Гар шиновар нестӣ...
- Информация о материале
- Просмотров: 1104
Дар вилояти Суғд шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли 2026 мавсими оббозӣ расман оғоз шуд. Масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят аз хатари оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ҳушдор медиҳанд.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд Диловар Маликзода иттилоъ дод, ки пеш аз оғози мавсими оббозӣ гурӯҳи кории раёсат соҳилҳо ва минтақаҳои истироҳатиро аз назар гузаронида, дар ҷойҳои хавфнок аломатҳои огоҳкунанда ва навиштаҷоти манъкунанда насб намуданд.
Ба гуфтаи масъулон, ин тадбирҳо ҳар сол амалӣ мешаванд, вале бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам шаҳрандоне пайдо мешаванд, ки талаботи бехатариро нодида гирифта, дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд. Маҳз ҳамин беэҳтиётӣ сабаби асосии аксари ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба ҳисоб меравад.
Амал: аз як замин рўёнидани се ҳосил
- Информация о материале
- Просмотров: 185
Дар марҳалаи нави рушди босуботи кишвар саҳми занону бонувон дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар басо муассир аст.
Бонувон баҳри он мекӯшанд, ки дар ободию осоиштагии кишвар, соҳибмаърифат намудани ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷомеа ва ҳам таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов ноҳияи аграрӣ буда, мардум бештар ба ҳамин соҳаи ҳаётан муҳим, аз ҷумла, ба пахтакорӣ, обчакорӣ ва аз ҳама асосаш дар гармхона истеҳсол намудани маҳсулоти рӯзгор машғул ҳастанд. Хостем бо бонуи кишоварз суҳбате ороем. Масъулин аз заҳматҳои бонуи хеле сабзкору соҳибмаърифат Орзугул Шерматова ҳарф зада, тавсия низ доданд, ки аз заҳматҳои пайвастаи бону нависем. Зеро меҳнати бунёдкоронааш самар оварда, дастони нарму сабзаш дили заминро шона намуда, ҳосили фаровоне гирифт.
Тоҷикистон - мизбони ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ
- Информация о материале
- Просмотров: 200
Санаи 26 - уми май дар Маҷмааи давлатии "Кохи Сомон" Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи об иштирок доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об ҳамеша барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ иқдом пеш мегирад. Зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза барои саҳмгузорӣ, ҳамкориҳои судманд ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи об тақдим мегардад.
Ситорагони тулўъкунандаи илм
- Информация о материале
- Просмотров: 179
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Шоҳбайти сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба хотир овардаму ҳавасе пайдо гардид, ки оид ба таърихи халқи тоҷик, рӯзгори бузургони давр, шуҳрати имрӯзи онҳо дар саросари ҷаҳон чанд саҳфаеро варақгардон намоям. Тавре дар расонаҳо қайд шудааст: Таърих илмест, ки дар он ҳодисаҳои гузаштаи дуру наздик ва имрӯзаи халқу миллатҳо инъикос меёбад... Таърих гузаштаи рӯзгор аст. Ҳар як халқ онро ба тарзҳои гуногун, бо пастию баландиҳои зиёд паси сар кардааст. Халқи тоҷик низ ин раванди таърихро дар муборизаҳо бо аҷнабиён ва дар дигар набардҳо сипарӣ намудааст. Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, халқи тоҷик таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад”. Аммо халқи тоҷик дар ҳамин қадар набардҳо шикаст нахӯрд, балки ӯ тавонист, ки ба атрофиён фарҳанги худро муаррифӣ кунад, ҳамкорӣ намояд ва дар натиҷа маърифату маорифпарварии худро, бартарии илму адабро ба онон собит сохта, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ворид намуд.
Страница 30 из 61







