Соли дастовардҳои беназир
- Информация о материале
- Просмотров: 208
Таъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Соҳиб шудан ба муҳимтарин дастовард ва падидаҳои фарҳангӣ, эҳёи суннату мероси маънавии миллат маҳз ба шарофати таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин арса беҳтарин дастоварду самараҳоро барои миллати мо эҳдо намуда истодааст. Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, таҳти рақами №190, аз 13-уми апрели соли 2015 Муасисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд. Қобили зикр аст, ки навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ моҳи майи соли 2014 оғоз ёфта, “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ва “Қалъаи Хуҷанд” ба он шомил гашт ва имрӯз ин макон ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рӯзгору сарнавишти ин устоди шеъри ноби тоҷикӣ, таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.
Ҷангноманавис
- Информация о материале
- Просмотров: 148
Барҳақ, гузашти рӯзгор собит намуда истодааст, ки нақши рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба ҳайси нигорандаи солномаи рӯзгори сокинони ин вилояти овозадор беназир аст.
Имрӯзҳо, дар остонаи фаро расида истодани иди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тариқи телевизиони вилояти Суғд нишон доданд, ки Сафири мамлакати Фаронса ва ҳайати ин давлат ба ҳавлии қаҳрамони ҷанг, зодаи шаҳри Хуҷанд Қодир Раҳимов ташриф оварданду бо аҳли хонадонаш, бо Хона-музейи ин марди ҷасуру далер ошно шуданд, ба хотирам расид, ки нахустин маротиба симои ин марди таҳамтан ва корнамоиҳояшро ба сокинони вилоят ва тамоми кишварамон ҷангноманавис-корманди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» шодравон Ҳасанбой Шарифов ошно карда буданд.
Ақибгоҳ ҳам ҷанг буд
- Информация о материале
- Просмотров: 178
- Он рӯзҳоро магар аз хотир бароварда мешавад? – ба суолам бо суол ҷавоб гардонд пири барнодили садсола, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ, истиқоматкунандаи маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд Маҷид Ширинов, – солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳақиқат вазнинтарин давра дар ҳаёти инсонӣ буд гӯем, хато нахоҳад шуд. Ба даврони имрӯзаи соҳибистиқлолӣ, ба ободию осоиштагии диёр, тинҷию якдигарфаҳмӣ, шароитҳои беҳтарини таълиму зиндагӣ менигараму маро ҳиссиёти фаромӯшнопазире фаро мегирад. Ба фарзандону набераю аберагонам ҳушдор медиҳам, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо – истиқлолият бирасанд, ватан- модарро азиз доранд, шукргузор бошанду ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Бале, Маҷид Ширинов имрӯз дар ҳалқаи оилаи хушбахт, фарзандони накӯю хуштарбия ва пайвандони дилбанд даврони бузургсолӣ меронаду шукр мегӯяд. Ҳамагӣ баъди чанд моҳ, аниқтараш санаи 5-уми июли соли 2026 аҳли оилаи Маҷидовҳо, панҷ фарзанду (ду нафар шодравон) 14 набера, 41 абераю 2 чабера гирди дастархони идона ҷамъ меоянду 100-солагии бобои қаҳрамонашонро дар иҳотаи пайвандон мегузаронанд.
Шоҳидони зиндаи таърих
- Информация о материале
- Просмотров: 139
Яке аз рӯйдодҳои бузурги солҳои 1941-1945 ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки хонумонсӯз ном гирифта бошад ҳам, талафоти ҷонию моддӣ ва қаҳрамониҳои бемислро дар таърих гузоштааст. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар барои ҳимояи марзу бум ва барқарор кардани сулҳу амонӣ бар зидди фашизм ҷангидаанд.
Шояд насли имрӯз воқеаҳои он солҳои мудҳишро пурра эҳсос карда натавонад, аммо оромию осоиштагие, ки имрӯз дорем, маҳз самараи ҷонисориҳои ҳамон родмардон, ки дар майдони набард барои зиндагониии осоиштаи мо мубориза бурдаанд, буду ҳаст ва чунин хоҳад монд.
Таърих гувоҳ аст, ки беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар гардида, беш аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шудаанд. Ҳамзамон, дар ин набардҳо 32 ҳазор бонуи тоҷик низ иштирок намуда, барои ба даст овардани ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд.
Страница 37 из 61







