Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳияи Зафаробод
- Details
- Published on Thursday, 26 July 2018 10:48
25 июли соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дода, ба мумфаршкунии роҳҳо оғоз бахшид.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯчаҳои Бобо Ҳамзаев ва Беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. Дарозии умумии роҳҳои мумфаршшаванда 1,5 километрро ташкил дода, корҳои мумфаршкунӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин ва бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Дар аснои суҳбат бо сокинони ноҳия Раиси вилоят таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилоят бори дигар сокинони меҳнатқарини вилояти Суғдро ба корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар бунёди мактабу кӯдакистон, марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ, кошонаи ҳусн, толорҳои варзишӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо ҳидоят намуданд. Дар ин раванд бо мақсади амалӣ намудани супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3000 иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ инчунин таҷдиду навсозии роҳҳои шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Зафаробод низ ба нақша гирифта шудааст.
Фаъолони ноҳияи Зафаробод аз вусъати корҳои бунёдкорӣ дар ноҳия изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои ободонии маҳалл ва бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд