Хишти аввал чун ниҳад меъмор рост…

Пайдост, ки ҳар як кори нав, ҳар як тадбири ба тозагӣ андешидашуда бе нақшаи пешакӣ тарҳрезигашта оғоз намеёбад. Аввал оғозу анҷоми онро меандешанд, иҷрокунандагонашро муайян менамоянд, шароиту хароҷоти корро ба ҳисоб мегиранд, пешомадҳои тасодуфию ғайричашмдошт ва ғайраро дар назар медоранд.

Бахусус, агар сухан дар бораи бунёди шаҳри нав равад, масъулияти масъулон   ба маротиб меафзояд. Инак, мавзўи  маводи навбатии мо нақшаи кулли меъмории шаҳраки Сайҳун аст. Паҳлўҳои гуногуни нақшаро ба мо муаллифи асосии он, сардори шўъбаи меъмории Институти ҷустуҷўҳои илмию техникии “Суғд-Интиз” Солиҷон Муҳаммадов шарҳ медиҳад.

Супориши таъҷилӣ

Роҳбари институти номбурда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, марди ботамкин ва ҳалиму меҳрубон Мирзомўъмин Бобоев аз соли 1999  то инҷониб ҳамзамон, сарвари паҷўҳишгоҳи ҶДММ «Суғд-шаҳрофар» мебошад.

Тўли роҳбарии ў паҷўҳишгоҳ аз соли 2010 то ин дам лоиҳаи бисёр иншоотҳои ба назар намоён, аз ҷумла  Маҷмааи  хиёбони Исмоили Сомонӣ, варзишгоҳ барои  25 ҳазор ҷои нишаст,  хонаҳои истиқоматии 5,7,9,12,16- ошёна,масҷиди «Нури Ислом»  дар шаҳри Хуҷанд, таҷдиди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, чойхона барои 1200 ҷойи нишаст, Амфитеатр барои 7 ҳазор ҷои нишаст дар назди Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров ва ғайраро таҳия кардааст,

Яке аз рўзҳои тирамоҳи соли 2014 Мирзомўъмин Бобоев сардори шўъбаи меъмории институт Солиҷон Муҳаммадовро ба ҳузур пазируфта, зуд ба сари мақсад омад:

-Шумо таҷрибаи бой доред, устод! Дар зарфи 20-30 соли охир дар тарҳрезии лоиҳаҳои ободонии бисёр маҳаллаҳои  маркази вилоятамон иштирок кардаед. Акнун  ба Шумо супориши боз ҳам ҷиддӣ ва муҳимтар: нақшаи кулли сохтмони шаҳраки нави Сайҳунро худатон мекашед, дар муддати хеле кўтоҳ. Меъмор  Абдуҷаббор Алиев ёрдамчиатон мешаванд. Вақт танг аст, ба мардуми ниёзманди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он аз шаҳраки нав барои хонаҷо қитъаҳои замин ҷудо мекунанд. Корҳои сохтмон бояд авҷ гирад. Дар ихтиёри Шумо ҳамагӣ 1-2 моҳ. Дар ҳамин муддат лоиҳа бояд тайёр ва дар зинаҳои боло тасдиқ карда шавад. Тафсилоти лоиҳаро худи ҳамин рўз алоҳида маслиҳат мекунем. Барори кор ба Шумо!

Солиҷон ба утоқи кориаш баргашта, муддате ба андеша рафт. «Супориш дар ҳақиқат ҷиддист ва хеле ҳам масъулиятнок,- аз дил гузаронд ў.- Аз роҳбарони аввали вилоят сар карда, то сарварони идораҳои вилоятӣ ва мутахассисон интизори натиҷаи кори моанд. Ман бояд як бори дигар аз имтиҳони сахт гузарам, имтиҳони дар пешистода хеле ҷиддист. Бояд бомулоҳиза, санҷида ва боэҳтиёт амал намоям, зеро бинои алоҳида не, маҳалла не, балки шаҳр месозем, шаҳр-р-р-р!»

