Пайвандҳои маънавиро тақвият мебахшем!

Абдураҳмон Қодирӣ - Раиси вилояти Суғд:

Рўзҳои фарҳанги вилоятҳо бешубҳа ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд, барқарорсозии рафтуомади хешутаборӣ, сарҷамъ кардани нерўҳои солимфикри ҷомеа, мустаҳкамшавии ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарии минтақаҳо, муҳимтар аз ҳама, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ғояҳои ҷовидонаи он, таъмини амнияти миллӣ ва пойдории ваҳдат, таъмини сулҳу субот мусоидат менамояд.

Аз ин рў, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар ин шароити пуртазоди зиндагӣ, вақте ки манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат пешорўи ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои гуногунро эҷод мекунанд, ҳифзи манфиатҳои миллат, давлати миллӣ ва Ватани ободамонро таъмин карда тавонем ва ба наслҳои ояндаи худ як кишвари ободу пешрафтаро ба ёдгор гузорем.

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳам аз нигоҳи таърихӣ ва ҳам аз назари сиёсиву ҷуғрофӣ яке аз минтақаҳои муҳими стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш Бадахшонро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номидаанд.

Пайвандҳои фарҳангиву адабӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Суғду Бадахшон ба даврони дури таърихӣ бармехўрад. Хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои мухталифи кишвар аз вилояти Суғд шурўъ аз солҳои сиюми асри гузашта ҳамчун омўзгор дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи фарзандони ин кӯҳандиёр саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

Мутахассисони зиёде аз вилояти Суғд дар даврони Шўравӣ барои рушду нумўи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон саҳми арзанда гузоштанд. Ин ҷо метавон аз олими бостоншиноси хуҷандӣ Бобоев Адҳам Ҷўраевич ёдовар шуд, ки дар омўзиши таърихи қадимии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон саҳми арзанда гузошта, дар ин замина ба таълифи чандин осори илмӣ муваффақ гардидааст. Ҳамзамон, духтури дараҷаи олӣ - Яҳёхўҷа Дадохўҷаев давоми 10 сол барои боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ин минтақа фаъолият бурда, дар натиҷа ба гирифтани унвони баланди «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хоруғ» мушарраф шудааст. Солҳои панҷоҳум ва ҳаштодуми асри гузашта фарзандони Суғдзамин Турсунов Раҳимбобо, Абдуллоев Наҷмиддин, Бобоев Аловиддин ва Зоиров Муҳиддин ба ҳайси сарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пешрафту шукуфоии ин сарзамини куҳани бостонӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Мардуми шаҳри Хоруғ имрўз номи яке аз ходимони барҷастаи давлативу ҳизбӣ Бобоев Аловиддин Эшоновичро бо ихлосу иродати тамом ёдоварӣ мекунанд, ки аз худ ба мардуми Хоруғ нишонаи бузурге гузошта, ин сарзамини поки ниёгонро ба шаҳр табдил дод.

Баргузории Рўзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар остонаи таҷлили ҷашнҳои мубораки миллии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам қавитар гардидани дўстии халқҳо дар Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани рўҳияи миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Зеро дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ воқеан дўстиву бародарӣ ва рафоқати мо метавонад, оини ҳақиқии ватандориро дар вуҷуди тамоми мардуми кишвар тарбият намояд. Тағйироту дигаргуниҳое, ки дар саросари олам ба вуҷуд омада истодаанд, ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурии мо низ бетаъсир намемонад. Аз ин лиҳоз, ҳифзу гиромидошти Ваҳдат, ягонагӣ, иттиҳод, якпорчагӣ, дўстиву рафоқату ҳамдилӣ, ки аз рисолатҳои аслии мардуми мо маҳсуб меёбад, бояд ҳамаҷониба ривоҷ ва чун гавҳараки чашм ҳифз карда шавад. Пайванд ва иртиботи дўстии мардуми саросари Тоҷикистон, аз ҷумла Суғду Бадахшон муҳимтарин тадбир ва омили муассир барои ҳифз ва нигаҳдории ин неъмати бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар - Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рў, мо фарзандони ин обу хоки муқаддас, ки онро Тоҷикистон ном аст, вазифадор ҳастем, ки Ватанро дар якҷоягӣ ободу зебо гардонида, ба наслҳои оянда Ватани ободеро ба ёдгор гузорем.

Add comment


Security code
Refresh