Интихоби раиси нави Шўро
- Информация о материале
- Просмотров: 169
Дирӯз ҷаласаи Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадҷон Мамадҷонов ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони вилоят интихоб шуд. Номзадии ӯро дар ин вазифаи пурмасъули ҷамъиятӣ муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов муаррифӣ кард.
Зимни ҷаласа масъалаи омодагӣ ва баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ шуд. Ҳамзамон, иштирокдорон хотираи собиқ раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматовро, ки 7-уми ноябри соли гузашта вафот карда буд, бо эълони дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд. Марҳум дар давоми 8 сол ин вазифаро бар уҳда дошт.
Нақши корхонаҳои муштарак дар иқтисодиёти кишвар
- Информация о материале
- Просмотров: 184
Минтақаи озоди иқтисоди “Суғд” яке аз минатқаҳое мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ шароити мусоидро фароҳам меорад. Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки теъдоди чунин корхонаҳо зиёд гардида, соҳаи саноат батадриҷ рушд кунад.
Бино ба иттилои роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон алҳол дар МОИ “Суғд” шаш корхонаи муштарак мавҷуд буда, саҳми чор корхонаи муштарак, аз ҷумла ҶДММ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча Мебел” бештар ба назар мерасад.
Рушди боғдорӣ - ҳадафи асосӣ
- Информация о материале
- Просмотров: 132
Дар доираи тадбирҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дастгирии рушди соҳаи боғпарварӣ дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчат, тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуда, ба як маъракаи муҳими соҳавӣ табдил ёфт, ки дар он истеҳсолкунандагон, хоҷагидорон, мутахассисон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Дар ярмарка Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ширкат варзида, аз намоиши ниҳолу кӯчат ва дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид масъулон бо истеҳсолкунандагон суҳбат намуда, ба сифати ниҳолҳо, навъҳои пешниҳодшуда ва имконияти мутобиқшавии онҳо ба шароити иқлимии минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ниҳолшинонӣ омили муҳими сарсабзист
- Информация о материале
- Просмотров: 206
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят як рӯйдоди муҳим дар роҳи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори кишвар ба шумор меравад. Чуноне ки дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва беҳтарсозии муҳити зист на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди огоҳу ватандӯст мебошад.
Дар ин замина, амалӣ гардидани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аҳамияти стратегии бузург дошта, он ба рушди экологии кишвар, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 01.11.2024, №296, барои солҳои 2025–2027 нақшаи амали мушаххас тасдиқ гардида, татбиқи он ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст.
Страница 42 из 47







