Баҳри пешвози шоиста
- Details
- Published on Monday, 11 June 2018 10:39
Ҷиҳати ба самъи сокинон расонидани мазмуну муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз санаи 12 майи соли равон сурат гирифта буд, дар ноҳияи Деваштич вохӯриҳо доир гардид.
Дар Қасри фарҳанги ноҳия бо фарогирии шаҳрвандон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бобати таъмини иҷроиши дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат мулоқот баргзор шуд.
Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода оид ба тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуд. Сипас, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни баромад дар ин раванд таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуд.
Дар мулоқот соҳибкорон нисбат ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, барои сохтмони як қатор иншоотҳо аз қабили боғчаи кӯдакон, бинои беморхона, бунёди пул, бо ҷалби шахсони саховатпеша ба роҳ мондани таъмири роҳҳои маҳаллӣ пешниҳодҳои ҷолиб карданд.
Бояд қайд намуд, ки оиди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин бора қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, дар ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар доираи он тадбирҳои аввалиндараҷа андешида шуда истодаанд.
Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич