Зиндагии пурбаракат
- Информация о материале
- Просмотров: 79
Фарҳод Исомиддинов ба пайроҳаи душвору заҳматталаби илм ғӯтавар гардид. Ранҷу меҳнати илмро таҳаммул кард. Мавсуф хуб медонад, ки илм ҳадаф нест, василаи ҳадаф аст. Пайваста меомӯзад. Аз рӯи таъбири «маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд» амал менамояд.
Донишаш фарох асту мехоҳад аз он дигарон низ баҳравар шаванд. Фарҳод Исомиддинов аз зумраи он нафаронест, ки бо фаъолияти шоистаи хеш ҷойгоҳи пурарзишро дар ҷомеа дарёфтааст.
Устод Фарҳод Исомиддинов дар хонадони шахсияти хеле шинохта ва соҳибэҳтироми деҳаи Понғози ноҳияи Ашт Исомиддин Шарофиддинов ба дунё омадааст. Падари ӯ боғбон, усто, табиб, мулло ва шоир буд. Соли 1930 Исомиддин Шарофиддинов шуъбаи таърих ва ҷуғрофияи собиқ Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро дар шаҳри Тошканд хатм намуда, 25 сол дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт ба ҳайси директори мактакб фаъолият менамояд. Аз падар чун шахси эҷодкор се китоб ба мерос мондааст: «Девони Ороми Понғозӣ», «Осор ва рӯзгори Ороми Понғозӣ» ва «Ворисони Ороми Понғозӣ».
Корномаи пурбори марди масъулиятшинос
- Информация о материале
- Просмотров: 95
Абдушукур Бобоҷонов аз зумраи инсонҳоест, ки ба донишу таҷриба ва масъулиятшиноӣ такя карда, барои рушди соҳаҳои мухталиф солҳои беҳтарини умрро бахшидааст. Корномаи ӯ беш аз ним аср давом ёфта, фарогири бахшҳои савдо, молия, идоракунии давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва маориф аст. Мавсуф имрӯз низ бо истифода аз кӯлбори таҷрибаву дониш фаъолиятро ҳамчун директори Парки технологии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” идома медиҳад. Мо бо корномаи эшон ошно шуда, зимнан, дар бораи густариши фаъолияти Парки технологӣ ҳамсуҳбат шудем.
Абдушукур Бобоҷонов баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами 5 –и шаҳри Хуҷанд соли 1972 ба техникуми кооперативӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси молшинос хатм мекунад. Таҳсилро дар шуъбаи шабона идома дода, ҳамон сол ба кор оғоз менамояд. Дар солҳои аввали фаъолият ҳамчун шогирди фурӯшанда ва баъдан молшинос кор кардааст. Соли 1975 техникумро хатм намуда, таҳсилро дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома медиҳад.
Натиҷаҳои мусбати ҷарроҳии муосир
- Информация о материале
- Просмотров: 22
Солҳои охир соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба марҳалаи сифатан нав ворид шудааст. Ин тағйирот на танҳо дар афзоиши маблағгузорӣ, балки дар ҷорӣ гардидани усулҳои муосири ташхис ва ҷарроҳӣ, боло рафтани сатҳи тахассуси мутахассисон ва васеъ шудани доираи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ равшан эҳсос мегардад. Ҷарроҳии муосир, ки қаблан танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар дастрас буд, имрӯз тадриҷан дар дохили вилоят низ амалӣ мегардад.
Яке аз самтҳои калидии рушди соҳа таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои муосири эндоскопӣ ва лапароскопӣ мебошад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо чунин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар натиҷа, дар шуъбаи гӯш, гулӯ ва бинии кӯдакона ҷарроҳиҳои бинӣ ва гулӯ бо усули эндоскопӣ ба роҳ монда шуданд, ки ин усулҳо осебнокии кам дошта, давраи барқароршавии беморонро кӯтоҳ мекунанд.
Намунаи равшани дастовардҳои соҳибистиқлолӣ
- Информация о материале
- Просмотров: 24
Ин навбат пресстури намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ноҳияи шуҳратманди Бобоҷон Ғафуров аз боздиди Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид. Рӯзноманигоронро муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода ва дигар масъулин пешвоз гирифтанд.
Сипас иштирокчиёни пресстур аз ин махзани бузурги таърихиву фарҳангӣ, ки баъди таъмиру навсозии пурра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, боздид ба амал оварданд. Боиси қайд аст, ки ин мавзеъ имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими илмиву маърифатӣ ва тарбиявии кишвар табдил ёфтааст.
Страница 5 из 34