Воқеан ҳам Солиҷон дар тўли умри ҳафтодсолааш аз санҷишҳои зиёди ҳаёт гузашта, соҳиби таҷрибаи фаровон гаштааст. Соли 1963, баъди хатми мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Хуҷанд андаке интизори мактуби ҷавобӣ аз Омўзишгоҳи ҳарбии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон гардид, ки ҳуҷҷатҳояшро ба ҳамон ҷо фиристода буд. Азбаски номаи ҷавобӣ наомад, аз  рўи одати азалиаш, вақт-ро бой надода, ба бахши хуҷандии «Тоҷикгипрострой» ба сифати ёвари муҳандис ба кор оғоз кард. Баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси меъморӣ боз ба коргоҳи қадрдонаш баргашт. Соли 1978 дар Институти меъмории шаҳри Москва курси семоҳаи шаҳрсозиро хатм карда, дараҷаи ихтисосашро баланд бардошт. Соли 1986 роҳбари гурўҳи меъморон таъин шуд ва аз соли 1989 то ба ин дам сардори шўъбаи меъмории Институти лоиҳакашӣ мебошад. Барои комёбиҳо дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ ва Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи Иттифоқи меъморони Тоҷикистон- «Беҳтарин меъмори соли 2009» гардидааст.

Ин мухтасари ҳолномаи ў гувоҳи он аст, ки Солиҷон дар ҷодаи меъморӣ шахси муваффақ ва кордону корозмуда мебошад.

Тафсилоти лоиҳаи шаҳраки ояндаи  Сайҳунро худи ҳамон рўз маслиҳат карда,  ба як қарори муайян омаданд.

Боз як Хуҷанди дигар

Ҳангоми муҳокимаи тафсилоти лоиҳаи  шаҳраки оянда аён гардид, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят мақсад доранд, дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як Хуҷанди дигар бунёд карда шавад. Охир, то солҳои 60-уми асри гузаша соҳили рости дарёи Сир саросар аз дашти холӣ иборат буд.

Баъди он, ки дар нимаи дуюми солҳои 60-ум дар болои Сирдарё аввалин пули оҳанин сохтанд, ин мавзеъ ба майдони азими бинокорӣ табдил ёфт ва имрўз ба ҷои дашти сўзони пештара як шаҳри нав, як Хуҷанди дигар қомат афрохтааст ва ба ҳамаи талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгўст. Ҳаёт рўз то рўз пеш меравад, теъдоди аҳолӣ ва эҳтиёҷоти он ба манзили зист меафзояд. Чунин эҳтиёҷмандон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он солҳои охир хеле зиёд шудаанд. Аз ин рў вазифа ба миён омадааст, ки боз як Хуҷанди дигар, боз як шаҳри ободу зебои замонавӣ бунёд карда шавад. Талабот ба лоиҳаи шаҳри нав аз он иборат буд, ки Хуҷанди сонӣ аз Хуҷанди куҳан мукаммалтар, замонавӣ ва барои зиндагӣ қулайтар бошад. Ҳарчанд ки Хуҷанди куҳан низ дар зарфи 40-50 соли охир ба куллӣ дигаргун гаштааст, ба ҷойи аксари биноҳою иншооти пештара иморатҳои нави бисёрошёна, маҳаллаҳои нав пайдо шудаанд, кўчаҳои тангу тори пештараро низ васеъ кардаанд. Шаҳр ба арўси нозанин табдил ёфтааст.

Солиҷон бо назардошти ҳамаи он талаботе, ки нисбат ба нақшаи кулли Сайҳун пешниҳод гардид, ба кор шурўъ намуд. ў варақҳои нахустини сиёҳнависи нақшаро ба Абдуҷаббор медод, вай бошад,  дар асоси технологияи муосир шаклҳои электронии онҳоро тартиб медод. Ин кори онҳо ҳамагӣ якуним моҳ давом кард. Ниҳоят лоиҳа тахт шуд. Онро бо сармеъмори вилоят, кумитаи замин,  идораҳои “Барқи тоҷик”, обу ташноб, ҳифзи муҳити зист ва ғайра мувофиқа карда, ҳамроҳи сардор ва Абдуҷаббор ба Душанбе, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ ду-се бор рафта омаданд. Ниҳоят лоиҳа дар сатҳи боло ҳам бомуваффақият тасдиқ гардид. Аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳам маъқул дониста шуд.

Сипас, корҳо дар шаҳраки Сайҳун авҷи тоза гирифт. Ба эҳтиёҷмандон ва соҳибкорон замин тақсим мекарданд. Садои асбобу техникаи сохтмонӣ баландтар гардид. Омадурафти роҳбарон ва мардум бештар шуд. Ба шаҳрак, ки обу барқро пештар оварда буданд, боиси равнақи корҳои сохтмон гардид.

 Тавзеҳи лоиҳа

Солиҷон Муҳаммадов моҳи гузашта ҷашни 70-солагиашро дар муҳити хонавода хоксорона қайд кардааст. ҳоло, ки ў дар коргоҳаш назди рахти барқади лоиҳаи кулли шаҳраки Сайҳун истода , онро ба мо тавзеҳ медиҳад, ба қомати росту чашмони нурбор ва рухсораи  беоҷангаш  нигариста, кас ҳеҷ гумон намекунад, ки синни 70-ро убур карда бошад.

Танҳо мўйҳои мошубиринҷаш ба айёми пиронсолӣ майл карданашро дарак медиҳанду халос.

-  Шаҳр акнун дар масоҳати 1600 гектар бунёд мешавад, – нақл мекунад Солиҷон. - Бари кўчаҳои асосӣ то 60 метр, кўчаҳои ғайриасосӣ-аз 20 то 35 метр мебошад. Қад-қади кўчаҳои асосӣ биноҳои баландошёна, дар паси онҳо иморатҳои 2-3-ошёнагӣ сохта мешаванд. Дар сар то сари хатти баландшиддати барқ аз ду тараф роҳравҳои васеъ пешбинӣ шудаанд, то ки хатти барқ ба сокинон ва онҳо ба хатти барқ осеб нарасонанд.

Дар лоиҳа ҳамаи инфрасохторҳо, идораю муассисаҳои барои шаҳри замонавӣ зарурӣ, аз қабили маркази маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ, мактаб, боғчаи бачагон, маркази маҳаллаҳо, маркази савдо ва хизматрасонӣ, бозори сабзавот, толори варзиш, варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, дегхона, идораҳои суд, прокуратура, шўъбаи милиса, нозироти андоз, идораи оташнишон,телевизион, бонк, донишгоҳ, биноҳои маъмурӣ, беморхона, таваллудхона, боғи фароғатӣ ва истироҳатӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, автовокзал, ипподром, зеристгоҳи обкашӣ, масҷид ва ғайра ба назар гирифта шудаанд.

- Имрўз дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон ҳангоми устувор намудани пояҳои телефонҳои мобилӣ баъзан душвориҳо ба миён меоянд, - мегўяд Солиҷон,-зеро онҳоро ба ҳар ҷои  пешомада, бахусус дар боми биноҳои истиқоматӣ устувор кардан ҳаргиз мумкин нест. Мо дар лоиҳа инро ба эътибор гирифта, барои пояҳои телефонҳои мобилӣ махсус қитъаҳои алоҳида ҷудо кардаем.

- Ғайр аз ин, - суханашро идома дод Солиҷон, -бо назардошти дастуроти роҳбарияти вилоят ҳангоми таҳияи лоиҳаи кулли шаҳрак ба як масъалаи ниҳоят муҳим ва асосӣ эътибори махсус дода шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд алҳол наздик 160 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунанд. Шаҳраки Сайҳун ҳам ба 40-ҳазор хонавода ва 156 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Сеяки ин қадар аҳолӣ, албатта, бояд қобили меҳнат бошад. Пайдост, ки барои ҳамаи онҳо ҷои кор лозим аст. Қисми шимолу шарқии Хуҷанд минтақаи саноатист. Дар он ҷо заводҳои семент, металлургӣ, дар даромадгоҳи шаҳри Истиқлол (Табошар) бошад, боз як заводи нав сохта шуда истодааст. Ҳамаи ин корхонаҳо аз шаҳраки Сайҳун чандон дур нестанд ва сокинони он метавонанд, ҳамон ҷо бо ҷои кор таъмин гарданд. Ғайр аз ин дар паҳлўи зшаҳрак барои боғдорӣ 7 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст ва ҳоло мардум он ҷо боғ бунёд карда истодаанд. Боғҳои нави олу, сиёҳолу, зар-долу, шафтолу, бодом, анор бо усули қатрагӣ обёрӣ карда мешавад.

- Ҳа, боз як нуқтаи дигар ба ёдам омад,- хушҳолона гуфт Солиҷон. - Дар оянда ба шаҳрак аз хориҷа таҷҳизотеро меоранд, ки оби ташнобро тоза мекунад ва онро барои обёрии полезӣ истифода бурдан айни муддаост.

Ҳангоми сўҳбатамон ба ў хабар доданд, ки баъд аз пешин бояд ҳамроҳи сардор ба Сайҳун равад.

Тафсилоти сафар

Рўзи дигар  ҳангоми сўҳбат аз Солиҷон пурсидем, ки сафарашон ба шаҳраки Сайҳун чӣ тавр гузашт.

- Дар шаҳраки Сайҳун муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо роҳбарону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ машварат орост,-гуфт дар ҷавоб Солиҷон. - Масъалаҳои таъминот бо барқ, об, сохтмони роҳҳо ва ғайра муҳокима карда шуданд. Талаботро ба қувваи барқ, масолеҳи ба барқчиён зарурӣ, оби ошомиданӣ ва полезӣ, эҳтиёҷоти роҳсозон ва ғайра бори дигар аниқ карданд.

Ҳаҷми корҳо дар ободонии шаҳрак хеле калон аст. Пастию баландиҳо дар дашти Сомғор ва атрофи он ҳоло зиёданд, онҳоро ҳамвор кардан, ба роҳсозон, барқчиён, миробҳо мувофиқ гардондан лозим аст. Ин корҳо бе маслиҳату машварат ба субут расонда намешаванд.

- Ин гуна машваратҳо зуд- зуд гузаронда мешаванд,- гуфт бо табассум Солиҷон,-умуман, як пои мо ҳамеша дар Сайҳун аст. Агар ҳавас дошта бошед, пагоҳ ҳамроҳ ба он ҷо меравем ва ман дар худи ҳамон маҳал шумоёнро бо ҷузъиёти лоиҳа, бо мақсаду мароми он шинос мекунам.

- Кошкӣ,- гуфтем мо хурсандона ва зуд розигӣ додем.

 Шунидан кай бувад  монанди дидан

…Мошин аз ҳудуди Хуҷандшаҳр баромада, ба роҳе, ки сўйи шаҳраки Бўстон мебарад, рост шуд. Аз ин роҳ ягон 40 сол пеш, вақте ки дар шаҳри Тошканд таҳсил мекардем, бисёр гузаштаем. Он замон ду канори он аз дашти холӣ иборат буд. ҳоло дар ин макон моро дарахтони сабзу хуррам, биноҳои истиқоматию истеҳсолӣ истиқбол мекунанд ва ба мо рў оварда, гўё мегўянд: Замон пеш рафтааст, шумо аз ҳаёт оқиб мондаед… Баъди чанде тай намудани роҳ каме дуртар, дар канори рости он бинои майдаҳаки сафед ба назар менамуд, ки дар рўйи девораш бо ҳарфҳои хоно «Сайҳун-2» навиштаанд.

- Он ҷо пойгаҳи обкашист, алҳол ду насос кор мекунад, оянда теъдоди он ба шаш адад мерасад,- мегўяд роҳбаладамон.- Аз ин ҷо обро ба ҳавзи боло медиҳанд, аз он ҷо ба шаҳр тақсим мекунанд.

Чун ба даромадгоҳи шаҳрак, он ҷое, ки нишони барқади шаҳраки Сайҳунро гузоштаанд, расидем, мошин ба тарафи рост тоб хўрд.

- Мо ба маркази шаҳрак равонем,- гуфт Солиҷон. ҳарчанд аз ин пеш ба ин ҷо омада будем, ба ҳар як ҳарфи Солиҷон бодиққат гўш медодем. Охир, ў мутахассис аст, ҳар як қитъаи ин мавзеъро аз ёд медонад, дар сари ягон масъала  дарнамондааст. Куҷое, ки мо равонем , кўчаи марказӣ, яъне асосист, он баъди андак масофа ба нуқтаи даврашакл рафта мерасад ва аз он нуқта чорраҳа сар мешавад, ки ба чор гўшаи шаҳрак мебарад. Оянда аз ин кўча, тавре Солиҷон гуфта буд, шаш қатор мошинҳо ҳаракат хоҳанд кард, - се қатор ба тарафи пеш , се қатор ба тарафи муқобил. Дар мобайн растаи гулу гулбуттаҳо тўл хоҳад кашид.

Аз ҳоло ду тарафи кўчаро чароғпояҳои якхелаи оҳанин зеб медиҳанд.

Мо  ба ҳамон чорраҳа наздик шудем. Ин ҷо бинокорон дар тарафи рости кўча сохтмони ошёнаи якуми бинои баланқабатаро ба анҷом расонда, дар назди он партовҳоро меғундоштанд.- Ин аввалин бинои 9-қабата, дар паҳлўяш боз 5 чунин бинои 9- ошёна сохта мешавад,-гуфт Солиҷон.

Баъди бо бинокорон ҳолпурсӣ кардан аз паси Солиҷон ба таҳхонаи бино фаромадем. Хонаи тозаю озода, мизу курсиҳо гузошта шудаанд. Дар  деворҳои он нусхаи нақшаи кулли шаҳрак, лоиҳаҳои таъминоти об ва барқро часпондаанд.

- Ин ҷо маҷлисгоҳи муваққатӣ барои гузарондани ҳар гуна машваратҳои корӣ доир ба масоили сохтмони шаҳрак,- моро огоҳ месозад Солиҷон ва баъд назди нақшаи кулли шаҳрак истода, суханашро давом медиҳад:- Дар лоиҳа дар боби истифодаи самараноки ҳудуди шаҳрак барои таъмини фаъолият ва ҳаёти мусоиди шаҳрвандон таклифҳои судманд пешниҳод карда шудаанд. Ҳудуди  шаҳр ба 23 қасаба (микроноҳия) тақсим карда шудааст, ки дар онҳо маҳаллаҳои истиқоматӣ бо муассисаҳои ба мардум хизматрасон, боғу хиёбонҳо, кўчаю майдонҳо, иморатҳои таълимию хоҷагӣ ва муассисаҳои дигари дорои аҳамияти умумишаҳрӣ, корхонаҳои саноатии безиён ҷойгиранд.

Дар лоиҳа ба шаклёбии биноҳо дар қад-қади роҳҳои асосӣ  ва сохтмонҳои наздиҳавлигӣ дар дохили қасабаҳо диққати асосӣ дода мешавад. Биноҳои истиқоматӣ тавре ҷойгир карда шудаанд, ки онҳо аз шамолҳои сахт эмин бошанд.

Рўи ҳавлии биноҳо ободу зебо ва кабудизор гардонда, дар он ҷо майдончаҳои кўдакона, варзишӣ ва хоҷагӣ бунёд карда мешаванд.

Зичии фонди манзил 3000 мукааб-метр ба як гектар мебошад.

Зичии аҳолӣ мувофиқи шаҳр баробари 100 нафар ба як гектар аст.

Чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани муҳити табиии шаҳр ва атрофи он, инфрасохторҳои муҳандисию нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи оқилонаи  неъматҳои табиат, ҳимояи муҳандисии ҳудуди шаҳр аз таъсири хавфноки табиат дар назар дошта шудаанд.

Сарҳалқаи асосие, ки дар нақшаи кулли шаҳр сабт ёфтааст, маркази умумишаҳрист, ки дар дохилаш биноҳои ҷамъиятӣ ҷойгир хоҳанд буд.

Дар тарзи ҷобаҷогузории муассисаҳои фарҳангию маишӣ асосан талаботи мардумро ба назар гирифта, онҳо дар тамоми ҳудуди шаҳр баробар тақсим карда шудаанд. Барои робитаи қулайи марказ бо ҳамаи гўшаҳои шаҳр тартиби қатъии роҳҳои нақлиётгардро интихоб кардем. Он имкон медиҳад, ки барои ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ ва пиёдагардон байни қисматҳои алоҳидаи шаҳр роҳҳои нисбатан кўтоҳ ва қулай интихоб карда шавад.

Дарозии умумии кўчаҳои асосии шаҳр 41 километр мебошад.

Лоиҳаи сохтмони шаҳр барои 100.000 нафар аҳолӣ дар шакли электронӣ аз рўи барномаи Aқhi CAD омода карда шудааст. Бартарии шакли электронӣ дар он аст, ки минъбад маълумоти шаҳрсозиро омода карда, ба он тамоми тағйироти ҷориро мувофиқи шаҳр дохил намуда, ҳамаи маводҳои лоиҳавиро ба миқдори даркорӣ дар тамоми қитъаҳо, дар ҳаҷми гуногун зиёд карда, инчунин ҷузъиёти сохтмони қитъаҳои шаҳрро аниқ кардан мумкин аст…

- Қисса кўтоҳ, баробари пешрафти ҳаёт илми шаҳрсозӣ ҳам ба зинаҳои нави тараққиёт раси-  дааст. Шубҳае нест, ки шаҳраки Сайҳун бо тамоми шарту шароитҳои шаҳрсозии муосир бунёд мегардад, - ба тавзеҳоташ нуқта  гузошт Солиҷон ва моро ба тамошои ҳавзи болокушоди қисми болои шаҳрак бурд.

– Ҳаҷми ин ҳавз  100 бар 60 аст, – гуфт Солиҷон, - яъне бараш 60 метру дарозиаш 100 метр аст. Ғунҷоишаш 20 ҳазор мукааб-метр мебошад. Об аз Сирдарё тавассути ҳамон зеристгоҳи «Сайҳун -2», ки  вақти аз шаҳр омаданамон дида будем, бо қубурҳои зери замин хобонидашуда омада, ба ҳавз мерезад. Ва аз ин ҷо ба тамоми шаҳрак тақсим карда мешавад.

Оби каб – кабуди зулол аз таъсири шамоли дашт мавҷ мезад. Ба назар чунин мерасид,ки мо  на дар  назди ҳавз, балки лаби баҳр қарор дорем. Ба эъҷози дастони бунёдкорон мафтун гардидаву таҳсин хонда, озими шаҳри Хуҷанд  мегардем.

Дар роҳи бозгашт Солиҷон ҳар гоҳ  аз ҷузъиёти нақшаи шаҳрак чизеро ба хотир оварда , онро ба мо шарҳ медиҳад. Дар симои ў мо ҳисси ифтихорро пай мебарем Бале, ў ба ин ҳақ дорад. Боре ба мо гуфта буд, ки сирри ҳамаи комёбиҳояш аз дуруст дарк намудани қадри вақт аст, вақтро бесамар нагузарондааст. Дар умраш ягон бор бекор нанишас-тааст. Оре,умре, ки то ба ин дам паси сар кардааст, пурсамар гузаштааст. Заҳмати ў дар маҳаллаҳои навбунёд, биноҳои зебо, хиёбонҳои дилкаш, қасрҳои пурнақшу нигор нақш бастааст.

Сухани шоирро андаке тағйир  дода мегўем:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор рост,

То  Сурайё меравад девор рост.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати тоҷикон - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамаи онҳое,ки ба сохтмони шаҳраки Сайҳун худро масъул  мешуморанд, ҷумлаи афроде,ки имрўз ҳудуди  шаҳракро майдони набард интихоб кардаанд, Солиҷон ва ҳамкорони ў, ки нақшаи кулли шаҳ-ракро кашидаанд, хишти аввалро дуруст ва рост гузоштаанд. Ба ин рафти босуръати корҳо дар шаҳрак ва торафт дигаргун шудани симои дашти собиқ  равшан гувоҳӣ медиҳад.

Муқим АБДУРАҲМОНОВ,
Файзулло АТОХОҶАЕВ
Суратгир Инъомҷони РАБИЗОД.
Хуҷанд-Сайҳун-Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh