Бадахшон чатри самини замин аст!

Шодихон ҶАМШЕД - Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун тамоми мардуми шарифи кишвари биҳиштосо ва сарзамини пургганҷамон ба ҷашнҳои муқаддаси миллӣ-19-умин солггарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солаггии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодаггӣ мебинанд. Мардуми сарбаланду меҳмоннавози Боми Ҷаҳон аз он ифтихорманданд, ки бо ҳидояти Асосггузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон таҷлил меггардад ва ин шаҳодати он аст,, ки Сарвари давлат чун тамоми минтақаи кишвар ба ин минтақаи пургганҷу пурасрор ҳусни таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Бадахшон бо қуллаҳои сафеду осмонбӯс, рӯду дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои обашон софу дармонбахш ва муҳимтарин аз ҳама бештар бо одамони ганҷофару меҳмонпарвараш дар олам машҳур аст. Чуноне шоири ширинсухану ширинбаён, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудаанд:

Бадахшон сарзамини кӯҳсорӣ,

Чи хушбоду ҳавову обшорӣ.

Уқобонро фазоят ошён аст,

Заминат бахти инсонро макон аст.

Чӣ гӯям аз баландии мақомат,

Ки худ як номи ту Боми Ҷаҳон аст.

Дар фазои тинҷу оромии Ватанамон, ки меваи шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаву ободкоронаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии вилоят дигаргуниҳои шинохтанашаванда рӯи кор омаданд.

Ҳанӯз зимни сафари нахустинашон ба Кӯҳистони Бадахшон, моҳи июни соли 1993 Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «…ман аминам, ки Шумо Бадахшонро ба яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва сайёҳии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, барои ба ин мақсад ноил гардидан кӯмаки зарурии худро расонад». Маҳз ин суханони Роҳбари давлат санги асоси тамоми барномаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар давраи минбаъда гардид.

Мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб-Мурғоб-Кулма-Қароқурум ва сохтмони чор кӯпруки мошингузар аз болои дарёи Панҷ имконият фароҳам овард, ки вилоят комилан аз бунбасти ҷуғрофию коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад. Ин роҳ акнун мақоми транзитию байналмилалиро дорост. Ҳар рӯз садҳо адад мошини вазнинбор аз калонтарин марказҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин нафақат ба минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, балки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон молҳои ниёзи мардум мекашонанд. Барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани ин шоҳроҳ, ки рушди минтақаҳои кӯҳистони мамлакат ба он сахт алоқаманд аст, Ҳукумати Ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат 7оиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 295 миллион сомонӣ татбиқ гардида, 106 километр шоҳроҳи байналмилалӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд. Ҳозир корҳои омодасозии лоиҳа барои таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ дар масофаи 110 километр бо арзиши умумии ду миллиард сомонӣ идома дорад.

Бо пурра навсозӣ гардидани роҳ дар минтақаи Қалъаихумб-Хоруғ фосилаи вақти ҳаракати нақлиёт аз маркази вилоят то пойтахти мамлакат ду баробар кӯтоҳ мегардад. Боз гардидани ин роҳҳо барои рушди тиҷорату савдо ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз соҳибкорону тоҷирони вилоят на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он ба додугирифти молу маҳсулот машгуланд. Дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим бозорҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон фаъол ҳастанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба амалигардонии стратегияи давлат вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Дар давраи ниҳоят душвор барои тамоми сокинони мамлакат, моҳи марти соли 1994 агрегати якуми истгоҳи барқи обии «Помир-1» бо иштироки Роҳбари давлат мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2005 бошад, ин нерӯгоҳ бо иқтидори пурра ба истифода дода шуд. Бо ташкилшавии ширкати «Помир Энерҷӣ» системаи энергетикии вилоят пурра навсозӣ гардида, дар ҳудуди вилоят бо маблағгузории давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо қариб 20 нерӯгоҳи барқи обӣ сохта шуданд ва ин имконият фароҳам овард, ки таъминоти аҳолӣ ва хоҷагии халқ бо нерӯи барқ хеле беҳтар гардад. Ҳатто дар давраи зимистон бештар аз 85 фоизи аҳолии вилоят 24 соат ва 12 фоиз аз 8 то 10 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошад. Таъминоти муттасил бо қувваи барқ ба рушди саноату дигар соҳоти истеҳсолӣ мусоидат намуд. Фақат дар ду соли охир дар ҳудуди вилоят қариб 30 корхонаву коргоҳҳои саноатию хизматрасонӣ бо ташкили зиёда аз ҳазор ҷои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Фазои тинҷу ороми кишвар, рушди босуботи иқтисодӣ барои вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ заминаи мусоидро фароҳам овардааст. Фақат соли гузашта дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар 293 иншооти хурду бузург бо арзиши сметавии 541,7 миллион сомонӣ идома ёфта, 100 иншоот бо арзиши зиёда аз 130 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Имсол корҳои сохтмонӣ дар қаламрави вилоят боз ҳам вусъат меёбанд. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ фақат дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ бо иштироки Роҳбари давлат хатти обгузари Боғевдара-Хоруғ, бинои нӯҳқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаи панҷқабата, толори варзишӣ ва дигар иншооти аҳамияти иҷтимоидошта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бо ба истифода дода шудани хатти обгузари Боғевдара-Хоруғ таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ пурра ҳал мегардад.

Имсол дар маҷмӯъ, дар маркази вилоят бо маблағгузории бештар аз 200 миллион сомонӣ сохтмони манзилгоҳ, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, иншооти хизматрасонӣ ва коммуникатсионӣ ва биноҳои маъмурӣ оғоз меёбад.

Бо вуҷуди он ки 93 фисади ҳудуди вилоят кӯҳсор аст ва майдони замини корами обӣ дар ин ҷо аз 3 фоиз ҳам зиёд нест, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи он дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, самаранок истифода бурдани замину чарогоҳҳо ва ҳосилхез гардондани онҳо ҳар сол ба афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ муваффақ мегарданд. Соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар му қоиса бо соли 2010-ум, 35 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои амалӣ гардондани барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла қӯтоспарварӣ, боғдорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Мардуми Бадахшон бо омӯзгорону олимон, адибону табибони худ ифтихор дорад. Онҳо дар замири насли ҷавон тухми маърифат мекоранд, дар рӯҳияи беҳтарин суннатҳои аҷдодӣ онҳоро тарбия менамоянд. Омӯзгорони Бадахшон солҳои навадуми асри гузашта, дар ҳоле, ки ҷумҳурӣ ноором буду мардум рӯзгори сангин дошт, аз мактаб нарафтанд ва бо вуҷуди мушкилоти зиёд рисолати хешро идома доданд ва имрӯз шогирдонашон дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ таҳсил мекунанд. Воқеан, замони соҳибистиқлолии кишварро агар дар Бадахшон солҳои мактабсозӣ гӯем, хато намешавад. Дар шаҳру деҳот соле 5-6 муассисаи таълимӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар маҷмӯъ, 80 фисади муассисаҳои таълимии вилоят бунёду навсозӣ гардиданд.

Рушди соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ ҳам дар маркази диққати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор доранд ва ҳар сол барои таҳким бахшидани заминаи моддӣ-техникӣ, таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Соли 2015 табиати дилфиреби кӯҳистон мардумро зери имтиҳони ҷиддӣ қарор дод. Зимистон боришоти зиёди барфу фаромадани тарма, тобистон фурӯ рехтани селу сероб гардидани рӯду дарёҳо ва тирамоҳ ду заминларзаи шадид барои мардум ва тамоми соҳаҳои хоҷагӣ хисороти зиёдеро ба бор оварданд. Садҳо манзили истиқоматӣ, бештар аз 10 километр роҳҳои байналмиллалӣ, мактабу иншооти ирригатсионӣ, хатҳои алоқаву барқ тамоман хароб гардиданд.

Аммо, мардум дар назди ин мушкилот сар хам накард ва бовар бар он дошт, ки дар шахсияти Роҳбари давлат, мардуми саховатпешаи тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Суғди бостонӣ пуштибони қавӣ дорад. Мо ниҳоят сипосгузорем аз мардуми Суғд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки дар он рӯзҳои душвор бо мо буданд ва ҳам аз лиҳози моддию ҳам маънавӣ мардуми маҳалҳои осебдидаро дастгирӣ намуданд. Муассисаҳои таълимию истироҳатии Суғд беш аз 100 нафар фарзанди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Шуғнонро, ки манзилҳояшон аз селу обхезӣ пурра хароб гардиданд, ба оғӯши худ гирифтанд ва барояшон тамоми шароити таҳсилу истироҳатро фароҳам намуданд.

Сухан аз хайру саховати мардуми меҳмоннавози Суғд, ворисони Темурмалику Спитамен, Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Бадриддин Ҳилолӣ зиёд аст, аммо дар доираи як мақола ғунҷонидани он душвор мебошад.

Мо, ниҳоят ҳам шоду масрурем, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон доир мегардад. Мардуми шарифи Бадахшон ташрифи намояндагони Суғди бостониро ба Боми Ҷаҳон «нури дида, тоҷи сар» мегӯянд. Иштироки Шумо тӯю шодмониҳои Ваҳдатро дар Бадахшон боз ҳам ҷаззобу фараҳбахштар мегардонад.

Add comment


Security code
Refresh