Оғози корҳои азнавсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулӽу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду азнавсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшид.

Маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали «Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара» 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.

Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор долларро қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигарро бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии “Чайна рейлвей групп корпорейшн” мебошад.

Роӽ аз шаш қитъа иборатбуда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноиаш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад.

Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст.

Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон итилоъ доданд, ки дар баробари таъмиру барқарорсозӣ, ҳамзамон роҳ дар қитъаҳои аҳолинишин чароғон карда мешавад.

Дар рафти корҳо 80 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб мегарданд, ки ин дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят карда, таъкид намуд, ки дар рафти таҷдиду барқарорсозии роҳ ва дигар тадбирҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Бояд ин роҳ баҳри рафтуомади сокинон аз як минтақа ба минтақаи дигар ва интиқоли молу маҳсулот солҳои тулонӣ хизмат расонад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh