«Панҷшанбе» кай ба танзим медарояд?

Дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд имрўз бо баракоти ҳосили дастранҷи деҳқонони вилоят маҳсулоти хоҷагии қишлоқ фаровон аст. Аз саҳарии барвақт марди деҳқон маҳсулоти худро ба бозор бароварда, бо нархи арзон мефурўшад. Савдогарон бошанд, нархи маҳсулоти харидаи худро қадре баланд бардошта, боз ба фурўш мебароранд ва ба ин васила  зиндагии худро пеш мебаранд.

Чек гиру баъд савдо кун, набошад…

Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, деҳқонон дар майдони «Регистон»-и бозори «Панҷшанбе» бояд дастранҷи меҳнати худро бо нархи ба харидор дастрас ба фурўш бароранд. Ҳамчунин, ба онҳо гуфта шудааст, ки дар ҷойи муайяншуда бе супоридани маблағ ва гирифтани чек савдо кунанд.

Тибқи мушоҳида ва пурсишҳо маълум гардид, ки дар майдони «Регистон»-и бозори «Панҷшанбе» деҳқонон маҳсулоти худро саҳарии барвақт бо нархҳои хеле арзон ба фурўшандаҳои кўчагӣ фурўхта, аз паи кори худ мешаванд.

Нафарони «дасти дуюм» маҳсулоти кишоварзиеро, ки аз деҳқонон мехаранд, дар майдони мазкур ба фурўш бароварда,  то «чек»  нагиранд, савдо  карда наметавонанд. Зимни сўҳбат маълум гардид, ки  саҳарии барвақт 3-4 нафар ҷавон омада, аз онҳо барои ҷой маблағ талаб мекунанд. Дар сурати напардохтани маблағ, ба қавли худи фурўшандаҳо, онҳоро аз ҷои марҳум мекунанд ё қуттиҳои борашонро ба рўи замин пошида,  ҷанҷол мебардоранд.

Баъди гузорише, ки телевизиони вилояти Суғд дар ин масъала омода ва намоиш дод гумон кардем, ки ҳолати маблағситонӣ аз байн бардошта мешавад, мутаассифона, ин ҳолат аз пештара дида зиёдтар шудааст. 

Қадриддин Ҷаҳонов, ки дар ин ҷо ба фурўшандагӣ машғул аст, мегўяд, ки ба гуфти нафарони  маблағситон, гўё ин супориши ҳукуматист...

- Ман соҳиби се фарзандам, фарзанди калониам дар муҳоҷирати меҳнатист. Чанд вақт мешавад, ки барои мо маблағ намефиристад, яъне дар он ҷо кори аниқ несту сарсону саргардон гаштааст. Ман бо фурўши моли чакана зиндагии худ ва набераҳоямро бо азоб пеш бурда истодаам.

Намедонам, аз ин ҳолат ба куҷо арз намоям ва дар куҷо маҳсулоти худро ба фурўш аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров бароварда, зиндагии худро пеш барам, - гуфт мевафурўш аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров Мўътабар.

Сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Умеда Бобоева чанд сол инҷониб дар майдони «Регистон» ба фурўши сабзавот машғул аст. Ў мегўяд, ки масъулини бозор вобаста ба ишғоли ҷой аз мо - фурўшандагон аз 1 то 8 сомонӣ маблағ меситонанд.

Мо бо чанд нафар фурўшандагон роҷеъ ба ин масъала сўҳбат кардем, аммо  аз тарси маҳрум шудан аз ҷой нахостанд, худро муаррифӣ намоянд. Онҳо мегўянд, ки дар ин ҷо гўё сари қил нишастаем. Дар баробари сухан гуфтан мабодо ки аз ҷоямон маҳрум нашавем.

Ноогоҳии масъулини бозор

Хостем, аз масъулини бозори марказии «Панҷ-шанбе» пурсон шавем. Зимни сўҳбат маълум гардид, ки масъулини бозор аз маблағ гирифтани кормандони бозор аз фурўшандаҳои майдони «Регистон» бехабар мебошанд. Масъулин  мегўянд, ки аз ин амал огоҳӣ надоранд ва намедонанд, маблағро киҳо ҷамъоварӣ мекунанду он ба куҷо сарф мешавад?!

Сайдулло Ғиёсов - роҳбари бозори «Панҷшанбе» дар сўҳбат иброз намуд, ки ҳамаи он чекҳое, ки дар дасти фурўшандаҳои майдони «Регистон» мавҷуд аст, аз дохили бозор буда, бо мақсади тезтар ба фурўш рафтани маҳсулоташон ба берун мебароранд.

Лекин аз сўҳбати фурўшандаҳо маълум гардид, ки онҳо аз саҳарии барвақт дар майдони «Регистон» ба фурўхтани маҳсулотҳои худ  машғул мешаванд, на дар дохили бозор.

Нигора Юлдошева - деҳқонзан иброз дошт, ки тўли 8 сол инҷониб ба фурўхтани маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст, шароит надорад, ки дар дохили бозори «Панҷшанбе» савдо кунад. Дар дохили бозор барои ба фурўш баровардани маҳсулот ҷой нест ва бошад ҳам, маблағи калон талаб мекунанд, ки мо қудрати пардохти онро надорем.

“Бош, ако, гурез, мегазад ароба”

Як муаммои дигар ин аст, ки дар қадди роҳи бозори «Панҷшанбе» ва гирду атрофи он аробачаҳо, яъне «мағозаҳои сайёр» бисёр шудаанд. Фурўшандаҳоеро мебинӣ, ки «бош, гурез, мегазад ароба» гўён «мағозаҳои  сайёр»-и худро ба ҳар ҷонибе, ки дилашон хост, ба ҳаракат медароранд.

 Вақте чанд маротиба чунин аҳволро мушоҳида кардем, хостем, аз пайи омўзиши ин масъала гардем. Бо чанд нафар аробачӣ сўҳбат кардем. Баъзеи онҳо меҳаросиданд аз ҷавоб гуфтан. Нафаре посух дод, ки ҷойи муайян надорад, вале иҷорапулӣ месупорад. Ҳайрон шудем аз чунин ҷавобу дар пайи дарёфти шарҳ гаштем.

«Бар замми ин, ҳар рўз ба «амакҳои нохонда- амон» сари ҳар як дона либоси фурўхташуда ду сомонӣ медиҳем», - мегўянд фурўшандаҳои «мағозаҳои сайёр». Худ қазоват кунед, ки берун аз бозор имрўзҳо чӣ қадар фурўшандаи бо «ароба» зиёд аст. Агар аз ҳар яки онҳо, аз ҳар либос ду сомонӣ гиранд, чӣ миқдор мешуда бошад, инро танҳо худи кормандон медонанду Худо!

Ба тозагии бозор кӣ ҷавобгар аст? Фурӯшанда ё...

Бозор бояд ҳамеша тозаву озода  бошад. Зеро ҳамаи меҳмононе, ки ба шаҳр меоянд, пеш аз ҳама, аз бозор ва дигар ҷойҳои таърихӣ дидан мекунанд. Баробари ворид гардидан ба бозори «Панҷшанбе» ифлосиҳои бозор табъи харидоронро хира мекунад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ҷўйборҳои назди бозор бўи ғализи ҳар гуна партовҳо ба машом расида, табъи касро хира месозад.  Дар чунин шароит сокинон ва фурўшандагон наметавонанд, нишаста, каме ҳам бошад, дар нишастгоҳҳо истироҳат намоянд. Бар замми ин  назди нишастгоҳро  дўконҳои яхмосу  нўшокиҳои ташнашикан банд кардаанд.

Дар хусуси ин масъала масъулини бозори «Панҷшанбе» мегўянд, ки мо ба тозагии бозор аҳамияти ҷиддӣ  медиҳем. Лекин ҳангоми гузаштан аз назди бозор ифлосиҳои зиёде ба чашмамон намудор шуд. “Тозагӣ - гарави саломатӣ” мегўянд. Ҳол он, ки бо ибтикори Раиси вилояти Суғд, мўҳ-тарам Абдураҳмон Қодирӣ «Соли 2016 - Соли фарди солим» эълон гардидааст. Ин иқдом масъулинро водор месозад, ки ба тозагии гирду атрофи бозор, бахусус, дар фасли гармо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро дар ҳавои гарм аз ин ифлосиҳо бўйҳои нохуш омада, боиси нороҳат гаштани сокинон мегардад.

Фурўшандагон мегўянд, ки ифлосиҳоро тоза намекунанд, аммо ҳангоми сўҳбат як нафар рўбандаи бозор, ки машғули рўбучини  майдони «Регистон» буд, гуфт, ки фурўшандаҳо низ ба тозагии майдон бояд риоя намоянд ва маҳсулоти пўсидаю баргҳои ҳар гуна сабзавотро напартоянд.

Пас, дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ба тозагии бозори марказии «Панҷшанбе» ва майдони «Регистон» кӣ ҷавобгар аст? - Деҳқон, фурўшанда, харидор ва ё масъулини бозор?!

Масъулини дахлдори шаҳри Хуҷанд бояд дар бобати ба тартибу низом даровардани фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои озуқа бо соҳибони бозорҳо ҳамкорӣ карда, ба онҳо кўмаки хешро расонанд. Бояд «Гўшаи деҳқон» эҳё гардад. Вагарна чунин бенизомӣ дар майдони «Регистон» боиси пайдо шудани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегардад.

Вале таҳлилҳо бар он аст, ки савдогарон деҳқононро аз майдон танг карда, ин мавзеъро низ «ғасб» намудаанд!

Дар оянда мо ин мавзўъро боз пайгирӣ хоҳем кард…                                   

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
Суратгир Инъомҷони РАБИЗОД,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh