Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Данғара боздид намуданд
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни паррандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани ҳайвоноти нодир, бахусус парандагон қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари паррандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро дар Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба истифода доданд
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд.
Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти “сементал”, 90 сар зоти “шведӣ”, 110 сар “сиёҳалои тоҷикӣ” ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» боздид карданд
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро ифтитоҳ намуда, ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
Иншоот дар масоҳати умумии 0,60 гектарбунёд гардида, аз комплекси маҷмуавии истироҳатию варзишӣ ва биноҳои муосири савдою хизматрасонӣ иборат мебошад ва барои саёҳату истироҳати сокинон, машғулияти ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш макони беҳтарини фароғат маҳсуб меёбад.
Матолиби бештар...
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»
- Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи соҳаи тандурустӣ ва корҳои азнавсозию бунёдкорӣ дар соҳа
- Хуҷанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода камбизоатонро аёдат намуд
- Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд