онро надорад, ки зарф холӣ аст, балки аз ҳаво пур аст. Набудани радиоузелҳо дар хонаҳои мардум ва маркази маҳаллаву деҳа, шаҳру шаҳракҳо боиси он шудааст, ки ҷои онро радиоҳои хусусӣ бо барномаҳои таҳрирталабу мусиқиҳои ғайримиллиашон пур карда, боиси паст шудани завқи мардум шудаанд.
Ривоят мекунанд, ки дар замони шўравӣ ҷавонону наврасон ва ҳатто кўдакон заковати маънифаҳмиашон чунон баланд будааст, ки ҳатто байтҳои шоирони классикро бароҳатӣ фаҳмидаву шарҳ медодаанд. Зеро дар радио гуфторҳои адабӣ ва тараннуми мусиқиҳои дорои ҳисси милливу фарҳангӣ боиси он мешуд, ки дар зеҳни мардум таъсири мусбат мегузошт. Аммо дар қиболи ин, имрўз айнан шабеҳи зарфи холӣ - набудани радиоузелҳо муҳитеро пеш овардааст, ки ба ҷои он ҳаво-яъне маъниҳои пуч, суруду мусиқиҳои аз назари шўрои бадеӣ нагузашта ва тарғиби суруду мусиқиҳои ғайр мафкураи оммаро пур намудааст.
Бо назардошти чунин костагӣ охири солҳои навадуми асри гузашта дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барномаи давлатии махсуси ба таври густарда дар маҳаллаҳо, шаҳраку деҳот, марказҳои шаҳру навоҳӣ ва ҳатто дар хонаҳои шаҳрвандон паҳн кардани радиоузел қабул шуда буд. Тибқи ин барнома мебоист, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия барои ҳарчи зудтар кушодани нуқтаҳои баландгўяки радиоузелҳо дар кўчаҳо, хонаи сокинон ва ташкилоту корхонаҳо иқдом карда шавад. Аммо аз миён гўё як асри «маҷозӣ» гузаштаву ҳанўз масъулини шаҳру ноҳия беэътиборӣ зоҳир мекунанд.
Агар радиоузелҳо бо диапазони мавҷи Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон идеологияи давлатӣ, суруду мусиқиҳои миллӣ, барномаҳои адабиву фарҳангӣ, театр-радио ва гуфторҳои классиконро ба таври дилхоҳ ба роҳ намонанд, радиоҳои хусусӣ аз паи ҷустани рекламаву пахши мусиқиҳои фач зеҳн ва ақли миллии ҷамъиятро ба фано мебаранд.
Ҷойи афсўс аст, агар радио дастгоҳи бузурги таблиғотии давлатӣ бошад, хулоса низ чунин буда метавонад, ки идеологияи мо бо ҳар ду пояш мелангад. Ин дар ҳолест, ки ҷавонону наврасон ба сафи ҳизбҳои экстре-мистиву террористӣ бесобиқа шомил шудаву боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гаштаанд. Агар тарғиби идеологияи давлатӣ сараввал ба дўши раисони шаҳру навоҳӣ бошад, пас ин корро ба бовари мо худи ҶСШК «Тоҷиктелеком» дар танҳоӣ саришта карда наметавонад. Ба ин хотир, бори дигар бояд гўшрас кард, ки раисони шаҳру навоҳӣ, аз хоби гарон хезед, майнаи мардум бо идеологияи ғайр, фарҳанги бегона ва маъниҳои пуч пур шуда истодааст!
Радиоузел барқарор карда шавад, вагарна…
Ба гуфти коршиносон, чанд омилҳое ҳаст, ки бояд билфосила радиоузелҳо аз сари нав барқарор карда шаванд, вагарна оқибатҳои зерин гиребонгири мо хоҳад шуд:
• Радиоҳои хусусӣ, ки аз пайи тиҷорату пулкоркунӣ овораанд, тақрибан ба моҳияти таҳрири матлабҳои нашрмешуда ва ё интихоби мусиқиҳои ғайру худӣ мароқ зоҳир наменамоянд, маҳз боиси ба фатарот рўбарў шудани шуури мардум мегардад.
• Фазои иттилоот агар бо фарҳанги милливу худшиносӣ пур нашавад, яқин, ки ҷои онро идеологияи бегона ғасб мекунад.
• Дар ҳоле ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зиёд ба чашм мерасад, бояд радиоузелҳо дар ҳар хонадон ва баландгўякҳои радиоузел дар тамоми хиёбонҳои кишвар фаъол бошанд, то ба дилу ҳуши мардум ҳуввияти милливу хештаншиносиро ҷойгир намоянд.
• Дар ин росто, бояд раисони шаҳру навоҳӣ ба унвони пешсафи тарғибгарони сиёсати давлатӣ барои ҳарчи тезтар пиёда намудани ин ҳадаф камари ҳиммат бубанданд.
Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»