Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳо

Маводҳои охирон

  • Пайравони паймони худсохтаи наҳзат – пастфитрати иғвопеша
  • Пайравони паймони худсохтаи наҳзат мутаассибу бехираданд!
  • Нест бод терроризм!
  • Маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб
  • Назаре ба масъалаҳои хурофот ва таассуб
  • Хатарҳои терроризм, экстремизм ва радикализм ба амният ва суботи ҷомеа
  • Нақши мубориза бо коррупсия дар таҳкими суботи ҷомеа
  • Муаммои глобалиро ҳал мебояд
  • Терроризмро маҳкум менамоем
  • Эмин аз таҳдидҳои замони муосир

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)

Ҷустучӯ

Модари садсола ҳамқадами замон аст

Информация о материале
Опубликовано: 10 марта 2026
Просмотров: 135

Дар миёни кӯҳҳои Деваштичи вилояти Суғд  модаре зиндагӣ мекунад, ки  синнаш аз сад гузаштаасту соҳиби 10 фарзанд,  50 набера, 140 абера ва 17 чабера аст. Аҷибаш он аст, ки ӯ телефони мобилии худро дораду баробари ҷавонон қадам мегузорад.   Вай ҳангоми сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки  нияти неку меҳнати ҳалол ва машқи ҷисмонӣ  касро ба мурод мерасонад.

Зӯҳро Носироваи  100-сола   21-уми январи соли 1926 дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич  таваллуд шудааст.  Вай  солҳои ҷавониашро дар замони  Ҷанги Бузурги Ватанӣ  сипарӣ кардааст.   Яъне шурӯъ аз  понздаҳсолагӣ,  солҳои 1941-1945.   Он вақт ӯ дар дашти “Анбарғаз”  зиндагӣ мекарду  гандумҳоро даравида  нон мепухт ва  ба аскарони ақибгоҳ  мефиристод.  Ҳамин матонат  ва меҳнати ӯ барои наслҳои оянда намуна гардид.

пурра ...

Фариштаи 92 сола

Информация о материале
Опубликовано: 10 марта 2026
Просмотров: 111

Модар калимаи муқаддас аст, ки бо шуниданаш қалб ором мешавад. Ӯ нахустин омӯзгор, нахустин паногоҳ ва нахустин дӯст барои ҳар як инсон мебошад.  Пеш аз он, ки мо сухан гӯем, қадам гузорем,  модар бо дуои пок ва нигоҳи пурмеҳр моро муҳофизат  мекунад,  ба  роҳи рост мебарад.  Ҳар қадами зиндагӣ бо ҳидоят ва панду насиҳати модар равшан мешавад. Ӯ  ба мо  сабр, ростқавлӣ, бахшиш ва меҳру инсондӯстиро меомӯзад.

Дар шаҳри зебоманзари  Истиқлол  номи  Муҳаббат Каримоваро бо эҳтиром ва самимият ба забон  мегиранд.  Ин модари 92 -  сола  бо симои пурнур,  қалби саршор аз меҳр ва хиради зиндагисозаш миёни мардум мақоми хос дорад.  Муҳаббат Каримова яке аз бонувони заҳматкаш ва намунаи ибрати ҷомеа ба шумор меравад. Ӯ модари панҷ  фарзанд  буда,  тамоми умри худро ба тарбияи фарзандони солиму  солеҳ бахшидааст.  Ҳаёти ӯ саршор  аз меҳнат, сабр, таҳаммул  ва  муҳаббат ба аҳли оила ва Ватан мебошад.

пурра...

Бо қалби пурмеҳр

Информация о материале
Опубликовано: 10 марта 2026
Просмотров: 75

Дар ҷомеаи мо зан танҳо модару ҳамсар нест, балки нерӯи созанда, ташаббускор ва такягоҳи маънавии мардум аст. Муқаддасхон Мамадҷонова аз ҷумлаи ҳамин гуна бонувони фаъолу хайрхоҳ мебошад, ки бо рафтори нек ва амалҳои шоистааш дар дилҳои сокинони маҳалла ҷой гирифтааст.

Ӯ раиси Шӯрои занони маҳаллаи Ҷаббор Расулов дар шаҳри Хуҷанд буда,   фаъолияти роҳбариаш аз 17-уми январи соли 2024 оғоз гардидааст. Муқаддасхон  бо меҳнати содиқонаи худ дар маҳалла мақоми худро пайдо кард. Ӯ пайваста  заҳмат мекашад, то  ки мушкилии касеро  осон кунад.

пурра...

Беҳтарин ноҳияи кишоварзӣ

Информация о материале
Опубликовано: 05 марта 2026
Просмотров: 159

Деваштич ҳамчун ноҳияи картошкапарвар  дар  миқёси кишвар мавқеи худро пайдо кардааст. Ин мавқеъ тасодуфӣ набуда, натиҷаи истифодаи оқилонаи замин, меҳнати софдилонаи деҳқонон ва татбиқи таҷрибаи пешқадами аграрӣ мебошад.  Маҳз ҳамин меҳнати софдилонаи деҳқонон ва  сиёсати дурусти аграрӣ  боис гардид,  ки Деваштич  дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои  вилоят беҳтарин ноҳия маҳсуб ёфта, дар озмуни  вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Тибқи маълумоти кишоварзони ноҳия  дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ  дар  соли 2025-ум  дар майдони  8 ҳазору  638 гектар   кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 463 гектар зиёд мебошад.  Истеҳсоли картошка  то ба  якуми январи соли 2026  ба 280 ҳазору  17 тонна   расидааст.  Соли гузашта истеҳсоли ин маҳсулот  ба  250 ҳазор тонна расида буд.

пурра...

Страница 26 из 34

  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30

Раиси вилояти Суғд
Раҷаб Аҳмадзода

Навид

Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Китоби ҷашнӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.