Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳо

Маводҳои охирон

  • Ифротиёни «Гуруҳи 24» - ҳама ҷинояткор
  • Интернет имрӯз дунёро ба деҳкадае хурде табдил додааст
  • Инсони тассубзадаву хурофотӣ аз дарки озодӣ бебаҳра аст
  • Ифротгароӣ ва зарари ин падидаи номатлуб ба ташаккули ҷомеаи солим
  • Ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди ватандӯст
  • Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм бар манофеи аҳли башар аст
  • Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳншавии ғояҳои экстремистӣ
  • Ҷанбаҳои педагогии пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
  • Хиёнаткорони ватан ҳаргиз бахшида намешаванд!
  • Масъулиятшиносӣ шарти аслии шаҳрвандӣ ва меҳандӯстӣ

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ШАРИФОВА МАВЛУДА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Ташаббуси Пешвои миллат дар роҳи маърифат

Информация о материале
Опубликовано: 29 октября 2026
Просмотров: 297

Дар сиёсати фарҳангиву маърифатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рушди фарҳанги китобхонӣ ва тарбияи  насли донишманду  соҳибмаърифат  ҷойгоҳи муҳим дорад.  Бо  ташаббуси Сарвари  давлат  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи он  бедор намудани  шавқи мутолиа, арҷгузорӣ  ба мероси адабии миллӣ  ва шинохти беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон мебошад. Ин иқдоми маърифатпарваронаи Пешвои миллат барои хонандагону  донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун имконият фароҳам овардааст, ки донишу маҳорати худро нишон дода, дар роҳи маърифат қадамҳои устувор гузоранд.  Ҳоло бошад, самараи ин ташаббусро дар натиҷаҳои озмун ва дастовардҳои иштирокчиёни он аз ҷумла дар вилояти Суғд, метавон мушоҳида кард.

Дар шаҳри  Панҷакент ин дафъа номи як хонандаи синфи сеюм дар сафи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор гирифт.

пурра ...

Иттифоқҳои касаба – нерўи созандаи ҷомеа

Информация о материале
Опубликовано: 27 октября 2026
Просмотров: 309

Дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иттифоқҳои касаба – ҳомии меҳнаткашон, нерӯи созандаи ҷомеа” маҳфили идона баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии адабиётшинос ва рӯзноманигор Саидумрон Саидов Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абудуллоев доир ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи шаҳру навоҳии вилоят, ҳомии асосии меҳнаткашон ва шарики боэътимоди давлат будани иттифоқҳои касаба фикру андешаи худро иброз дошт.

Мавсуф қайд кард, ки пас аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Иттифоқҳои касабаи шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24-уми октябр Рӯзи кормандони Иттифоқҳои касаба таҷлил мегардад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки соли равон Рӯзи кормандони иттифоқҳои касабаи кишвар бо 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омада, он бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

пурра ...

Хотираи ў ҷовидонист

Информация о материале
Опубликовано: 27 октября 2026
Просмотров: 289

Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон ва бахши вилоятиву шаҳрии он талафоти калон дод. Санаи 22-юми октябри соли 2026 қалби яке аз адибони шинохта, узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Ғайрат Ҳаким дар ҳаштодсолагӣ аз тапиш монд. 

Ғайрат Ҳаким 18 -уми июли соли 1947 дар деҳаи Обқарчиғой (Оби Зулол)-и шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Баъди ба итмом расондани мактаби миёнаи зодгоҳаш ва факултаи филологияи Институти педагогии Ленинобод ба номи  С. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Зафаробод, мухбири рўзномаи  «Зарбдор»-и ноҳия, мухбири рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (1982-1993), мухбири махсуси АМИТ «Ховар» (1993-1998), мухбири махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон», «Крим-Инфо», «Оила» ва «Рекламная газета», ҳамчунин, сармуҳаррири рўзномаи «Ривоят-Версия»-и раёсати ВКД-и дар вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагон буд.

пурра ...

Асоси рушди саноат ва иқтисод

Информация о материале
Опубликовано: 26 октября 2026
Просмотров: 316

Имрӯзҳо дар заминҳои пахтакори вилояти Суғд мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта бо маром идома дорад. Пахта яке аз меҳварҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Ин маҳсулоти стратегӣ заминасози аслии иҷрои пурраи ҳадафи чаҳоруми стратегии муайяншуда, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. 

Таърихи пахтакории диёри мо шаҳодат медиҳад, ки рушди саноати сабук ва соҳаи текстил маҳз аз фаъолияти муназзами кишоварзӣ ва саноати коркарди аввалия оғоз меёбад. Аз ин рӯ, гузаштан аз содироти оддии ашёи хом ба коркарди пурраи ниҳоӣ талаботи асосии замон ва омили муҳими афзоиши даромади миллист. Маҳз коркарди ниҳоии пахта ва дар дохили кишвар табдил додани он ба маҳсулоти тайёр имкон медиҳад, ки арзиши иловагии маҳсулот дар дохили мамлакат монда, даромади буҷет ва иқтидори содиротии кишварро чанд баробар афзун гардонад.

пурра ...

Страница 4 из 61

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10

Раиси вилояти Суғд
Раҷаб Аҳмадзода

Навид

Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.