Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат
30 декабри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ бо собиқадорон ва шахсиятҳои барӯманди арсаи меҳнат мулоқот намуд.
Раиси вилоят нахуст собиқадорони меҳнатро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, илова намуд, ки дар соли 2024 ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Эрл Картер боиси андуҳи мо гардид.
Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар дохили кишвар соҳиби иззату эҳтироми хосса гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обрӯву эътибори баланд дошт.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон Муҳаммад Асим Маликро ба ҳузур пазируфтанд
Имрӯз дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон Муҳаммад Асим Маликро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ҳалли дигар масоили мубрами ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари робитаҳои сиёсии тарафҳо, сатҳи бовариву эътимод миёни ду давлатро баланд арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи Президент, муовини Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Корея Чҳве Сан Мок барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи Президент, муовини Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Корея муҳтарам Чҳве Сан Мок барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам ҷаноби Чҳве Сан Мок,
Хабари фоҷеабори садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар фурӯдгоҳи шаҳри Муани Ҷумҳурии Корея, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андӯҳгин кард.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
Барои афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон дастархони идона ороста шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, афсарону сарбозонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд.
Зимни мулоқот бо афсарону сарбозон роҳбари вилоят иброз дошт, ки дар қисмҳои ҳарбии кишвар тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъ қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид дар қисмҳои низомӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
ЛАҲЗАҲО АЗ ҲАЁТИ СУҒДЗАМИН
СОБИҚАДОРОНИ МО
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
12-уми апрели соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи олими номии дини мубини Ислом, Қорӣ Абдулмаҷиди Соатсоз таваллуд шудааст.