Қаҳрамоне дар саҳнаи ҷаҳон
- Информация о материале
- Просмотров: 168
Дар саҳнаи варзиши байналмилалӣ номи Кароматулло Қурбонов имрӯз бо ифтихор садо медиҳад. Ӯ устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини камарбандӣ, ҷоизадори чаҳоркаратаи Чемпионати ҷаҳон байни калонсолон ва ғолиби дукаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Кароматулло 11-уми ноябри соли 1998 дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Аз овони наврасӣ меҳру муҳаббат ба варзиш дар қалбаш ҷой гирифт. Аз соли 2013 инҷониб ба намуди гӯштини камарбандӣ машғул буда, устоди аввалини ӯ шодравон Шосаид Рабиев мебошад, ки дар ташаккули шахсият ва роҳи варзишии ӯ нақши муҳим гузоштааст.
Муаррифӣ дар саҳнаи ҷаҳонии мўд
- Информация о материале
- Просмотров: 95
Бори аввал дар таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон дар New York Fashion Week яке аз бонуфузтарин ҳамоиши ҷаҳонии соҳаи мӯд муаррифӣ гардид. Кишварро тарроҳи тоҷик Нафиса Имранова бо бренди худ ZHIWJ намояндагӣ кард. Гуфта мешавад, ки иштироки ӯ рӯйдоди муҳимеро мемонад, ки ба василаи он фарҳанги кӯҳани тоҷик бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ рӯнамоӣ шуд. Ин намоиш дар доираи платформаи Flying Solo сурат гирифт, ки дар он 53 тарроҳ аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Бренди тарроҳи муваффақи тоҷик дар миёни даҳҳо номҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб сохт.
- Ман хеле ҳаяҷон доштам, лекин вақте дар анҷоми намоиш ба саҳна баромадам, кафкӯбиҳо то расидан ба охири он ва бозгашт қатъ намешуданд. Ин кафкӯбиҳои расмӣ набуданд, балки пазироии гарми аҳли толор эҳсос мешуд, - изҳор дошт тарроҳ.
Варзиш пирўзӣ меорад
- Информация о материале
- Просмотров: 108
Бо ҳадафи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар миқёси вилояти Суғд 42 мактаби варзишӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумора 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси захираҳои олимпӣ ва 29 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд.
Дар ин мактабҳо 1166 гурӯҳ аз намудҳои олимпӣ бо фарогирии 15 328 машқварзони наврасу ҷавон ва 318 гурӯҳ аз намудҳои миллӣ ва ғайриолимпӣ бо иштироки 4 235 машқварз фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, 19 563 нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 2 757 нафар бонувон, ҳамарӯза ба машқу тамрин ҷалб шудаанд.
Ниёзи ҷавонон ба муҳтавои босифат
- Информация о материале
- Просмотров: 126
Дар шароите, ки рафтори аудитория тағйир ёфтааст, синамо дигар танҳо ба толор маҳдуд намемонад. Имрӯз тамошобин камтар ба кинотеатр меравад ва бештар вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад. Ин воқеият Ромиш Яздон, коргардон ва сенариянависро водор кард, ки ба усулҳои нав рӯ оварад.
Маълум аст, ки мушкил на дар набудани шавқи мардум ба кино, балки дар тағйир ёфтани фазои тамошост.
- Мо дарк кардем, ки агар мардумро дубора ба кинотеатр баргардонидан хоҳем, бояд аввал онҳоро дар ҳамон ҷое пайдо кунем, ки ҳузур доранд, яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳамин тариқ, идеяи сохтани аудиторияи худӣ ба миён омад. Яъне аввал эътимод бояд ба даст орем, баъд тамошобинро барои дидани синамо даъват созем, - афзуд коргардон.
Страница 28 из 34






