Шароити зиндагии арзанда
- Информация о материале
- Просмотров: 217
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз сию ду сол муқаддам – 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, бо талаботи замон солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Дар моддаи якуми Конститутсия чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.
Вожаи “Конститутсия” чист? “Конститутсия” калимаи лотинӣ – “constitutio” буда, маънояш “муқарраркунӣ”, “сохтор”, “барпо намудан” ё “таъсис додан” мебошад.
Дар ҳақиқат пас аз соҳибистиқлолии кишвар, ки солҳои нахустинаш хеле вазнин омада буд, хеле мушкилиҳоро аз сар гузаронидем.
Имрўз - сарбози Ватан, фардо - табиби Меҳан
- Информация о материале
- Просмотров: 230
Дар миёни ҷавононе, ки санаи сеюми октябри соли 2026 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, Сарвин Сайидов низ ҳаст. Ӯ зодаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буда, соли 2020 пас аз хатми мактаби миёна бо медали тилло, тариқи буҷавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 2026 бо ихтисоси табиб анестезиолог-реаниматолог донишгоҳро хатм намуд.
- Пас аз хатми донишгоҳ метавонистам ба фаъолияти касбии худ шурӯъ намоям, аммо дар қалбам эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва хоҳиши иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҷой дошт. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам пеш аз оғози фаъолияти касбӣ хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намоям, - мегӯяд Сарвин.
Таваҷҷуҳи рўзафзуни наврасон ба ихтироъкорӣ
- Информация о материале
- Просмотров: 228
Наврасону ҷавонони ихтироъкори вилояти Суғд дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" бо лоиҳаҳои наву ҷолиб ширкат варзиданд. Он дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир шуда, 1431 хонанда, донишҷӯ ва намояндаи дигар касбу кори гуногунро бо ғояҳои наву тоза ба ҳам овард. Иштирокдорон аз рӯйи номинатсияҳои математика, химия ва биология, география, физика, астрономия, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» бо ҳадафи дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, баланд бардоштани шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба илм, рушди тафаккури илмӣ ва эҷодӣ, инчунин тарғиби ихтироъкориву навоварӣ баргузор мешавад.
Рушди саноати нафту газ
- Информация о материале
- Просмотров: 372
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, рушди энергетика яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки “истиқлолияти энергетикӣ” яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои расидан ба он барномаву лоиҳаҳо ва дигар чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Нафту газ аз ҷумлаи захираҳои муҳими табиӣ ба шумор рафта, дар таъмини як қатор бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, нақлиёт ва дигар самтҳои истеҳсолӣ нақши муассир дорад. Рушди ин соҳа на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Страница 2 из 53







