Боиси ифтихору сарбаландии мост
- Информация о материале
- Просмотров: 132
Басо рамзист, ки дар ин рӯзҳое, ки мардуми шарифи мамлакатамон ҷашни азизи кишвар-Рӯзи Ваҳдати миллиро истиқбол мегиранд, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” Қатънома қабул намуд. Ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, обрӯву нуфузи давлатро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам таҳким мебахшад.
Қабули ин ташаббуси Пешвои муаззами миллати мо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дошта, бори дигар собит месозад, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад. Ҳадафҳои асосии Даҳсола ин мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқу тарғиби муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо аз ҷумла кӯдакон, онон ва пиронсолон мебошад.
Навиди хуш аз минбари ҷаҳонӣ барои наслҳои оянда
- Информация о материале
- Просмотров: 130
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаи муҳими сиёсӣ ва башардӯстонаест, ки аҳамияти он, пеш аз ҳама, ба сарнавишти ҷавонон ва ояндаи инсоният иртибот дорад. Дар ҷаҳоне, ки ҳар рӯз аз нуқтаҳои гуногуни он хабари ҷанг, низоъ ва нооромӣ ба гӯш мерасад, қабули чунин санад паёми умед ва эътимод ба фардои осоиштаи мо мебошад.
Маънии аосии ин ташаббус дар худи унвони он таҷассум ёфтааст – «ба хотири наслҳои оянда». Яъне, имрӯз мо бояд чунин ҷомеаро бунёд кунем, ки фарзандону ҷавонони фардо дар фазои сулҳу субот, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд.
Умеди сулҳ барои миллионҳо кӯдаки сайёра
- Информация о материале
- Просмотров: 87
Ин манзараи ҳузнангез бояд тамоми аҳли башар, хоса, сарони кишварҳои пуриқтидори ҷаҳонро ба фикру андеша барад. Тибқи гузориши нави Хазинаи СММ оид ба дастгирии таҳсил дар шароити низоъву буҳронҳо, ноамнӣ ва вазъи зудтағйирёбанда дар саросари дунё ба таҳсили 258 миллион кӯдак ва навраси синни мактабӣ таъсири манфӣ расонид. Имрӯз 93 миллион нафари онҳо комилан аз имкони рафтан ба мактаб маҳруманд. Дар баробари ин, қариб 80 дарсади ҳамаи кӯдакон, ки бинобар низоъҳо ва бӯҳронҳо ба мактаб намераванд, танҳо дар 20 кишваре зиндагӣ мекунанд, ки вазъият дар он ҷо вазнин арзёбӣ мешавад.
Хушбахтона, имрӯз ҳар кӯдаку навраси синни мактабӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити хубу созгори таҳсилро дорнад. Ба онҳо ин неъмат бо роҳи сулҳу ваҳдат, ки дар кишвар пойдор аст, насиб шудааст.
Сулҳ барои насли фардо
- Информация о материале
- Просмотров: 88
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 20127 - 2036” дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ мо, кулли сокинони вилоятро шоду масрур гардонд.
Қабул гардидани ин паёми шодбошӣ хосатан барои мо, шаҳрвандони Тоҷикистон мақоми хоса дорад, зеро дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар халқи тоҷик дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ хеле азият кашида, ҳазорҳо оилаҳо, нафарони алоҳида бар худ тавқи гурезаро гирифтанд, ки он хеле аламовар буд, яъне онон тарки Ватан кардаву маскуни мулки бегона гардиданд. Деҳаҳо ба харобазор бадал гардиду мутахассисони варзида тарки зодгоҳ намуданд.
Страница 12 из 48







