Муҳаббати халқ садоқати ўст
- Информация о материале
- Просмотров: 146
Муним Ҳасанов зодаи Истаравшани бостонист. Ӯ 15-уми феврали соли 1954 дар оилаи зиёии аҳли савод таваллуд шудааст. Баъди чанд вақти таҳсил дар мактаб–интернати зодгоҳ таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки алҳол номи Мирзо Бобоҷоновро дорад, давом дод. Дар синф Муним хонандаи аълохон буда, вазифаи ҷамъиятии сардори синф ва котиби ташкилоти комсомолии мактабро ба уҳда дошт. Беҳуда нест, ки бо гузашти беш аз панҷоҳ сол ҳамсинфон ба ӯ «сардор» гўён муроҷиат мекунанд.
Мавсуф бо эҳтиром ва миннатдорӣ номи омўзгорони шодравон Абдукарим Аҳмадов, Абдураҳмон ва Нўъмон Юнусовҳо, Аброр Азизов, Аминҷон Ҳомидов, Воҳид Нуруллоев, Ислом Мухторов, Карим Камолов, Минҳоҷ Баҳриддинов, Набиҷон Ҳакимов, Саттор Худойбердиев, Содиқ Султонов, Ҳаёт Бурҳонов, Ғаниҷон Эшматов ва Ҷамол Рўзиев, зиндадилон Оқил Ҳабибов ва Муҳаддиса Сайфуллоева, хусусан марҳумон Бегалӣ Алибоев, Кира Пришедко, Маҳмуд Қурбонов ва Розиябону Ҳакимоваро ба ёд меорад.
Хуҷанд – шаҳри орзуҳо...
- Информация о материале
- Просмотров: 223
Шаҳри Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳр дар Осиёи Миёна буда, дар асрҳои пешин аз ин макони зебо Роҳи Абрешим мегузашт, ки Осиёи Миёнаро бо Аврупо мепайваст. Гузаштагони мо шаҳри Хуҷандро “Тирози ҷаҳон” ва “Арӯси даҳр” низ меномиданд. Баҳри ободиву сарсабзии он ҳамасола шаҳрдорон саъю кӯшиш мекунанд, зеро он маркази вилоят буда, сайёҳону меҳмонон нахуст аз ҳамин шаҳр дидан менамоянд. Айни ҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри гул-гулшукуфоии маркази вилоят, рушди соҳаҳои амалкунанда, аз ҷумла саноату сохтмон, беҳтарсозии вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон хеле корҳоро ба сомон расонад. Чанде пеш бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии маркази вилоят суҳбате оростем. Инак, фишурдаи мусоҳибаро пешкаши муштариёни ҷарида менамоем:
-Муҳтарам раис, соли 2025 ҳам бо мо падруд гуфт ва он ба саҳифаи таърих ҷовидонӣ монд. Тӯли ин сол мо бо бисёр навидҳову дигаргуниҳо рӯ ба рӯ гардидем.
Буриш ва нигоҳубин
- Информация о материале
- Просмотров: 178
Бо фаро расидани фасли оромии растаниҳо, корҳои агротехникӣ дар боғҳо аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Яке аз тадбирҳои муҳим барои беҳбудии нашъунамои дарахтон, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва нигоҳ доштани саломатии онҳо буриши санитарӣ ва шаклдиҳӣ ба ҳисоб меравад.
Ба таъкиди мутахассис, номзади илмҳои кишоварзӣ Муҳиддин Абдуллоев, буриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда аз тадбирҳои асосии агротехникӣ мебошанд, ки барои танзими сабзишу инкишофи дарахтон, беҳтар гардидани сифати мева ва ҳосили фаровон басо муҳим аст.
Бино ба гуфти мутахассис буриши шаклдиҳӣ дар се соли аввали бунёди боғ гузаронида шуда, барои ташаккули дурусти шохсори дарахт хизмат мекунад ва он аз се навъ иборат мебошад.
Чораҳои зарурӣ мебояд
- Информация о материале
- Просмотров: 163
Мувофиқи маълумоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен давоми соли 2025-ум 286 ҷинояткорӣ содир шудааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 51 ҳолат зиёд мебошад. Ҷиноятҳои содиршуда аз ҳисоби занон 25 адад ва аз ҳисоби ҷавонон 59 ададро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ бештари ҷинояткорӣ дар намуди қаллобӣ содир шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ масъалаҳою мушкилоти мухталифи ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рӯзноманигорон оид ба вазъи мактабу маориф, тандурустӣ, ҳолатҳои ҷинояткорӣ, сохтмону таъмири роҳ ва масъалаҳои иҷтимоӣ саволу ҷавоб намуда, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия посухҳои мушаххас гирифтанд.
Страница 44 из 47







