Як рӯзи пур аз таассурот

Абдураҳмон ҚОДИРӢ: Бо дастгирии Пешвои миллат , Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар вилоят шаҳраку марказҳои нави аҳолинишин бунёд мегарданд. Алҳол дар ҳудуди вилоят сохтмони шаҳракҳои наву замонавии “Сайҳун” дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, “Баҳористон” дар шаҳри Истаравшан ва “Моҳпарӣ” дар шаҳри Исфара бомаром идома дорад.

МУҲИТИ ФАТҲУ НУСРАТ

Дар роҳ ҷониби офтоббаро то гардишгоҳи Ором меравем. Сипас, роҳе, ки аз Хуҷанд то минтақаи интихобшудаи мо мебарад, солҳои тӯлонӣ мардумро ба манзилҳояшон, мақсадҳояшон расонидааст. Акнун бароҳат ва дилҷӯву дилкаш, тахту ҳамвору оинасон мерасонад. Аз гардиши Ором идомаи шоҳроҳи аввали асри ХХI бунёдшуда аст. Имрӯз он идомаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ буда, омадурафти одамон ва ҳаракати мошинҳои мухталифтамғаи хурду бузург хеле зиёд ба назарҳо мерасанд.

-Ана ҳамин нишона аз шаҳраки нав бунёдшаванда аст, - хитоб намуд шиноси деринаамон Абдуаҳад Домуллоҷонов – иқтисодшинос, собиқадори меҳнат ва истеҳсолоти дар гузашта совхози «Сомғор». Навиштаҷоти пояи боҳашами нишонро мехонем: Шаҳраки Сайҳун.

Ба хотир меоварем: имрӯз мавзеи барои бунёди шаҳраки Сайҳун интихоб шуда дашти солҳои сол бекорхобида ё дар ҳоли худ мондаи Сомғор мебошад. То даме, ки дар инҷо қудрату ғурури ободгарӣ пайдо нагардида буд, ҳарҷо-ҳарҷои дашти Сомғор буттаҳои худрӯи кӯҳии лалмисабзи шибоғ, испанд ва дигар алафҳои беҳол мерӯиданд. Махсусан, дар аввали баҳор дар инҷо ҳулбӯи кӯҳӣ ба андозаи як қади сӯзан сабзида, бо гулчаяки чорбарга, ҳолате панҷбаргаи нозуки дилкаш даштро назарработар менамуд. Дашти Сомғор –образи, то ба наздикӣ, мукаммал ва мустаҳкам буд. Имрӯз чӣ? Ҳа, имрӯз ҷои онро калимаи нерӯпазири «Шаҳраки Сайҳун» иваз кардааст.

- Чунин ном ва санги асос гузоштан барои бунёди Сайҳуни дар минбаъда то дараҷае кабир бо тамоми талаботи шаҳрсозӣ ба ҳидоят, роҳнамоӣ ва дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –фарзанди асили халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, - риштаи хаёлотро канда кард рафиқи шафиқамон Зоҳирҷон Муталлибов, ки худ зодаи деҳот аст. - Гумон мекунем, ин амали эҷодкорона, ҳақиқӣ буда, меъмори дақиқи бинои сухан муаррифӣ гардида, ки ҳамаи моҳият ва маъниҳои раванди зиндагиро дар ин ду калима ҷой додаанд.

Ба сари маънии ин ибора боз ба хаёл меравем: шаҳрак-ку дар ҳақиқат оянда ба шаҳр монанд мешавад, аммо «Сайҳун» ба он чӣ алоқаманд бошад? Боз ҳамин дарёи Сир – яъне Сайҳун набошад? Аз ростӣ, ҳамин Сайҳун дар назар дошта мешавад. Салламно!

Мо аз роҳи ҷониби шаҳраки Бӯстони Мастчоҳ раванда ба тарафи рост мегардем, ки дар ибтидо лӯлаи обрасонии бо асбоби обкушоӣ насбгардида пеши назар меояд. Аз ин ҷо роҳи ҳамвори мумфарш ба ҷониби ғарбии шаҳрак сар мешавад. Дар тарафи рости роҳ новаҳои бетонии обрав, яъне ҷӯйборҳои сунъӣ гузошта шудаанд ва канори роҳро ниҳолони арчаи сарсабз аллакай зебу оро додаанд.

Охир хуб гуфтаанд: «Обу ободонӣ». Ба шаҳраки Сайҳун оби дарёи Сир оварда шудааст, сарчашмаи тозакориҳо пойдор хоҳад буд. Дар инҷо хеле корҳои азим бо дастуру супоришҳои Раиси вилоят оғоз гардида, ҷараён доранд. Тавассути лӯлаҳои сохти ҳозираи обрасонии дар қабати хок хобонидашуда аз пойгоҳҳои замонавии обкашии «Сумчак-1», «Сумчак-2» ва «Сайҳун-2» оби ҷонбахши худодод омадааст.

-Дидед, мо аз паҳлӯи пойгоҳи «Сайҳун-2» гузашта, ба инҷо омадем,- гуфт ҳамсафари мо, дӯсти ҳамкорамон Абдурауф Шарифзода, ки ин маврид бо мошини шахсиаш вазифаи ронандаро баҷо меовард. –Барака ёбанд Раиси вилоятамон Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамин қадар солҳо боз дар ҳамин ҷойҳо, дар хоки ҳамин заминҳо қатрае оби равони ҷонбахш нарехта буд,- гуфту бо қаноатмандӣ сар ҷунбонд.

Инҳо зарраҳои ормонанд. Чароки деҳаи Сумчак, яъне Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов дар канори дарёи Сир ҷойгир аст. Оби ҷонбахши Сирдарё як қисми дашти Сомғорро аз вақтҳои пеш сарсабзу шодоб гардонидааст.

Мо борҳо ба деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Fафуров омадаему онро медонем. Ҳоло, ки дар дашти паҳндомони наздикии он кору пайкори ободонии рӯзгору ҳаёти одамӣ ҷараён гирифтааст, ин мавзеъро барҳақ водии Сайҳун ва ё худ Сайҳунобод метавон гуфт, чароки дирӯзу имрӯз ва фардои он пайғоми мардуми ободкори миллати тоҷик мебошад. Агар ҳамин сабаб вуҷуд намедошт, бовар дорем, ки то ибтидои корҳои сохтмони азими Сайҳун  гузорамон ба ин дашти бесамархобида намеафтод, чӣ тавре ки ба маҳалҳои аҳолинишини атрофи он – аз  ҷумла, қишлоқи «Қароҷингил» то ҳол наомада будем.

Вақт гузарон мегӯянд. Ҳамин деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Fафуров, ки чанд соли охир ба боғоти мева бадал шудааст, як манзараи афсонавиро дар назарҳо мегузорад: гӯё олуҳо аз чашмони духтарони боғпарвар сиёҳӣ, зардолуву себҳо, шафтолуву анорҳо аз рухсораи онҳо сурхӣ, ниҳолҳои навбар аз қаду қомати онҳо малоҳат омӯхтаанд.

Ҳоло бошад, дар мавзеи шаҳрак-дашти Сомғор баҳри умед мавҷ мезанад. Халқ гуфторе дорад, тақдирро тақдирҷунбон даркор аст. Ин рост аст. Як фотеҳаи неки Ҷаноби Олӣ ва як ташаббуси Раиси вилоят тақдири дашти Сомғорро ба ҷараёни дигар гардонидаанд. Дар ин ифода барҳақ, мантиқ ҳаст!

Дар шаҳраки Сайҳун пайкори нави ободонӣ, санҷидани нерӯи ташаббус сар шудааст, ки онро арсаи фатҳу муҳити нусрат бигӯянд. Як худи бунёди иншоотҳои обкашиву обрасонӣ кифоя бошад, ки дашт ҳусни сабз гирад, замин дари эъҷозашро оҳиста-оҳиста бикушояд. Ё ин ки дар хусуси қиматии вақт мегӯянд: ҷӯяд, ба ҳазор гардиш як гардиши дигаре зудояд, дар ботини ҳар дақиқа як сонияи дигар кушояд, - бо тобиши бадеӣ ифода кард Абдуаҳади хушгуфтор.

- Солҳо мегузаранд, ҳаёт ҳикмати хешро дар саҳифаи таърих менигорад: «Одам ба меҳнат шуд сарфароз, Сайҳун ба корнамоӣ кард оғоз…», - илова кард Зоҳирҷон Муталлибов, ки баробари шахси зиёӣ будан дар хоҷагидорӣ ва корҳои саҳро чашмикордон аст. - Сабзиши арчаҳои паҳлӯи роҳ ин нишони ҳаёти созандагист, - гуфт ӯ.

Андешаҳо талқинамон мекунад: дашти Сомғор аз нуқтаи назари ҳаётофаринӣ чанде пеш ҳамагӣ ду соли пур ё камтар аз се сол, ба маънои имрӯзааш чандон аҳамияте надошт. Ҳоло он бо номи шаҳраки бунёдшавандаи Сайҳун байни хосу ом муаррифӣ мешавад. Мардуми мо дар бобати ҳаракату баракат масале дорад. Дар мавзеи шаҳрак ҳам аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳам аз ҷониби соҳибкорону худи мардум ҳаракат ҳаст, ки баракат оварда истодааст.

Мардуми аз ин мавзеъ қитъаи замини наздиҳавлигиро соҳибшуда аллакай дар асоси талаботи лоиҳавӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд карда истодаанд. Аз намуди хонаҳои ҳанӯз буднашуда аён аст, ки онҳо дуошёна сохта мешаванд.

-Ана ин хонаҳо, ки бо истилоҳ коттеҷ мешавад, аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардида истодаанд, - гуфт Абдуқаҳҳор Неъматов. – Пештар ин амалро аз телевизион дида будам.

Соли 2014-ум, аниқтараш, рӯзҳои саршавии сол иқдом ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ – шахсияти навҷӯй, тадбирандеш ва роҳбари замони муосир, ҳамқадами ҳаёт гардиданд - барои бунёдгузории шаҳраки Сайҳун дар нав-бати аввал бояд тамоми хатҳои коммуникатсия ӯҳдабароёна тарҳрезӣ ва лоиҳакашӣ карда шавад: Ҳамин тавр, корҳо оғоз шуда буданд, корҳои бунёдсозии шаҳраки Сайҳун. Аммо, пеш аз ҳама, онро рамзи меҳнати даврони соҳибистиқлолӣ бигӯем. Меҳнате, ки дастҳои ҷавонони ташнаи заҳматро бо кор таъмин мекунад ва моҳияти он бошад, ба дил ҳамчун муҳаббат рафта мерасад. Шуури шаҳрвандӣ онро ҳамчун зарурати мардумӣ ва давлатӣ қабул менамояд. Ва дар ниҳоят, натиҷаи ин кору пайкор сарчашмаи асосии зиндагонии сокинони ҳамин шаҳрак, ки рафта-рафта дар харитаи кишвари азиз – Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеъ мегирад. Уфуқҳои рангини шаҳрак, моҳияти минбаъдаи он барои хурду бузурги ин макону манзили нав ба обу ҳавои ҳаррӯза табдил меёбад. Мо вақте бо роҳи мумфарш то мавзеи дигари кору пайкор-маркази гардиши дохили шаҳрак расидем, чунин ҳиссиёти равшану гуворо бардоштем.

Чунонки пештар зикр намудем, ҳарчанд такрор бошад ҳам, санги асоси нахустин биноҳои истиқоматӣ - онҳо аз нӯҳ ва дувоздаҳ ошёна таркиб меёбанд, дар мавзеи бунёд намудани Сайҳун аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Тибқи лоиҳа ва нақшабандӣ шаҳраки Сайҳун (он ҳақиқатан раво-раво статуси шаҳрро хоҳад гирифт) хеле ва хеле мӯҳташам қомат рост мекунад.

Ҷузъиёт ва симои кулли онро мо чун рӯзноманигор оянда дар алоҳидагӣ тасвир хоҳем кард, ки басо рангин домон паҳн мекунад. Дар марҳалаи нахустини раванди бунёдкорӣ дар доираи ҳазор гектар масоҳат биноҳои истиқоматӣ, таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ ва маъмурӣ қомат меафрозанд.

Чунонки дар боло ишора рафт,  саҳарии рӯзи 29-уми феврали соли 2016-рӯзи Душанбеи муродбахш мо бо ҳавас ва ташаббуси эҷодкорӣ ба ҳамин мавзеи навбунёд омадем. Роҳ моро то бағали дашти ба қавле «ромшуда» овард.

Имрӯзҳо муждаи сохтмони шаҳраки Сайҳун, ҳамчун гули хушранги аввалибаҳорӣ  махсус танин дорад. Мегӯянд, як гул ҳам худ нишонаи баҳори хуррам аст. Дар ҷое низ чунин ном мебаранд: «дил кунад, гул кунад». Бо оғози бунёди шукӯҳманди Сайҳун дар шимоли Тоҷикистон  бун-ёди рӯҳи нави шаҳрсозӣ ҷараён гирифтааст. Ҳар рӯзи Сайҳун кунун ҳаргиз рӯзи оддӣ нест. Вай акнун на аз дашти Сомғор, балки аз вуҷуди одамон, аз шуури мардуми ободкор таровида мегузарад ва ҳамчун пайкорҳо ва азму саъйи комил дар радифи фазлу хирад ва ақлу фаросати замони корҳои амалии асри бисту якро ҷилвагар месозад.

Ба хотир меоварем: ба шарофати иқдомҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон азми комилу саъйи навсозиҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ алҳол дар қаламрави Суғдзамин бунёди шаҳракҳои Моҳпарӣ дар Исфара, Баҳористон дар Истаравшан, Саразм дар Панҷакент Меҳробод дар Мастчоҳ ва ҳамин Сайҳун дар Хуҷанд ҷараён доранд. Ҳамон рӯз бо чашми дил бидидем, ки корҳои сохтмонӣ дар Сайҳун барои бинокорон на танҳо мактаби касбу ҳунар, балки гӯё як устохонаи одамият ва одамгарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва садоқатмандӣ низ шудааст.

Қадру қимати рақамҳои пешрафти ояндаро хусусан мо, мардуми тоҷик, бо ҷону дил эҳсос мекунем ва медонем. Охир ҳамин рақамҳои ҳаётбахш буданд, ки дар биступанҷ соли Истиқлолияти давлатии мо ифода ёфта, кишвари тамоман наву нерӯмандамонро дар қатори давлатҳои аз ҷиҳати иқтисод пешқадами ҷаҳон гузошта истодаанд.

Ба сайри фазои хаёлот ҷалб мешавем: мегӯянд, ки солҳо шаҳрҳоро, манзилу маконро ба вуҷуд меоваранд, месозанд ва дар саҳифаҳои таърих мемонанд. Чуноне худ шоҳиди ин ободкориҳо будему дар саҳифаҳои рӯзнома аз рӯи қудрати эҷодӣ мақолаҳо навишта будем, имрӯз шаҳракҳо ва минтақаҳои аҳолинишини Обшорони (дар гузашта Водник) ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Чашмаи шаҳри Хуҷанд,  Марҳамати ноҳияи Ашт, Навободи шаҳри Исфара бо гузашти солҳо аз дасти инсони нерӯманд то кадом дараҷа ободу хуррам гардидаанд. Чунин ифода бамаврид аст, ки дар ҷое хонда будем – ҷони манзили обод дар об аст!..

Муқим АБДУРАҲМОНОВ,
Файзулло АТОХОҶАЕВ

 

 

Add comment


Security code
Refresh