Татбиқи қонуни забони давлатӣ беҳбудӣ металабад
- Details
- Published on Thursday, 25 August 2016 15:06
Чанде қабл муаррихи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Шукур Султонов ба муаллифони ин сатрҳо занг зада, мисли ҳарвақта аз кору зиндагӣ, фаъолияти илмиву эҷодӣ, омўзгорӣ пурсон шуданд. Устод дар фарҷоми сухан пешниҳод намуданд, ки оё майли дар ошхонаи миллии «Барбаросса» сари як пиёла чой сўҳбат карданро дорем ё не?
Маслиҳат кардем, ки рўзи дигар дар ошхонаи «Барбаросса», ки дар соҳили дарёи Сир, маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд воқест, вомехўрем. Маълум гашт, ки устод ба ин мулоқот боз доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нўъмонҷон Ғаффоровро, ки ҳангоми рухсатӣ ба Хуҷанд омадаанд, низ даъват намуда буданд.
Мо-чор нафар вориди ошхонаи миллии «Барбаросса» гаштем ва сари миз нишастем. Пазироӣ, хизматрасонӣ аз ҷониби пешхизмат - духтараки зебо ва нармсухану боодоб-Фирўза табъи моро хуш намуд. Таому шакароб ба дараҷаи аъло буд.
Мақсади ба ин ошхонаи «миллӣ» таклиф шуданамон ба мо баъди чанд лаҳзаи сўҳбат аён гашт. Устод, ки хеле ошуфтаҳол ба назар мерасиданд, бо изтироб сухан оғоз намуданд. Гуфтанд, ки бо тасодуфе яке аз рўзҳои истироҳат дар тўйхонаи маъруфи шаҳр, паҳлўи «Барбаросса» дар маросими оши тўй иштирок доштам. Баъди анҷоми маърака аз самти шарқии шаҳр ба сўи ҷазираи Чумчуқ-арал, ки имрўз бо номи Наврўзгоҳ маълум аст, раҳсипор шудам. Ногоҳ чашмам ба лавҳаи ба як назар аҷоибу ғароиби аз тамаддун дури «Ошхонаи миллии Барбаросса» афтид. Ба ҳайрат омадаму хун ба сарам зад. Ба худ суол медодам: тавба, ин хоб аст ё бедорӣ? Ба паси девору панҷараҳои фўлодини он ба ном ошхонаи миллӣ назар афкандам: дар рўи ҳавлии ошхона қариб даҳ айвончаи кўчак ба назар мерасиданд ва бинои боҳашамате аз бетону тирезаҳои нилгун сохташуда қомат афрохта.
Аввалин суоле, ки падид омад, чунин буд: наход ки дар Хуҷанд чунин кўтоҳандешӣ, дурусттараш, бетарафӣ имконпазир гашта бошад? Наход надонанд, ки Барбаросса кист? Чаро ўро ба Хуҷанд овардаанд? Ҳамин саволҳо буд, ки шуморо ба ин ҷо даъват намудам, то дарди дил гўяму каме бошад ҳам, сабук шавам, - изҳор доштанд Шукур Маллабоевич ва илова карданд, ки вақти аз манзилашон, аз маҳаллаи 12-уми шаҳр ба ин ҷо омадан дар хатсайри рақами 9 аз даҳҳо ҳамшаҳриёни худ суроғаи ошхонаи «Барбаросса»-ро пурсон шудам, баъзеҳо ҷавоби медонам ё намедонамро медоданд. Аз чанде аз ҳамсўҳбатон пурсидам, ки «Барбаросса» чӣ маъно дорад, ў кист, чаро дар Хуҷанд номи ўро абадӣ сохтаанд? Касе ҷавоби мусбӣ надод, ҳама китф дарҳам кашида, мегуфтанд, ки ин ном барояшон номаълум аст.
Мо-нафарони ба мулоқоти имрўзаи устод-омада аз рамузи сўҳбаташон пай бурдем, ки ин падидаи ноҷўр ва бемантиқу бемасъулиятона дар мавриди номгузории ин гўшаи фароғатии шаҳри бостонии Хуҷанд ба номи як шахсияти барои таъриху фарҳанги мо тамоман бегона – императори Олмон Фридрих Барбаросса боиси озурдахотирӣ ва таассуфи муаррихи тавоно, зиёии асил ва ватандўсту ҳимоятгари ҳақиқии таъриху фарҳанги тоҷикон гаштааст.
Устод изҳор намуданд, ки ба ин ноҷўрӣ ба чанде дигарон ҳам ишора намуданд, вале касе рамузу мақсади маро пай набурд. Устод бо як тамкину нармии ба худ хос аз пешхизмат чаро ошхонаи шумо номи «Барбаросса»-ро гирифтааст, ў кист, ин ном чӣ маъно дорад, - гўён пурсон шуданд. Табиист, ки пешхизмат чизе ҷавоб надод. Сипас аз ҷавоне, ки худро корманди ошхона муаррифӣ намуд, посухи саволҳои болоиро пурсон шуданд. Маълум шуд, ки ин ҷавон ҳам дар ҷавоби ин саволҳо мушкилӣ мекашад.
Мо аз пешхизмат хоҳиши бо яке аз шахси масъули ин мавзеъ сўҳбат карданро кардем, вале касе аз шахсони масъул набуд. Сипас, дафтари арзу шикоятро пурсон шудем, то дар бораи хизмати хуб ва таоми лазиз изҳори ташаккур намоем ва нисбати номи ошхонаи «миллӣ» мулоҳизаҳои худро баён созем. Вале дафтари арзу шикоят дар утоқи сардор будааст ва худи ў ҳузур надошт. Ба ҷои дафтар ба мо як пора коғазро аз дафтари талабагӣ канда доданд ва мо фикру андешаҳои худро рўи коғаз овардем.
Аҷоиботи кор дар он буд, ки он ҳама ҷиҳози ошхона – аз номи он сар карда то мизу курсӣ, табақчаву пиёла, қаҳванўшак, намакдону мурчгирак ва ғайра бо номи Барбаросса сабту ҳак-кокӣ шудаанд.
Биёед, сари ин мавзўъ, саҳеҳтараш, хусуси чаро дар Хуҷанд императори Олмон Фридрихи 1 Барбаросса (асри ХII) сазовори абадият гаштааст, андеша намоем ва аз масъулини ин мавзеъ ва комиссияи номгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пурсон шавем, ки барои кадом хизмати худ дар назди халқи тоҷик ва таъриху фарҳанги он императори Олмон ба ин гуна эҳтирому сипос ва поси хотир сазовор гаштааст?
Маълум аст, ки амалиёти ҳарбии зидди Иттиҳоди Шўравӣ, ки Олмони фашистӣ 22 июни соли 1941 оғоз намуда буд, ба хотири ин императори олмониҳо низ «Барбаросса» унвон гирифта, банақшагирии он ҳанўз 21-уми июли соли 1940 оғоз гардида, лоиҳаи он таҳти фармондеҳии генерал Ф.Паулс 18-уми декабри соли 1940 бо Фармони №21-и Сарфармондеҳи қувваҳои Мусаллаҳи Олмон (Вермахт) тасдиқ шуда буд. Дар натиҷаи ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ аз рўи нақшаи «Барбаросса» бояд бо як зарбаи тезу пурзўр (ҷанги барқосо) Давлати Шўравӣ несту нобуд карда шуда, дар рўзи 40-уми ҷанг немисҳо бояд Москва, Ленинград, Донбассро ишғол менамуданд ва рўзи 7-уми ноябр паради ғалабаро дар Майдони Сурхи Москва таҷлил мекарданд. Вале ин нақшаи Гитлери малъун, хушбахтона, ба шарофати мардонагию далерии мардуми шўравӣ, дўстии ҳақиқии тамоми сокинони Иттиҳоди Шўравӣ, ки яке аз омилҳои асосии ғалаба гардид, барбод рафт.
Аммо дар ин ҷанги хонумонсўз беш аз 27 млн. нафар мардуми шўравӣ, аз ҷумла қариб 100 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Бо зикри ин нукта Шукур Маллабоевич афзуданд: - Ман аминам, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳама қурбонӣ, фидокорию ҷонсупориҳо ва корнамоиҳои мардуми шўравӣ дар хотири ҳама халқу миллатҳои Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла халқи баорияти тоҷик асрҳои аср муқаддас боқӣ мемонад. Ҷароҳатҳои ҷанг ҳанўз дар ҳофизаи халқ, ҳофизаи мардуми Хуҷанд низ боқист.
-Ман хурдсол будам, - ба хотир оварда, устод нақлашонро идома доданд. – Аз нахустин рўзҳои оғози ҷанг аз як тангкўчаяки мо, воқеъ дар маҳаллаи Қўшҳавз, кўчаи ба номи Войков, хонаҳои рақамҳои 84-90 даҳ ҷавонмард дар набард бо фашизм размидаанд. Аз як ҳавлӣ – Войков 84 се амакам ба фронт рафтанд. Танҳо як нафари онҳо- Маллабоев Раҳмон пас аз рахнаи муҳосираи Ленинград бе як пой ба назди модар баргашт. Дигарҳоро намедонам, вале шахсан барои ман дар Хуҷанд пайдо шудани номи Барбаросса таҳқир аст. Магар модари тоҷик Чучаамбархонпошо Порсоева ва Порсохонтўра Мавлонхонов, ки чор писарашон дар ҷанг шаҳид шудаанд, сазовори чунин таҳқиранд? Магар хотираи се бародарон Осимовҳои хуҷандӣ, се бародарони хистеварзӣ Рауфу Ҷалол ва Саттор, ки баҳри Ватан ҷонбозиҳо доштанд, фаромўшшуданист? Албатта, не, фаромўш намешавад. Шоири ҷанговар, шодравон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ навиштааст:
Падарон ними шаб зи хоби хуш,
Тир хўрда, парида мехезанд.
Писарон дар суроғи рўйи падар,
Ашки сўзон зи дида мерезанд.
Ҷанг дорад магар ҳанўз давом?!
Ҳа, аз ҷароҳати ҷанг ҳоло ҳам тани ҳамватанонамон – собиқ ҷанговарон, ки хеле кам боқӣ мондаанд, фарзандону набераҳои онҳое, ки ба абадият рафтаанд, дард дорад. Ва эҳтиром ба Барбаросса намак пошидан ба ҷароҳати онҳост, нарм гўем, беҳурматӣ ба таърих, ба ҳофизаи халқ аст.
Ман хеле ошуфтаам, дар Хуҷанд, ки мардумаш бо маърифати олӣ шинохта шудаанд, чунин амал ба вуқўъ пайвастааст. Аз мардуми оддӣ хафа нестам, ҳайратам аз зиёиён, пеш аз ҳама, олимону муаррихон, шоирону нависандагон, рўзноманигорон, ки дар шаҳр хеле зиёданд, ҳамчунин аз мансабдорон аст, ки ҳама доди ватандорӣ мезананду вале то ҳол, ҳарчанд солҳост «Барбаросса» дар Хуҷанд фаъол аст, садое баланд накардаанд, бефарқ, бетараф, беҷуръат ҳастанд.
Император Фридрихи 1 Барбаросса (1125-1190), императори Олмон аз соли 1152 ва императори «Рими муқаддас» аз соли 1155, ки ба мулки ҳамсояҳо бо чашми ҳарисона менигарист, ормони Гитлер, Геббелс, Геринг, Рибентроп, Борман, Ф.Паулс, Гудерман, Муссолини ва дигар саркардагону идеологҳои фашизми Олмон ва Италия буд. Оё номи чунин шахсият сазовори абадият дар сарзамини тоҷикон, дар Хуҷанди бостон аст? Мо ба насли наврас ва ҷавонон кадом ғояву андеша ва шахсиятҳои бегонаро таблиғу ташвиқ менамоем?
Маъмулан номи минтақаву маҳалҳо, муассисаву корхонаҳо таҷассумгари ягон хусусият, хислати онҳо мебошад. Мутаассифона, дар номгузории кўчаву хиёбонҳо, муассисаву мағозаҳо, маҷмаа ва навиштаҷоти номи онҳо, шиору овезаҳо камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Дар номгузорӣ баъзан такрори якдигар, риоя нашудани меъёр ва талаботи забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ, бегонапарастӣ мушоҳида мешавад. Номи баъзе муассисаҳо, мағозаҳо бемазмуну бемантиқ буда, ифодагари рисолат ва асли фаъолияти онҳо нест!
Аслан ба ошхона, бар, чойхона, мағоза ва дигар муассисаҳои тиҷоратӣ, фарҳангиву фароғатӣ гузоштани номи шахсони алоҳида нораво буда, ҳаргиз қобили қабул нест. Номи шахсиятҳои арзанда ба кўча, хиёбон, мактаб ва дигар муассисаҳои маърифатӣ, илмӣ гузошта шавад, арзанда ва зебанда аст. Вале вақте ки ошхонаи «Барбаросса» мегўянд, ба ягон қолаб намеғунҷад ва шигифтовар аст.
Дар мавриди берабтиву бенизомии номгузории баъзе муассисоти шаҳри Хуҷанд дар мақолаи «Фарҳанги шаҳрдории тоҷикон: анъана ва навоварӣ» («Тирози ҷаҳон» 13, 20-уми январ, 3-юми феврали соли 2016) ишора шуда буд, ки номгузории маркази савдо бо номи китоби муқаддаси Зардушт, сарчашмаи нодири таърихӣ-фарҳангӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ «Авесто» хеле хандаовар, гузашта аз ин, хеле таассуфовару ифодагари фарҳанги пасти номгузорӣ дар шаҳр мебошад. Дар кишваре мағозаи «Қуръон», «Таврот», «Инҷил»-ро вомехўред? Танҳо мо аз бехабарӣ аз фарҳанги номгузорӣ ба мағоза, меҳмонхона номи «Зам-зам», «Кавсар», «Тавҳид» ва дигар муқаддасоти диниву мазҳабӣ ва таърихиро мегузорем. Ҳарчанд сари ин масъала борҳо таваҷҷўҳ намудаем, навиштаем, баҳсу андеша рондаем, вале, мутаассифона, касе, хусусан масъулони ин соҳа-комиссияи номгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд андеша намекунанд. Вагарна дар маркази вилоят – шаҳри бостонии Хуҷанд ошхонаи «миллӣ» бо номи «Барбаросса» пайдо намешуд!
Шавкат ШАРИФОВ,
номзади илмҳои таърих,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Лўмониддин КАМОЛИДДИНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон